Categories Ахбори рӯз

М. Раҷабзода: Роҳе, ки дорем, росту ҳамвор нест

Мусоҳибаи Абдуқаюми
Қаюмзод бо Муллоаббос Раҷабзода,
раиси шуъбаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Дархост ва
даъвати ноиби муфтии Тоҷикистон ва бархе аз имомхатибонро барои бастани фаъолияти
ҲНИТ аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар вилоят чи гуна пазируфтанд?

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Имрӯзҳо
тақрибан ба гумонам ин гуна даъватҳо чӣ аз номи ноиби муфтӣ ва чӣ аз номи бархе
аз доираҳо ба як чизи муқаррарӣ табдил шудааст. Ва ба касе пӯшида ҳам нест, ки ин
гуна муносибат ба авзоъи сиёсии кишвар бетаъсир нест ва табиист, ки дар ҷомеа
эътимоду бовариро нисбати якдигар коҳиш меёбад. Бояд гуфт, ки ин гуна бархӯрдҳо
бо ҳизбе, ки дар муҳити сиёсии Тоҷикистон ва берун аз он ҳамчун як созмони сиёсӣ-мазҳабии
муътадил ва созанда шинохта шуда, ҳазорҳо узв ва пайраву ҷонибдор дорад, камоли
беинсофӣ ва дур аз воқеият аст. Ҳамагӣ шоҳидем, ки то ҳамин чанд вақти пеш мавҷудияти
ин ҳизбро аз ифтихороти давлату миллат ва муҳимтарин дастоварди сулҳу ризоияти
миллӣ меҳисобиданд ва якбора тағийр ёфтани муносибат бисёр шигифтовар ва бетабриаву
посух аст. Фикр мекунам, баёнияи ҳизб дар ин робита, ки баъди баргузории
ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ эълом гардид, яъне “аъмоли фитнаангез” хонданд, вокуниши ба
маврид ва муносиб аст.

Муносибати
ҳукумат ва мақомоти вилоят бо созмони вилоятии ҳизб чи гуна аст? Ин муносибат
мисли солҳои қабл ҳифз шудааст ва ё тафовуте ба вуҷуд омадааст?

– Имрӯзҳо, ба вижа, баъди хатми маъракаи
интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллӣ дар оғози марти соли
ҷорӣ гуфта метавонам, ки бо мақомоти иҷроия қариб иртиботе надорем. Дар муқоиса ба солҳои
пешина, ки тақрибан ҳар ҳафта як чорабинии фарҳангӣ ё сиёсӣ бо ширкати мақомоти
зидахл доир мешуд, имрӯзҳо баргузор намешавад. Баъди аз қароргоҳ маҳрум
шуданамон барои баргузории чандин чорабиниҳо аз онҳо талаби толор ё
маҷлисгоҳ кардем, мутаассифона танҳо
посухи манфӣ гирифтем. Бар замми ин мо онҳоро ба чорабиниҳоямон даъват мекунем
шояд серкор бошанд, ки ширкат
намекунанд. Дар чорабиниҳои худашон бошад моро даъват намекунанд. Баръакс тибқи
гузоришоти масъулини бахшҳои шаҳру навоҳии ҲНИТ, фишорҳо болои масъулин ва
аъзои он дорад зиёдтару зиёдтар мешавад.
Ин раванд ва муносибати сарди мақомот бо як ҳизби сиёсии қонунӣ дар як кишвари
демократӣ гумон мекунам волоияти қонун ва созишномаи сулҳро зери шубҳа мебарад.

– Шумо як маҳфили фарҳангӣ доштед, ҳоло он фаъолият дорад ё не?

– Банда ҳар ҳафта маҳфили фарҳангие бо номи
“Иқболшиносӣ” бо иштироки уламо,
донишмандон, ашхоси маъруф ва муътабар баргузор мекардем. Воқеан нишастҳо ва
ҷаласаҳои хеле хуб ва пурмазмуну муҳтаво доир мешуданд, ки аз ҷониби аҳли назар
хеле хуб пазируфта шуда буд. Мутаассифона, вақтҳои охир барои ин маҳфил толор пайдо
карда натавонистем, аз ин хотир фаъолияти он муваққатан барои афроди бештар қатъ
шудааст.

Имрӯзҳо дар
саросари кишвар як маъракаи густардаи
таъқиб ва фишор болои ҲНИТ ва аъзои он идома дорад. Ин вазъият дар руҳияи шумо
ва аъзову ҷонибдоронатон то кадом ҳад
таъсир гузоштааст?

