М.Файзмуҳаммад: “Рӯзаи моҳи Шаввол амри мустаҳаб аст”

Моҳи шарифи Рамазони имсоларо мусалмонон бо шодӣ истиқбол ва гусел карданд ва ҳоло дар моҳи Шаввол қарор дорем. Иддае аз мардум барои дарёфти савоб дар ин моҳ низ рӯза мегиранд ва ҳоло суҳбати мо бо раиси Комиссияи тафтишоти ҲНИТ Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад дар мавриди хайрбод гуфтан бо моҳи шарифи Рамазон ва фазилатҳои рӯзадорӣ дар моҳи Шаввол аст. Суоли аввали мо ин аст: Рамазон моро падруд гуфт ва тавре дар афкори ҷомеаи мусалмонӣ маъмул аст, инсон бояд аз рафтани моҳи Рамазон ғамнок бошад. Ин ҷо чӣ ҳикмате ниҳон аст?

– Бисмиллоҳир рамҳмонир раҳим, алҳамдулиллоҳи Раббил оламин вал оқибату лиаҳли тақво вал яқин. Ассалоту вассалому аъло ашрафил анбиёи вал мурсалин, Муҳаммадинил Мустафо (с).
Воқеан, инсони муъмин бо омадани моҳи мубораки Рамазон хушҳол мешавад, ки моҳи файзу баракат ва тоату ибодат аст, вммо бо шунидани “алвидоъ ё шаҳрул Рамазон” ғамнок мегардад, монанди оне, ки бо хайрбод гуфтан бо дӯсти асил ғамнок мешавӣ, ҳамон тавр бояд ғамнок гардид.
Дар моҳи Рамазон мо баҳраҳову манфиатҳои зиёд бардоштем. Манфиатҳоямон ҳамин аст, ки намози нофила баробари намозҳои фарз ва намози фарзӣ баробари 70 намози ғайрирамазонист. Дигар аъмоли хайрамон аз 10 то 700 савоб ва бештар аз онро дар худ дорад.
Воқеан, фарде, ки дар ин моҳ аҷри зиёд мегираду айёми рамазониро фурсат медонад, пас ғамгин мешавад, зеро ин ҳама имкониятҳо боз соли оянда мерасад, вале то соли оянда оё дар ҳаёт ҳастем ё не?!
Аммо ғамгин гаштани инсон бо рафтани моҳи шарифи Рамазон ҳикмате ҳам дорад. Расули акрам (с) дар як ҳадиси муборакашон дар бобати видоъ бо Рамазон мефармояд, ҳар касе бо омадани Рамазон хушҳол мегардад ва бо рафтанаш ғамнок, пас Худованд ҷасадашро дар оташи дӯзах ҳаром мегардонад.

-Баъди моҳи шарифи Рамазон иддае аз мусалмонон дар моҳи Шаввол, яъне моҳи баъди Рамазон ҳам рӯза медоранд ва инро ҳам як гуна рӯзаи хос шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Пас нафаре, ки дар моҳи Шаввол рӯза медорад, чӣ савобе ҳосил мекунад?
– Ҳазрати Расулуллоҳ (с) рӯза доштан дар моҳи Шавволро василае барои гирифтани савоби як соли рӯзадорӣ гуфтааст. Оид ба гуфтаҳо ҳадисеро ёдрас мешавем, ки аз он Ҳазрат (с): “Ҳар нафаре, ки баъди моҳи Рамазон 6 рӯзи моҳи Шавволро рӯза мегирад, савобаш мисле онест, ки тамоми сол рӯза гирифтааст”.
Албатта, ҳар нафаре, ки рӯза медорад, вобаста аз қасду ихлос ва талабаш савоби муайянеро дарёфт мекунад. Тибқи ваъдаи Паёмбари акрам (с) бо гирифтани рӯзаи моҳи Рамазон ва 6 рӯз аз моҳи Шаввол, ҳосилаш савоби яксолам рӯзадорист. Ин маънои онро дорад, ки агар инсон дар моҳи Рамазон рӯза бигирад ва баъди ин моҳ боз 6 рӯзи дигар, пас дар тамоми сол рӯзадор ба шумор меравад ва ин савоби хеле зиёд аст барои шахси мусалмон.
Бояд қайд кард, ки ҳамаи аъмол аз ният вобастагӣ дорад ва ё савоб вобаста ба ният ҳосил мешавад. Ба монанди нафаре, ки бо азобу машаққат санги бузургеро дар мобайни роҳ мемонад, то мардум аз он санг азият кашанд. Ҳамзамон нафари дигар бо ҳамон азобу машаққат он санги бузургро аз роҳ ба канор тела медиҳад, то мардум осуда равуо дошта бошанд.
Бубинед, яке нияти зарар расонидан дошт ва дигарӣ қасди дур кардани зиёни санг аз мардум буд. Пас кадоме савоб мегираду кадоме гуноҳ? Дар ҳоле ки ҳар ду як тарз заҳмат кашидаанд, аммо бо ниятҳои гуногун, зеро набояд фаромӯш кард, ки кори дарёфти савоб ҳам танҳо ба хотири Худованд бошад, на ба хотири кадом сарватманде. Аз ин хотир, агар бо ихлоси воло 6 рӯзи моҳи Шавволро бо рӯза гузаронем, иншоаллоҳ, савоби як соли рӯзадориро мегирем ва Худованди мутаол саҳву хатоҳои моро афв хоҳад кард.

