nahzat.tj
18.03.2012, 21:10
Матни суханронии Роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, устод Муҳиддин Кабирӣ дар ҳамоиши бахшида ба бузургдошти устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода аст, ки дар қароргоҳи марказии ҳизб дар таърихи 17- уми марти соли ҷорӣ баргузор гардида буд. (Баъд ҳамду сано, тамоми меҳмонон ва ширкаткунандаҳоро барои ҳузурашон изҳори миннатдорӣ намуд.)
«Дӯстони азиз, пеш аз он ки ин барномаро ба нақша гирем, маслиҳат кардем, ки ин чи гуна барнома шавад ва ба хулосае расидем, ки он чорабинии табиӣ ва самимӣ бошад ва онро номгузорӣ накунем. Ҳар кӣ чи гуфтание дар бораи мо ё алайҳи мо дорад, назарашро гӯяд. Худоро шукр, ки дар ин ҳамоиш фикри коршиносонро шунидем, ки воқеан ҳам илмӣ буд ва ҳам бисёр эроду тавсияҳои муфидро гирифтем, ки иншоаллоҳ, дар оянда сармашқи кори мо хоҳад буд.
Чанд нуктаро дар ҷамъбаст мехостам хидмати Шумо арз кунам. Аввал ин ки чорабиниҳои мисли ин, на ба хотири шахсияти устодон ё ба хотири шахспарастии устодон бошад. Устодони мо аввалин касони мухолифи шахсиятпарастӣ дар ҷомеа буданд ва иҷозат намедоданд, ки дар ҳузури ишон дар бораашон таърифе карда шавад. Имрӯз ба ин маросимҳо мову шумо ниёз дорем, на устодони марҳум.
Шахсиятпарастӣ ҳамон вақт мешавад, ки мо раҳбарони имрӯзаамонро таърифу тавсиф кунем, ҳамчуноне ки дар ҷомеаи мо, мутаассифона, маъруф шудааст. Вале агар аз гузаштагон ба хотири ибрат ва иртиботи андешаҳо байни қишрҳо ва наслҳо бошад, ин айни кори савоб аст, ки онро мо бояд ҳар сол онро анҷом диҳем. Бояд доираи шахсиятҳо аз ин ду устоди бузург васеътар равад. Ин ҷо аз Қорӣ Муҳаммадҷон ёд шуд ва мо даҳҳову садҳо бузургмардон дорем, ки вақте миллатҳо хоб буданд, ишон барои Афғонистон соли 1979 мегиристанд. Як қисме аз миллати тоҷик фахри он дошт, ки ҳамчун ҷанговари интернатсионалист дар Афғонистон меҷангад, як гурӯҳи бедори дигар пинҳонӣ шабҳо мегирист. Инҳое, ки мегиристанд танҳо дар Ҳизби наҳзат набуданд, балки даҳҳо шоирону уламои мо ва равшанфикрони мо дар ҳамин ҳолат буданд. Доираи ин бузургонро аз қолаби наҳзат васеътар кунем ва бояд дар чорчӯбаи миллат ҷустуҷӯ кунем ва наҳзат ҳам ба намояндагӣ аз ин қишри огоҳи миллат дар саргаҳи бузургдошти ҳамаи ин бузургони миллат бошад.
Нуктаи дуввум ин аст, ки чи тавр устоди бузург Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар бораи вазъияти ҳассоси имрӯз гуфтанд, суоли матраҳ ин аст, ки агар устодон дар байни мо мебуданд, ба ин воқеияти имрӯз чӣ гуна муносибат мекарданд? Чӣ ҳарфе барои гуфтан доштанд? Як бор тасаввур кунем, ки агар онҳо мебуданд, ба ин воқеиятҳо чӣ ҷавоб мегуфтанд? Назари мо ин аст, ки агар мо ба мероси ишон, ба гуфтаҳову навиштаҳояшон, ки дар наворҳо ва китобҳо сабт аст, як бори дигар руҷӯъ кунем, ба саволҳои худ ҷавоб пайдо хоҳем кард.
Ман ба ҳамагон навореро тавсия мекунам, ки бародарони наҳзатӣ дар Кӯлоб заҳмат кашида, онро то ҳол ҳифз кардаанд. Дар он навор сӯҳбати даҳ сол қабли Устод Нурӣ дар Кӯлоб сабт гардидааст. Ман онро тамошо кардам ва ба аксари саволҳои имрӯзаи худ ҷавоб пайдо кардам. Он вақт бароямон осонтар буд ва ҳатто вақте масъулияти ҳизб ба ӯҳдаи мо буду устод Ҳимматзодаи мариз, вале байни мо солимтарин фарди ҷомеа буд, бо камтарин душворӣ имкон доштам назди ӯ равам ва аз ишон машварат гирам, ки чӣ бояд кард. Воқеан ҳам устод машваратҳои бисёр арзанда медоданд, вале имрӯз он устодҳоро надорем.