Таъқибу фишор, эҷоди тӯҳмату бадгӯиҳо тариқи
расонаҳо дар ин авохир хеле зиёд шудааст. Бо вуҷуди ин ҳама
“иқдом”-ҳо, раҳбарияти ҲНИТ аз ҳамон шеваи сабру таҳаммул кор
гирифта, пайравони хешро ором менамуданд. Вале дар ин авохир муносибати мақомот
бо ҳизб куллан тағйир ёфт, ки натоиҷи интихоботи соли ҷорӣ бозгӯи
ин гуфтаҳост. Бо вуҷуди натоиҷи ғайри чашмдошти интихобот, ба хотири суботи
ҷомеа, боз ҳам сиёсати сабрро пеша кардаем, вале муносибати мақомот шадидан тағйир ёфт, ки ин ба руҳияи
аксар аъзо ва пайравони ҳизб таъсири номатлубе гузоштааст. Умеди мардум дар
робита ба фаъолияти озоди сиёсии ҳизбу созмонҳои дигарандеш хеле коҳиш ёфт.

Аммо агар
фишорҳо ва “ғайриҳизбӣ” сохтанҳоро ба инобат нагирем, шумори аъзои ҳизб дар
ҳоли зиёдшавӣ аст ва ё баръакс?

Дар ин вазъият, табиист, ки теъдоди аъзо ба
зоҳир коҳиш меёбад, вале дар асл узвият дар ҲНИТ, ки ҳизби сиёсӣ дар асоси
эътиқоди исломӣ ташкил шудааст, ҳаргиз наметавонад ба эътиқоду боваре, ки ба
дурустӣ ва саҳеҳ будани роҳу мактаб ба вуҷуд омадааст, таъсире дошта бошад.
Баръакс фишору озор барои бисёриҳо шояд сабаби обутобёбӣ ва тақвияти руҳу
равони ҳамон инсон бошад. Ва дар баробари ин мо худ низ аз гирифтани аъзои нав
дар ҳоли ҳозир худдорӣ намуда истодаем.

Сабаб
ва иллати тағйирёбии муносибат ва бархӯрди мақомот бо ҲНИТ ба назари шумо чи аст, чаро мавқеъи мақомот ин тавр хашин ва
хусуматомез шуд?

Хуб мешуд, ба ин савол худи мақомот ва онҳое,
ки даст ба қонуншиканӣ ва ба фаъолияти озоди ҳизбҳои сиёсӣ монеъ мешаванд,
посух диҳанд. Вале ба фикри ман сабаби чунин муносибат, ин таъсири вазъи сиёсии
ҷаҳон дар муносибат бо аҳзоби сиёсии исломӣ аст. Вақте дар дунё бо аҳзоби
исломӣ муносибати хашиномез сурат мегирад, табиист, ки ин ба давлатмардони мо
низ бетаъсир намемонад. Ҳамагӣ коршиносон иттифоқи назар доранд, ки ҲНИТ- як ҳизби созандаву муътадил дар фазои сиёсии
ҷаҳон эътироф шудааст ва адами ин ҳизб дар кишвар, имкон ва шароити фаъолият барои гурӯҳҳо ва
равияҳои ифротгароро мусоид хоҳад кард. Бояд
тамоми масъалаҳо аз тариқи гуфтугу ва муколама ҳалли худро пайдо кунад. Дар
акси ҳол, дар сурати идомаи чунин муносибат авзоъи сиёсии кишварро печидатар ва
тиратар мешавад ва Худое нахоста дар масири
Ваҳдати миллӣ халале эҷод шаваду ба нафъи дигарон бианҷомад, барои ислоҳ кардан дигар чорае корсоз нахоҳад шуд.

Занҳо дар ҳизб чи
мақом доранд ва умуман занҳо бештаранд ё ки мардҳо?

Занон низ мисли мардон фаъолияти хуб доранд. Мусаллам
аст, ки ин вазъи фаъолият дар ин рӯзҳо ба фаъолияти онҳо низ асари манфӣ
гузошта. Сӣ дар сади аъзои ҳизб дар вилоятро бонувон ташкил медиҳанд, ки дар бисёр чорабиниҳо ва
амалҳои хайр саҳиманд. Онҳоро низ бо ҳар гуна баҳонаҳо фишор меоранд, то аз сафи
ҳизб хориҷ шаванд. Қабули аъзои нав ҳарчанд коҳиш ёфта бошад ҳам, мо минбаъд,
тавре дар боло ишора кардам, дар қабули аъзо шитоб нахоҳем кард.

ҲНИТ дар вилоят
гаҳ-гоҳе ба корҳои хайриявӣ машғул мешуд. Ин анъана ҳоло низ идома дорад?
Метавонед мисолҳо оваред
?

Ростӣ, мо то замони баргузории интихобот,
тибқи нақша-чорабиниҳои худ, як самти фаъолиятамон кӯмаки мӯҳтоҷону ниёзмандон
буд, ки мутаассифона аз замони тахриб шудани дафтари кориамон аз ҷониби
шаҳрдорӣ ин самти барномаамон то ҷое коҳиш ёфтааст. Дар бахшҳои шаҳру навоҳӣ ба қадри имкон ин иқдоми
хайрхоҳона анҷом меёбад. Дастгирии
ниёзмандон ва мӯҳтоҷон-ин баҳри мо ҳам қарзи имонӣ ва ҳам қарзи шаҳрвандӣ маҳсуб мешавад.

