Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Қиёмиддин Авазов, раиси созмони ҲНИТ дар шаҳри Душанбе, узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии ҲНИТ ва номзад ба мақоми вакилӣ дар Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи якмандатии № 32- Вахш ва низ тавассути феҳристи ҳизбӣ дар ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ таҳти №12.
Тоҷикистон дар як марҳалаи ҳассос–маъракаи интихоботи парламентӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон қарор дорад. Табиист, ки дар як чунин мақтаъи замонӣ, “боду ҳаво” ва фазову иқлими кишвар ва билхосса пойтахт гарму доғ мешавад.Созмони шаҳрӣ ҳоло, дар ин марҳила ба чӣ корҳо машғул ва “банд” ҳаст?
-Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.
Бале, имрӯз Тоҷикистони азизи мо дар як марҳилаи барои миллат ва давлат хеле зарур ва муҳим қарор дорад. Ва ба хусус пойтахти кишвар. Мусалламан, пойтахт аз дигар навоҳӣ, шаҳр ва вилоёт фарқ хоҳад дошт ва ин як амри воқеӣ ва табиӣ ҳам ҳаст. Дар ҳама гӯшаву канори дунё ҳам дар чунин маъракаҳои сиёсӣ муҳит ва иқлим ва фазову ҳавои пойтахт бештар доғ ва пурмашғала мешавад. Имрӯз шӯъбаи ҲНИТ дар Душанбе, ки банда онро роҳбарӣ дорам дорои чор бахши ноҳиявии ҳизб ноҳияҳои Сино, Сомонӣ ва Шоҳмансуру Фирдавсӣ мебошад. Мо якҷоя бо ҳам ҷиҳати беҳтар ва муфидтар доир ва ҷамъбаст намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ омодагӣ дида истодаем.
Ин омодагиҳо, кигуфтед, азчиҳоиборатанд?
– Мо қаблан ҳам омодагиҳо доштем, аммо имрӯз, ки дигар вориди марҳалаи семоҳаи интихоботӣ шудаем суръати кор тундтар шуда истодааст. Бештар барои ба қайд гирифтани номзадҳои эҳтимолӣ ҳам ба Маҷлиси намояндагон ва ҳам ба маҷолиси маҳаллӣ саъю талош дорем. Интихоби номзадҳои шоиста ва сазовор ба Маҷлиси намояндагон ва шаҳриву ноҳиявӣ, ки битавонад фардо дар курсӣ нишаста мавқеи ҳизб ва низ талабу дархости раъйдиҳандаро ба ниҳодҳои зидахл бирасонад ва аз пайи посухи он низ бошад. Яъне саъйи мо ин аст ки ба таъбири шоир, намояндаҳои мо, фиристодаҳои мо ҳамаҷиҳата шоистаи курсии вакилӣ бошанд:
Фиристода бояд, ки доно бувад,
Ба гуфтан далеру тавоно бувад.
Ва ин ҷо як нуктаро метавон зикр кард, ки мусаббаби сертараддуд ва серкор шудани мо шудааст. Ин ҳам бошад ҳамроҳ шудани интихоби номзадҳо барои намояндагӣ дар ҷаласоти ҷамоат ё маҷлисҳои маҳаллӣ дар қаламрави шаҳр мебошад. Барои ин маҷлис низ номзадҳои эҳтимолиро омода кардем. Ташкили маҷлисҳои ҷамоатӣ ва интихоби намоянда ба он дар интихоботи феълӣ роҳандозӣ шуд, ки пештар набуд. Дар интихоботи қаблӣ каме дертар эъломи ташкили чунин ҷаласаро карданд, ки мо расида натавонистем, то ки касеро пешниҳод кунем ва ҳамин тавршуд, ки бидуни ширкати ҲНИ баргузор шавад, аммо иншоаллоҳ, имсол мо омода ҳастем.
Бубинед, ба ғайр аз ҲНИТ боз ҳафт ҳизби дигар вориди рақобат мешаванд. Кадоме аз онҳоро дар ин интихобот рақиби ҲНИ мешуморед ?
