Categories Uncategorized

М. Мурсӣ: «Асад ҷуз аз сари қудрат канор рафтан дигар роҳе надорад»

Абдулғанӣ Абдулваҳҳоб

nahzat.tj

Бо ҳаргуна дахолати нерӯи хориҷӣ дар ҳодисаҳои Сурия мухолиф  ҳастем. Агар нерӯе мехоҳад дахолат кунад, иштибоҳи бузурге хоҳад кард.”

Ин нуктаҳоро раисҷумҳури  Миср Муҳаммад Мурсӣ пеш аз ифтитоҳи иҷлосияи Маҷмааи Умумии СММ дар Ню-Йорк  иброз намуд ва гуфт: «Ҷаҳду талоши дипломатии чоргонаи Миср, Эрону Арабистони Саудӣ ва Туркия барои хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандии Сурия саҳме хоҳад доштт».

Инчунин, номбурда бо ишора бар ин ки дигар фурсате барои гузаронидани ислоҳоти сиёсӣ дар ин кишвар намондааст, таъкид бар он намуд, ки Асад ҷуз аз сари қудрат канор рафтан дигар роҳе надорад.

Бояд гуфт, ки Муҳаммад Мурсӣ имрӯз 26 – сентябр дар ин иҷлос суханронӣ хоҳад кард.

More From Author

You May Also Like