Categories Uncategorized

Муҳоҷирони корӣ аз фанни таърих имтиҳон месупоранд

Намояндагони Думаи Русия ба парлумон лоиҳаи қонунеро пешниҳод карданд, ки бар асоси он муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русияро лозим меояд, то аз таърих ва қонунгузории ин кишвар имтиҳон супоранд.

Бахши тоҷикии расонаи хабарии Бӣ-Бӣ-Сӣ дар ин бора навиштааст, ки имтиҳонҳои мазкур барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба хотири дарёфти раводид ё худ визаи корӣ ва ҳаққи истиқомат лозим мебошад.

Инчунин манбаъ афзуда, ки ҳатто шаҳрвандони давлатҳои бо Русия муқаррароти раводид надоштаро лозим меояд, барои дарёфти иҷозаи кор дар кишвари мазкур ин имтиҳонҳоро бисупоранд.

Бояд гуфт, қарор аст аввалин баррасии ин лоиҳаи қонун дар моҳи ноябри соли ҷорӣ сурат бигирад.

Муаллифони ин тарҳи қонун Владимир Плигин ва Дмитрий Вяткин мегӯянд варзишгарон, ҳунармандон ва “топменеҷерҳоеро”, ки дар иқтисоди Русия сармоягузорӣ мекунанд, метавонанд аз муқаррароти қонуни мазкур истисно бошанд.

Коршиносони тоҷик аз он нигаронанд, ки бо қабул гардидани қонуни мазкур вазъи як миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия вазнинтар хоҳад шуд.

Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари созмони ҷамъиятии « Переспектива+» дар бораи ин ки ҷониби Тоҷикистон барои муҳоҷирони худ дар ин бора коре карда метавонад, чунин ибрози назар кардааст: «Мутаассифона, давлати Тоҷикистон низ дар ин робита коре аз дасташ намеояд».

Номбурда афзудааст: “Ҳукумати Раҳмон метавонист ҳар кореро ки мехост, пеш аз имзои мувофиқатнома дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии Русия анҷом бидиҳад. Акнун фикр намекунам, ки коре шавад анҷом дод”.

More From Author

You May Also Like