– Ҳоло ҳолу ҳавои интихоботӣ хеле пурҷӯшу хурӯш аст ва бо наздик шудан ба 1 март, ки рӯзи хатми кораст фазо беш аз пеш доғтар мешавад. Бале, ин ҳашт ҳизб, ки расман сабти ном шудаанд дар такопӯ ҳастанд. Ҳар кадоме аз онҳо бо умед ва ниятҳои зиёд вориди корзори интихоботӣ шудаанд. Ва ҲНИТ ҳам сар карда аз сатҳҳои поинӣ то роҳбарият дар талошу такопӯст. Аммо ягона ҳизберо, ки мо ҳамчун рақиб мешиносем ва дар сатҳи худ меҳисобем ин ҳизби ҳоким–ҲХДТ аст, ки онҳо 27 нафарро дар рӯйхати умумиҳизбӣ пешниҳод карданд, ҳамон гуна, ки мо низ аз рӯйхати ҳизбӣ 27 нафарро тақдим кардаем. Вале барои ҳамагон аз коршиносу таҳлилгар гирифта то раъйдиҳандаи оддӣ медонанд, ки ҲХДТ дар асл ҳукумат аст ва аз захоири маъмурӣ бемайлон истифода мебарад. Агар рақобат ва мубориза дар доираи имконот ва зарфиятҳои сирф ҳизбӣ доир шавад, ман бо итминони қавӣ изҳор медорам, ки ҲНИ дар муқобили худ нерӯи дигари сиёсиро намебинад, ки битавонад истодагарӣ кунад. Бо ин вуҷуд, ман барои ҳамаи онҳо шарокати мунсифона ва холис, ба хусус ба ҲХДТ-ро таманно дорам.
Аз шаҳри Душанбе тариқи феҳристи ҳизбӣ чанд нафар ба вакилӣ пешниҳод шуданд?
– Хушбахтона, метавон гуфт, ки дар рӯихати ҳизбӣ аз шаҳри Душанбе 16 нафар номзад пешбарӣ шудааст, ки ҳар кадоми он дар ташкилотҳои ибтидоии бахшҳои ноҳиявӣ ба қайд гирифта шудааст. Инчунин мавриди зикр аст, ки дар чаҳор ноҳияи пойтахт низ довталабони курсии вакилӣ ҳамчун номзади якмандатӣ аз шуъбаи шаҳрӣ пешбарӣ гардидааст, ки 3 нафари онҳоро зан ва як нафари дигарашонро мард ташкил медиҳад.
Фикр мекунед, шонси ҲНИТдарДушанбе барои пирӯзӣ то чӣ ҳад аст?
– Он чизе ки мо интизор ҳастем, чӣ дар маҷлисҳои маҳаллӣ ва чӣ дар Маҷлиси намояндагон, бо вуҷуди фишорҳое, ки болои ҳизб ва масъулини он ба назар мерасад ва тибқи сӯҳбатҳое, ки бо мардум мегузаронем, бовар дорем, ки дар ин интихобот бештар аз панҷоҳ дарсад раъйи мардумро соҳиб мешавем. Аммо мутаассифона, толеъи бад ва пешонии шӯри мардуми мост, ки баъди касби истиқлол низ интихобот дар кишвари азизи мо шаффофу озод ҷамъбаст ва натиҷагирӣ намешавад. Раъйи мардум, ки ба ҲНИТ дода мешавад, ба сирқат меравад. Ҳарчанд замонат ва кафолати шаффофияти интихоботро худи роҳбарияти кишвармедиҳанд, аммо ин ваъда дар ҳаво муаллақ мемонад. Чун соли 2010 низ ҳамин гуна кафолату замонати шаффофу бетақаллуб гузаштани интихобот дода шуда буд, шунавида будем. Вале агар ин навбат сари аҳди худ вафо кунанд ва кафолати эъломшуда риоя карда шавад, мутмаин бошед, ки мо чӣ дар маҷлисҳои маҳаллӣ ва чӣ дар Маҷлиси намояндагон курсиҳои бештареро соҳиб хоҳем шуд. Албатта, ин таваққӯъи мо бештар вобаста ба шаффофияти интихобот аст.
Барои ширкати муассир ва самарбахши номзадҳои курсии вакилӣ маблағи зиёде лозим аст. Оё ҲНИТчунин имкониятро дорад, ки барои ҳамаи кондитҳояш сарф кунад?
