Абдусамади Раҳмон
nahzat.tj
Имрӯз, 4 октябр соати 11:00 дар толори маркази матбуотии ҷумҳуриявии «Иттилоот ва муошират» (ш. Душанбе, х. Рудакӣ 40, ошёнаи 2, бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ) брифинг барои намояндагони васоити ахбори омма оид ба сафари расмии Президенти Федератсия Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
Барои иштирок дар брифинг намояндагони ВАО, ки қаблан дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инъикоси сафари расмии Президенти Русия сабти ном шуда буданд, даъват карда мешаванд.