М. Кабирӣ дар ҷаласаи РО ҲНИТ: «Миллати мо аз ду мушкилии асосӣ азият кашидааст»

Ҷаласаи изтирории Раёсати олии ҲНИТ имрӯз 8- уми марти 2012 бо суханони раиси ҷаласа Муҳиддин Кабирӣ (роҳбари ҲНИТ) шурӯъ шуд:

«Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон. Мӯҳтарам аъзои Раёсати Олӣ! Ҷаласаи мо дар лаҳзаҳои хеле ҳассоси кишвар ва миллат баргузор мегардад ва роҳбарияти ҳизб зарур донист, ки барои баҳои воқеъӣ додан ба равандҳо ва мушаххас намудани мавқеъи ҳизб ин ҷаласа баргузор гардад. Рӯзномаи ҷаласа аз қабл барои тамоми аъзо тақсим шуда буд ва умед дорем,якояки шумо барои пешниҳод намудани фикру андешаҳои худ дар атрофи масъалаи баррасишаванда омодагӣ дидаед.»

Ӯ афзуд: «Қабл аз шурӯъи баррасӣ мехостам таваҷҷӯҳи шуморо ба чанд масъала ҷалб намоям. Пеш аз ҳама, набояд фаромӯш кард, ки миллати мо тӯли таърих доимо аз ду мушкилии асосӣ азият кашидааст. Мушкилии аввал, ин фитнаву дассисаи бегонагон ва талошҳои пайваста барои заъифу пароканда намудани ин миллат мебошад, ки садсолаҳо боз дучори он ҳастем. Мушкили дуввум, рафтор ва амалҳои огоҳона ва ноогоҳонаи иддае аз фарзандони худи миллат мебошад, ки боз ҳам тӯли асрҳо ба хотири мақому мансаб ва манфиатҳои маҳдуди муваққатӣ аз бародарони ҳамхуну ҳамватани хеш ҳамвора душман тарошидаанд ва бо ин амали худ осебпазирии миллатро дар баробари бегонагон ва мушкилиҳо бештар гардонидаанд. Агар гоҳо яке аз ин мушкилиҳо ба танҳоӣ ба амал ояд, мутаассифона, имрӯз ин ду хатар бо ҳам якҷоя болои миллат овезон аст. Мо ин ҷо ҷамъ омадаем, ки қадри имкон хатари ин ду омили миллаткушро хунсо намоем ё ҳадди ақал худ ба василаи амалӣ кардани нақшаҳои хабис алайҳи миллат ва ҳизб табдил нашавем.»

Ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ дар идомаи суҳбаташ таъкид кард: «Наҳзат рӯзҳои аз ин ҳам душворро паси сар кардааст ва мутмаинам, ки ин марҳаларо низ бо беҳтарин васила сипарӣ хоҳем кард. Муболаға нахоҳад буд, агар бигӯям, ки тасмимҳои мову шумо дар ин ҷаласа ба вазъи кишвар ва ҳизб таъсири зиёд хоҳад дошт ва мо бояд масоилро як каме васеътар ва амиқтар баррасӣ намоем. Мо бояд комилан хунсард ва ҳамзамон бо камоли масъулияту қотеъият бо ин вазъ муносибат намоем. Камтарин эҳсосот ҳам ба тасмимҳои мо таъсир мерасонад ва ҳам ба вазъи кишвару миллат.»

Дар охири суҳбаташ, Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт: «Бовар дорам, барои шумо, бародарону хоҳарон, ҳангоми масъалагузорӣ, баррасӣ, пешниҳодҳо ва раъйдиҳӣ пеш аз ҳама ризои Худованд, манфиатҳои миллату кишвар, ҳимояи ҳуқуқ, аҳдоф ва ормонҳои даҳҳо ҳазор аъзову ҷонибдорони ҳизб меъёр хоҳад буд. Аз Худованд ба якояки шумо ва ҷаласаи РО барори корро таманно дорам ва бо иҷозати аъзо кори ҷаласаро оғоз намоем».

Ҷаласаи РО ҲНИТ то ҳанӯз (14:57) идома дорад ва пас аз анҷоми ҷаласа фишурдаи онро пешкаши Шумо хоҳем кард.

More From Author

You May Also Like