Худоро шукр мегӯям, ки дар набудани устодон мо бародарони самимиву мухлис дорем, ки Худованд якеро аз мо гирифта ва дар ду – се соли беустодӣ мо даҳҳо, садҳо ва шояд ҳазорҳо бародарону хоҳарони бисёр самимиву мухлису огоҳро дар ихтиёр дорем, ки як навъе онро ҷуброн кард. Вале ҳеҷ кас ҷойи онҳоро нахоҳад гирифт. Мо вазифадорем, ба мероси гаронбаҳои онҳо баргардем, вале мутаассифона кам руҷӯъ мекунем.
Нуктаи саввум ин аст, ки дар вақтҳои ахир сару садо гирди ҳизб ва дар маҷмӯъ Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин зиёд шудааст ва гӯё ин воқеиятҳо дар натиҷаи сиёсатҳои ивазкардаи мақомот аст. Агар мо аз ҳад зиёд хушбин бошему фикр кунем, ки ҳеч санаде вуҷуд надорад ва ҳеч ҷаласае ҳам баргузор нашудааст, пас биёед, назарамонро дар атрофи ё дар мабнои воқеиятҳо ва амалҳои мақомот бигӯем. Агар санадҳо вуҷуд надоранд, ҳол он ки аксари коршиносон дар он шак надоранд, вале воқеаҳои атрофи ҳизб далолат ба чизҳои дигар мекунад.
Чаро чунин вазъият ба вуҷуд омад? Тафсирҳо хеле гуногунанд. Вале як тафсире, ки дар интернет хондам ва хеле хушам омад, инаст. Муаллиф мегӯяд, ки ин шояд натиҷаи якқутбӣ шудани сиёсати Тоҷикистон бошад. Ӯ як мисоли хуб меорад, ки вақте ҷаҳон баъд аз Ҷанги дувуми ҷаҳон муддати 40-50 сол ба ду қутб; аз як тараф қутби Ғарб бо роҳбарии Амрико ва аз тарафи дигар қутби Шарқ бо роҳбарии Шӯравӣ тақсим шуда буд, як тавозун дар сиёсати байналмиллалӣ вуҷуд дошт. Ҳеҷ қуввае ҷуръат намекард, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба чолиш кашад ва хоставу ангезаи худро болои башарият таҳмил кунад.
Вале вақте Шӯравӣ заиф гардиду ҷаҳон якқутбӣ шуд, инак бист сол шудааст, ки башарият аз мушкилоти низомиву амниятӣ ва иқтисодиву молиявӣ раҳо нашудааст ва касе намедонад, ки оқибаташ чӣ хоҳад шуд. Башарият имрӯз дар эҷоди қутби дигар аст, то ки ба он қутби яккатоз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ рақобат карда тавонад. Баъзеҳо Чинро ҳамчун номзад ба қутби дигар медонанд, баъзе ҷаҳони Исломро, ки тоза бедор шуда истодааст ва баъзеҳо иттиҳоди ин ҳардуро илова ба Русия, ки як марҳалаи бедоршавӣ ва эҳёи иқтисодиву сиёсиро аз сар мегузаронад. Башарият ба ин натиҷа расид, ки барои оромиш ва тавозун бояд ҷаҳон аз вазъияти якқутбии худ даст кашад.
Айни мисдоқи инро мо дар Тоҷикистон дорем. Ҷанги шаҳрвандиро танҳо тавозуни ду нирӯ ба анҷом расонд, ки имкони ба якдигар яккатоз шуданро намедоданд. Ба ин натиҷа расидем, ки дар Тоҷикистон як ҳоким бошад, он ҳам қонун, ки мабнӣ ба хостаҳо ва ормонҳои мардум аст. Ин хостаи идеалии мо буд ва ҳамон тараф майл доштем. Вале имрӯз мебинем, ки шояд ҷойе саросемагӣ кардем ва шояд раванди сулҳ то охир нарасид. Имрӯз мебинем, ки якқутбии дохилии кишвари мо боиси пайдо шудани буҳронҳо шуда истодааст.