-Ин шаш рӯзи рӯзадорӣ бояд муттасил баъд аз Рамазон бошад ё метавон дар тӯли моҳ ин миқдоре аз рӯзҳои моҳи Шавволро рӯза дошт?
– Манзур аз 6 рӯзи моҳи Шаввол, 6 рӯзи аввали моҳ ва он ҳатмӣ нест, зеро рӯза доштан дар ин моҳ ҳатмӣ набуда, он на фарз асту на воҷиб, ки ҳатмӣ бошад. Рӯзаи моҳи Шаввол амри мустаҳаб аст, ки мувофиқи ҳадис бо гирифтанаш савоб ва бо нагирифтанаш инсон гунаҳкор намешавад.
Дар тӯли моҳи Шаввол метавон ҳар рӯзеро интихоб кард ва рӯза гирифт. Шояд нафароне, ки 6 рӯзи алоҳида рӯза гирифтан мехоҳанд, пас рӯзҳои душанбе ва панҷшанберо агар интихоб кунанд, афзал дорад, зеро Расули Худо (с) рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе рӯза мегирифтанд. Нафари хоҳишманд боз ҳам хубтар мешавад, агар як рӯз рӯза гирад ва як рӯз ифтор кунад, то даме, ки 6 рӯзи қасдаш анҷом бигирад.

– Моҳи Шавволро тайёрӣ ба Ҳаҷ мегӯянд ё се моҳи баъди Рамазонро моҳҳои Ҳаҷ -меноманд, ин ҷо чӣ ҳикмат ниҳлн аст?
– Моҳҳои Шаввол, Зулқаъда ва даҳ рӯзи Зулҳиҷҷа моҳҳои Ҳаҷ ба шумор мераванд, яъне ду моҳу даҳ рӯзи қабл аз Ҳаҷ. Албатта, омодагӣ ба сафари Ҳаҷ ва таълимоту омӯзиши раванди Ҳаҷ барвақттар бояд шурӯъ шавад, зеро Ҳаҷ намудан анҷом додани як рукни Ислом аст ва бояд омодагии ҷиддӣ сурат бигирад. Аркону воҷибот ва дигар шартҳои адо намудани Ҳаҷро бояд омӯхт, ки ин ҳама омӯзишҳо вақти зиёд талаб мекунанд.
Бубинед, аксари зоирин барои адои Ҳаҷ сафар мекунанд ба Маккаи мукаррама, вале вақте таълимоте аз ҷузъиёт ва назокатҳои Ҳаҷ надоранд, назди кондисионерҳо нишаста, ба анҷоми шартҳои Ҳаҷ таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Дар ҳоле ки вақти назди кондисионер нишастану роҳат кардан нест, фурсати ба даст овардани савоб аст.
Онҳое, ки аз моҳи Рамазон қарздоранд, чӣ гуна бояд дар моҳи Шаввол рӯза бидоранд?
Агар нафаре аз моҳи Рамазон қарздор бошад, беҳтар он аст, ки қарзи фарзии худро адо намояд ва баъдан 6 рӯз аз моҳи Шавволро ният кунад.

– Устод, ин ҷо мехостем ба масъалаи баҳсии дигаре ҳам рушанӣ андозед. Оё издивоҷ ё никоҳ дар байни ду ид иҷоза нест?
– Дар баъзе манотиқи кишвар фикрҳои беасосе, мисли оне, ки гӯё миёни ду ид, манзур иди Фитр (Рамазон) ва иди Азҳо (Қурбон), никоҳ кардан дуруст нест, ҷой дорад. Албатта, ин суханон асл надоранд. Бояд зикр кард, ки никоҳи ҳазрати Оиша (р) дар моҳи Шаввол сурат гирифтааст ва ин далел басандааст барои ин фикрҳои пучу хурофотӣ.
Дар ин ҷо як нозукие ҳаст, ки рӯзи ҷумъа агар дар рӯзи ид рост биояд, дар он сурат никоҳ дар байни ду намоз: – намози ид ва намози ҷумъа иҷозат нест, зеро мардум омодагӣ ба намози ҷумъа мегиранд ва он ҳам танҳо чанд соат вақтро мегирад. Пас аз гузоридани намози ҷумъа никоҳ дуруст ва ҷоиз аст.

– Оё нафари рӯзадор дар моҳи Шаввол дар меҳмонӣ ва даъватҳо ифтор карда метавонад?
– Албатта, дар сурати ба ягон ҷо ба меҳмонӣ рафтан ва ё меҳмонеро дар хонаи худ қабул намудан, ифтор намудани рӯзаи моҳи Шаввол иҷозат аст, ба шарте, ки як рӯзи дигар дар ҷояш рӯза бигирад.

– Ташаккур барои суҳбати самимӣ.

More From Author

You May Also Like