Categories Ахбори рӯз

Дархости мусалмонони Куриёи Ҷанубӣ

Федератсиюни мусалмонони Куриёи Ҷанубӣ рӯзи чаҳоршанбе аз гурӯҳи занонаи рокхоне дар ин кишвар талаб намудааст, то барои истифодаи ояҳои Қуръони карим дар сурудаш маъзаратхоҳӣ намояд, навиштааст «World Bullеtin».
Гурӯҳи «2NE1» суруде сабт намуда, вориди интернет кардааст, ки дар он дар шакли матн оёте аз Қуръони карим истифода мешаванд. Мусалмонони Корея таҳқиқ кардаанд, ки оёти мазкур ояҳои 32-34-и сураи 78-уми Қуръон мебошанд.
Дар дархости Федератсиюни Куриёи Ҷанбӣ омадааст, ба ҷуз аз ибодат ва зикри Худо истифодаи ояҳои Қуръон бо дигар ҳадаф таҳқир аст.
Зимнан ширкати «YG Entеrtainmеnt», ки тавлидкунандаи суруд аст, гуфтааст, аллакай тасмим шудааст, то ояҳои Қуръон аз суруд ҳазф гарданд.
Бояд гуфт, тибқи маълумоти интрентӣ, феълан ҷомеаи Курёи Ҷанубӣ дорои ҳудуди 40 ҳазор мусалмон мебошад, ки онҳо аз Осиё, Осиёси ҷанубу шарқӣ ба ин кишвар ҳиҷрат кардаанд ва бо куриёгиҳои таҳҷоие, ки Исломро пазируфтаанд, дар умум, ҳудуди 40 ҳазор мусалмонро дар бар мегиранд.

More From Author

You May Also Like