Саволе ба миён меояд, оё Тоҷикистон ба низоми дуқутбӣ дар дохил баргардад, то ки як нирӯ ё як гурӯҳ хостаи худро ба ҷамъият таҳмил карда натавонад? Оё ҷомеа зарурат ба устодони дигар ва гурӯҳи нав ниёз дорад ё на? Ин модел дар сатҳи байналмиллалӣ дуруст аст, вале дар дохили як кишвар шояд дуруст набошад. Шахсан мо, яъне ҲНИТ тарафдори якқутбӣ дар дохили кишвар ва дуқутбӣ ва ё бисёрқутбӣ дар сиёсати байналмиллалӣ ҳастем, вале якқутбие, ки дар он адолату инсоф бошад, ҳаққи дигарон поймол нашавад ва заҳматҳои дигарон нодида гирифта нашавад. Мо ин гуна якқутбӣ ва якмеҳвариро мехоҳем.
Мо бовар дорем, ин марҳалаи ҳассосе, ки дорем, бо иштибоҳҳо рух дод ва ҳар кас бояд хатояшро эътироф кунад; фарқаш нест, ки аз тарафи мо шудааст ва ё аз тарафи ҳукумат. Талош кунем, ки аз ин ба баъд ин ҳассосиятҳо аз байн бираванд. Агар омода ҳастанд тарафҳо, ҲНИТ бо ҳамон садоқате, ки дошт, омодааст. Мо ҳам вонамуд мекунем, ки ҳеҷ кор нашудааст, ба шарте ки дар амал фишорро набинем ва ба шарте ки фишоре, ки ҳар рӯз аз маҳалҳо ва аз ноҳияву шаҳрҳо барои мо паём мерасад, қатъ шавад. Дирӯз бародарони раштӣ аз номи ду ҷамоат гуфтанд, ки раиси ҷамоат шахсан рафта аъзои Наҳзатро рӯйхат карда, талаб кардааст, ки аз ҳизб бароянд. Ин ҳам дар як ҷомеае, ки сулҳ кардем, қонун дорем, раҳбарият дорем ва созишномаву Санади ҳамдигарбахшӣ дорем.
Наҳзатӣ будан яъне чӣ? Магар ӯ бояд ба ягон ҷиноят гумонбар шуда, ҳатман аз болои ӯ назорати шадид бошад? Дар бораи вазъияти устод Тӯраҷонзода бародар Ҷалолиддини Маҳмуд гуфтанд. Мо айни инро ҳар рӯз худамон мушоҳида мекунем. Рӯзи сешанбе (13.03.2012) баъди маҷлиси фаъолони Қурғонтеппа ба зиёрати Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ рафтем. Чӣ зарурате дорад, ки мошинҳои шишасиёҳ аз қафои мо то дари Домулло мераванд, рақамҳои мошинҳои моро номнавис мекунанд ва фарзандони ишонро мепурсанд, ки инҳо чаро омаданд. Як шахсияти бузург аст, меравем ӯро зиёрат мекунему дуъо мегирем. Мо ин корро даҳҳо бор кардем ва хоҳем кард.
Ин ҳама ба зеҳнҳо таъсир мерасонад, ки аввалан мо дар ин ҷомеа кистем ва баъдан нигоҳи тарафи дигар, масъулини кишвар ба мо чӣ гуна аст. Иншоаллоҳ, умед дорем, ки ин нуктаҳо ҳам дуруст мерасанд. Ва дар охир нуктаҳое, ки коршиносон гуфтанд, хеле мамнунам. Айни ин матлабро дар матбуоти ду ҳафтаи охир хондам, ман аз бисёр мутахассисон ва коршиносон миннатдорам.
Кумаки аз ҳама зиёдро ба мо, ҳизбҳои сиёсӣ, рӯзноманигорон ва коршиносон мекунанд. Воқеан ҳамон коре, ки фурсат нашуд устодон ба анҷом расонанд, ақлҳо ва мағзҳои Наҳзат бояд ҳарчи зудтар ба саволҳои мардум ҷавоб гӯянд. Мо аз ин миллат чӣ мехоҳем? Ояндаи ин кишвар бо мо чӣ мешавад? Гунгунандешӣ чи гуна хоҳад буд? Назари мо ба либоси мардум чӣ гуна бошад? Оё воқеан Наҳзат мехоҳад ҳамаро ҳиҷобпӯш кунаду ҳама фаранҷипӯш бошанд? Ё мо думболи озодии фардҳо ҳастем, ки ҳар кас тибқи хостааш амал кунад?
Аз ҳамаатон миннатдорем, ки дар ин рӯз бо мо будед.»