– Бубинед, ҷанбаи молӣ дар ҳама кор хоҳ кӯчак хоҳ бузург зарур ва ҳатмӣ аст. Чӣ расад чунин як чорабинии васеъе, ки сар то сари кишварро фаро гирифта саъю талошҳо мехоҳад. Мо ҳамеша талош мекунем, ки чорабиниҳои худро бо маблағи кам вале бо сифати хуб баргузор намоем. Дар ин чорабинӣ низ саъй мекунем, ки ин роҳро пеш гирифта аз ҳисоби аъзоҳаққӣ ва хайрияҳое, ки ба ҳизб ворид мешаванд истифода намуда, онро дар як шакли хуб ва таъсирбахш ташкил намоем. Вале набояд фаромӯш кард, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ва чунин чорабиниҳои фарогири сиёсию фарҳангӣ мо тибқи ойинномаи ҳизб ҳаққи талаб кардани кӯмаки як дафъаинаро аз аъзо ва ҷонибдорони худ дорем. Ин корро мо тибқи қарори Раёсати шӯъба ба роҳ монда, аз аъзову мухлисонамон дархост кардаем, ки мувофиқи имконот ва тавоноие, ки доранд, дар чунин марҳалаҳои муҳим ва нангу номус моро дастгирӣ намоянд. Аммо кифоя мекунад ё хайр, инро раванди интихобот нишон хоҳад дод. Такяи мо аввал ба Худованд ҳасту баъд ба мардум. Илова бар ин мо нафарҳоеро аз аъзои ҳизб ва муҳиббону мухлисони он дорем, ки бидуни ягон муқобала ва тамаъе худ ва фарзандонашон омодаи кӯмак ба ин ҳизб мебошанд.
Дар интихоботи 2010 ҲНИТ бо як омодагии ҷолибу ҷаззоб вориди рақобати интихоботӣ шуда буд, оё ин навбат низ бо кадом усули тозае вориди интихобот хоҳад шуд? Манзурам таблиғу ташвиқ, шиорҳову тарзи ҷалби мардум ба онҳо ва ғайр
. – Воқеан ҳам соли 2010 ҲНИТ бо ширкати ғайримунтазира, густарда ва бо навовариҳову навгониҳои худ на танҳо ҳукумат ва мақомҳои мухталифи онро, балки тамоми мардуми Тоҷикистонро дар ҳайрат гузошта буд. Он саъю талоше, ки ҳизб дошт, ба хусус ҷавононе, ки он давра бо номи “Дастёрони наҳзат”ба ҳизб пайваста буданд, воқеан ҳам таваҷҷӯҳи тамоми ҷомеаро ба хусус сокинони пойтахтро ба худ ҷалб карда, фаъолияти назаррас ва густарда доштанд. Мо дар он давра ба фаъолияти шабонарӯзӣ гузашта будем, албатта, бо як шавқу иштиёқи хос ва бо илҳом аз ваъдаи баргузории интихоботи шаффоф, ки ҷаноби Президент дода буданд. Интихоботҳои имсоларо ҳам бо вуҷуди фишору монеаҳое, ки ҳаст, иншоаллоҳ кӯшиш хоҳем кард, ки бо роҳу шеваҳои нав ва истифода аз шаклу усулҳои истифодашудаи соли 2010, онро хубтару беҳтар баргузор намоем.
Ба маҷлисҳои маҳаллӣ, ки пештар зикр кардем ва навоҳиву шаҳр чи қадар номзад пешниҳод кардед?
– Бояд қайд кунам, ки дар шаҳри Душанбе 70 ҳавза оид ба интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва 147 ҳавзаи ноҳиявӣ барои маҷолиси ноҳиявӣ ташкил шудааст.