Муносибати руҳонияти
расмӣ бо шумо чи гуна аст?

Мо ба тамоми шаҳрвандони кишвар муносибати ҳасана дорем, ба вижа ашхоси рӯҳонӣ, ки эшон
рисолати пешвоӣ дар дини моро доранд. Аз панду насиҳаташон баҳра меёбему аз пасашон
намоз мегузорем, албатта эҳтиромашонро низ ба ҷо хоҳем овард. Ба насиҳати эшон ҳамеша
ниёз дорем ва ҳаргиз нахоҳем гузошт, ки
муносибати моро касе халалдор созад. Барояшон ҳамеша аз Аллоҳи меҳрубон
тавфиқ мехоҳем, то онҳо дар баробари миллат рисолати хешро тибқи суннати
Паёмбар (а) анҷом бидиҳанд.

Худи шумо кай
ба сафи ҲНИТ пайвастед ва ангезаи ба ин созмон пайвастанатон чи аст? Шуморо чи
таҳрик дод, ки ба ин ҳизб пайваст шавед?

Ман аз замони расман ва қонунӣ эълон шудани ҳизб
фаъолият дорам. Имрӯзҳо раҳбарияти шуъбаи
ин ҳизбро дар вилоят ба дӯш дорам. Аслан ман як шахси табиатан фарҳангӣ ҳастаму бо шеъру ирфон дилбастагӣ
дорам. Чун дидам дар суфуфи ин ҳизб дӯстони зиёде дорам ва бароям оинномаву
барномааш писанд афтод, шомили ин ҳизб гаштам. Умедворам дар ҷодаи бисёрҳизбӣ,
ки нишоне аз демократия маҳсуб мешавад, баҳри ин миллат хостам хидмате анҷом
дода бошам. Албатта ин роҳе, ки пешорӯи мост чандон осон ва ҳамвор нест, вале Иншоаллоҳ умедворам бо он дӯстоне, ки ҳамроҳ дорам ва бо риояи қавонини мавҷудаи кишвар ин
мушкилотро паси сар хоҳем кард.

Созмони вилоятӣ
қароргоҳ дорад? Чун бо қароргоҳи он мушкил пеш омада буд.

Албатта фаъолияти як ҳизби сиёсӣ дар минтақа
ин пеш аз ҳама бо доштани як дафтари корӣ ва иртиботи пайвастаи он бо дигар
аҳзобу созмонҳо шинохта мешавад. Имрӯзҳо
шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд қароргоҳи худро надорад. Тавре ҳамагон хуб огоҳанд
моҳи июни соли гузашта бо қарори шаҳрдории Хуҷанд бинои ҳизб тахриб шуд (бояд
гуфт, ки бинои ҳизбамон, ки бо меҳнати ҳалоли аъзо ва ҷонибдоронамон сохта шуда
буд) ва то имрӯз тибқи ваъдаҳои шаҳрдорӣ умедворем, ки моро бо ҷой ва дафтари
корӣ таъмин намоянд. Мо ба унвони шаҳрдорӣ чанд маротиба мактуб навиштаем, вале
дар посух иброз медоранд, ки алъон имкон надоранд, ки моро бо замин барои
сохтмони қароргоҳи ҳизб таъмин ва ҷуброни молии тахриби қароргоҳи қаблиро
пардохт намоянд.

Фаъолияти
ояндаи ҲНИТ-ро чи гуна мебинед, ба фикри Шумо оё мақомот иқдомоти дигаре барои
манъ кардани фаъолият ҳизб хоҳанд гирифт?

Дар ин бобат мо бар он бовар ҳастем ки ин ҳизб
ба фаъолияташ идома хоҳад дод. Зеро мавҷудияти як чунин ҳизби динӣ дар кишвар,
ин ба манофеи миллат хоҳад буд. Фаъолияти ҳизби динӣ дар собиқ ҷамоҳири шӯравӣ танҳо дар
кишвари Тоҷикистони мост, ки ин баёнгари озодӣ ва демократӣ будани мост. Агар
бихоҳем, ки кишвари мо ҳамеша дар ҳолати рушду нумӯ бошаду як ҳизби динӣ бо мо
дар рақобати солими сиёсӣ бошад, бигзор ҲНИТ дар саҳнаи сиёсии тоҷик бимонад. Дар
акси ҳол, ба ин қазия таърихи миллат баҳои сиёсии худро рӯзе хоҳад дод. Ҳар рӯйдоди
таърихӣ дар рӯзгори ин миллат сафҳаи ҷадидеро боз хоҳад кард, танҳо қарордоди ҷавонмардона
ва мусолиматомез дар лавҳаи дурахшони миллат нақш хоҳад баст.

More From Author

You May Also Like