Ҳамон гуна ки қаблан зикр кардам, дар сатҳи маҳал, яъне дар маҷлисҳои шаҳрию ноҳиявӣ низ, мо интихоботро ҷиддӣ гирифтаем. Аммо мутаассифона чи тавре ки шумо огоҳ ва шоҳиди ҳол ҳастед, таъқибу тавҳин ва таҳқиру фишор болои ҳизб ва масъулини он дар ин авохир аз ҷониби бархе аз мақомоти алоҳида хеле зиёд шудааст ва ин раванди бадфарҷоми кинаварона ба афрод бетаъсир намемонад. Вале дар баробари ин ҳама тазйиқу фишор ва монеагузориҳои сохтаи ин ё он ниҳод мо муваффақ шудем, ки 59 нафар номзадро дар ҳавзаҳои шаҳрӣ ва 65 нафарро дар ҳавзаҳои ноҳиявӣ ба қайд гиранд, ки ин дар умум зиёда аз 50 дарсадро дарбар мегирад. Шумо дар рӯйхати ҳизбӣ дар ҷои чандум қарор доред ва оё номзадии худро аз ягон ҳавзаи якмандатӣ пешбарӣ кардаед? Бале, банда низ яке аз муддаиҳои курсии порлумонӣ ҳастам ва тибқи феҳристи ҳизбӣ таҳти шумораи 12 қарордорам. Дар баробари ин номзадии худро аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Вахш №32 ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони МОҶТ аз тарафи ҲНИТ пешбарӣ намудам.
Чуноне ки маълум аст, барои баъзе аз номзадҳо бахусус номзадҳои якмандатии минтақаи Қурғонтеппа, ки шумо низ яке аз онҳо мебошед, барои ба ргузории Конфронси пешбарии номзадҳо аз тарафи мақомоти ноҳияҳо толор ҷудо карда нашуд. Дар ин хусус чизе гуфтани ҳастед?
-Чӣ гӯям? Воқеан, ман хеле мутаассифам, аз чунин ранг гирифтани вазъият чӣ дар ноҳияи Вахш ва чӣ дар боқӣ навоҳии кишвар, ки чунин сарнавишт доштанд. Таассуф аз он мехӯрам, ки то ҳол маъно ва мафҳуми сулҳу ваҳдатро дарк накардаанд. Таассуф аз он мехӯрам, ки аз қонунҳои қабулкардаи худ сарпечӣ мекунанд. Таассуф аз он мехӯрам, ки гуфтаҳои сарвари давлатро нодида гирифта, хилофи он амал мекунанд. Таассуф аз он мехӯрам, ки он ҳама принсипҳое, ки дар моддаи 1 ва 100 – и “бахтномаи миллат”Сарқонуни кишвар аст, ҳамарӯза зери по мешаванд. Ин ҷо шикоят аз кӣ кунам вақте мегӯянд дастур аз боло аст. Пас, ман ҳам ҳаволаи болоро ба боло мегузорам, бигзор худаш чораашонро бубинанд. Аммо ҳаминро қайд карданиям, ки нагузорем дигарон ба ҳоли мо Тоҷикистону тоҷикистониён биханданд. Агар чи толор ҷудо накарданашон хуб нашуд, вале Худоро шукр мекунам, ки аз он чизе ки таваққӯъ доштаму интизор будам бештар реклама шудам. Зеро аз соати 8 субҳ то 14 нисфирӯз ҳама вакилон ва меҳмонони Конфронс бо рамзи интихоботии ҳизб дар кӯчаю роҳравҳои маркази ноҳия гаштугузор намудем, ки ин таваҷҷӯҳи мардумро ба мо бештар кард. Ҳатто бархе аз онҳо аз рамзи интихоботии мо, ки болои китфҳоямон овезон буд, пурсон мешуданд.
Шумо аз кай боз раисии шӯъбаи ҲНИТ–ро ба ӯҳда доред? Муносибати мақомот бо шӯъбаи шумо дар ш. Душанбе чи тавр аст? Масалан ба чорабиниҳою ҷаласаҳои ҳукумати шаҳр ё ноҳияҳо даъват мешавед?
– Камина ин масъулиятро аз ибтидои соли 2014 бар ӯҳда гирифам. Бале, дар умум мо як навъ робитаи нек ва хубе бо масъулини шаҳри Душанбе дорем.Тӯли ин як соле, ки масъулияти раисии шуъбаи ҲНИТ –ро дар шаҳри Душанбе бар ӯҳда дорам, чандин бор аз тарафи ҳукумати шаҳр даъват шуда, дар як чанд маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва инчунин дар баъзе аз ҷаласаҳои изтирорие, ки ба муносибати омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангие, ки дар маҳдудаи шаҳр баргузор мешаванд, ширкат намудам. Дар сатҳи ноҳияҳо ҳам чунин як ҳамкорӣ дида мешавад, бахусус дар ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсӣ. Аммо гоҳо мешавад, ки бо баъзе назокатҳо бархе аз масъулин ва ё бархе аз мақомот аз доштани робита ва ҳамкорӣ бо мо фосилагирӣ мекунанд. Вале манн мутмаинам, ки ин ҳамкориҳо дар оянда чӣ дар сатҳи шӯъба ва чӣ дар сатҳи ноҳияҳо густарда хоҳанд шуд.
Баъди омадани Шумо ба ин вазифа чӣтағйиротудигаргунӣдаршӯъбаи шаҳрӣрух дод?
– Одатан вақте нафари аввали ин ё он ниҳод иваз мешавад бо омадани нафари нав бояд як тағйироту дигаргуние низ дида шавад. Дигаргунии ҷиддие, ки баъд аз омадани банда рӯх дод ин афзудани шумораи ҷаласаҳо дар тамоми сатҳҳои шуъба ва фаъол гардонидани баъзе ташкилотҳои ибтидоие, ки муддате аз фаъолият бозмонда буданд, мебошад. Вале дар ҷалб ва қабули аъзои ҷадид як каме танқисӣ мекашидем. Зеро вақте банда ба ин масъулият интихоб шудам, фазои шуъбаро фишору монеагузориҳои итихоботи президентии соли 2013 тарк накарда буд. Ин монеаҳо, душвориҳо ва мушкилиҳо як каме боиси коста шудани фаъолиятҳо гардида, се-чор моҳ давом карданд. Ҳатто дар ибтидои раисии банда низ ин шеваи бархурди то андозае хасмона вуҷуд дошт. Кор тарзе ранг гирифт, ки яку якбора мушкилии ҷалби узви нав буруз кард, мушкилие, ки аслан ягон вақт то ин ҳад нарасида буд. Яъне қабл ва баъд аз интихоботи президентӣ фишорҳо ба шиддат ва бо навъҳои мухталиф шурӯъ шуданд. Бахусус татбиқи Протоколи 32- 20, як санади махфии ҳукуматӣ, ки дар матбуот арз кард ва саропо зидди ҲНИТ ва руҳонияти мустақил ва умуман исломи сиёсӣ барнома ва нақшаҳоро поярезӣ карда буд, шадидан монеи фаъолияти мо гардид. Худоро шукр, ки дар чунин фазои хафақон ва муҳити ғуборолуд тавонистем аз ҳолати пастравӣ ва поинойӣ берун бошем ва ҳадди ақал дар ҳолати рукуд-карахтӣ, қарор бигирем. Вале, бо вуҷуди ин ҳама дар дигар самтҳо фаъолият дида мешуд, махсусан дар баргузории ҷаласаҳо ва баргузории баъзе нишастҳои фарҳангӣ ва дарсҳои ақидатию сиёсӣ.
Билохира вазъи қабули аъзои нав дар шӯъба чӣ шуд?
– Алҳамдулиллоҳ, бо кӯмаки Худованд ва сабру истодагарии бародарону хоҳарони ҳизбӣ вазъ дар қабули аъзо низ тағйир ёфт. Яъне омори 6 моҳаи охири соли 2014 нишон дод, ки моҳона қабули аъзои нав ба 10-12 нафарӣ расидааст.
Умуман дар пойтахт чӣқадараъзодоред?
– Дар ҳоли ҳозир 3864 нафар аъзо дорем, ки 2196 нафарашонро занҳо ташкил мекунанд.
Аз инки аксари аъзои шуморо бонувон ташкил медиҳанд, мақомионҳородаршӯъбаишаҳрииш. Душанбечӣгунаарзёбӣмекунед. Дар чӣмақомуҷойгоҳеқарор доранд?
– Мо барои бонувон аҳамияти зиёд қоил ҳастем. Тибқи фармудаҳои Қуръони карим ва аҳодиси Расули акрам (с) бо бонувон-хоҳарону модарон- муносибати хуб дорем. Ҳамкорие, ки мо пешниҳод мекунем, аз ҷумла барои бонувон ихтиёрист. Чӣ дар самти сиёсӣ бошад ва чӣ дар самти фарҳангӣ. Бонувони мо дар навбати худ бо тамоми ақшори ҷомеа, махсусан бо занҳои хонанишин, ки дур аз илму дониш мондаанд, ҳамкорӣ доранд. Бахусус дар самти баланд бар доштани сатҳи маърифатнокии онҳо. Бонувоне, ки дар ҳизб дорем, соҳиби маълумотанд:- маълумоти олии динию дунявӣ. Бархе аз онҳо ҳадди ақал маълумоти миёнаи пурраро доранд, ки ин фаъолияти моро осон мегардонад. Бояд қайд кунам, ки рӯзҳои ахир муроҷиати занҳои маълумотдор низ барои узви ҳизб шудан дида мешавад. Аммо дар чаҳорчӯби стратегияи наве, ки пеш гирифтаем, наметавонем ҳар касе, ки барои узв шудан муроҷиат мекунад, ба таври механикӣ қабул намоем. Ҳоло барои узвияти ҳизбро дарёфт кардан хоҳ мард бошад хоҳ зан мо марҳалаи санҷишӣ, озмоишӣ дорем. Яъне,аввал як муддат нафари хоҳишмандро мавриди санҷиш қарор медиҳем ва баъди он ба узвияти ҲНИТ расман қабул мекунем.
Дар интихоботи имсола шумо аз ҳисоби бонувон ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии пойтахт занонро ҳамчун номзад пешбарӣ кардаед?
– Мо дар ин интихобот нисбат ба интихоботҳои солҳои гузашта номзадии бонувонро бештар матраҳ кардем. Зиёда аз 20 нафар номзадҳои маҳаллии моро занҳо ташкил медиҳанд. Ва дастури шӯъба ба масъуле, ки бо бонувон сарукор дорад ҳам ин буд, ки бештар занҳоро барои номзадӣ пешбарӣ намоед, ҳатто аз ҳисоби бонувони ғайри ҳизбӣ. Яъне, ҳар модар ва ё хоҳаре, ки дар ҳар сатҳе, ки номзадиашро худ пешбарӣ мекунад мо дар кӯмакаш ҳастем. Дар баробари ин барои тақвияти гуфтаҳои боло метавон гуфт, ки шуъбаи шаҳри имсол як рекорд нишон дод, яъне дар 3 ноҳияи шаҳр номзадии 3 бонуро ба вакилии Маҷлиси намояндагони МОҶТпешбарӣ намуд, ки ин бартарият додан нисбат ба бонувони муҳтарам дар дигар ҳизбҳо ба чашм намерасад. Боз ҳамин як хусусияти фарқкунандаи ҲНИТ аз дигар аҳзоби сиёсии кишвар аст.
Агар интихобот тавре ҷамъбаст бишавад, ки ҲНИТ бовуҷуди инқадар масраф ва талошу пайкор ягон курсӣ ба даст наоварад, вокуниши шӯъбаи шаҳрӣ чигуна хоҳад буд?
Мо бовар ва умед дорем, ки барои ҳизб раъйи овардаашро қоил хоҳанд шуд, зеро мо ба ваъдаи додаи роҳбари кишвар бовар дорем. Мо умедвор ҳастем, ки кафолати сарвари кишвар риоя карда мешавад. На танҳо мо, балки дигар ҳизбҳо ҳам чунин умедро доранд. Аммо агар ин ҳама кӯшишу талошҳои ҲНИТ ин навбат ҳам зери тақаллуби тақаллубкорон бимонанд, албатта вокуниш хоҳем кард, вале чигунагии онро дар ҳамоиш ва ё Анҷумани ғайринавбатии ҳизб, ки мубошаратан баъди рӯзи интихобот ва муайян гардидани натоиҷи он, муайян хоҳем кард. Ин яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи ҳизби мо аст, ки аз дигар ҳизбҳо фарқ мекунад, яъне мо болои воқеиятҳо кор мекунем. Ҳоло ки натиҷаи интихоботро дар даст надорем,барвақт аст, ки дар ин хусус чизе гуфта тавонам. Ҳама кор сабру устуворӣ мехоҳад. Иншоаллоҳ, умедворам ҳастам, ки натиҷаи интихоботи имсола хуб хохад буд.
Хуб, барои шумо муваффақияту барори кор
-Саломат бошед. Худованд ёру мададгоратон.