-Аз нигоҳи Шумо, ҳамчун коршиносу таҳлилгари масоили умдаи динӣ ва сиёсӣ сабаб чист, ки доираҳои маълум дар ниҳодҳои давлатӣ дар ин авохир ба тафсири оятҳои қуръонӣ ва арзишҳои исломӣ рӯ овардаанд?
-Ба тафсири арзишҳои исломӣ ва қуръонӣ рӯй овардани онҳо шояд аз он хотир бошад, ки мардум бо фарҳанги исломӣ сару кор доранд ва барои дар ин фазои фарҳангӣ дар гуфтугӯ будан бояд аз арзишу рамзҳои исломӣ истифода кард.
Ин кадом мушкилие надорад, зеро ин дунёи тафсиру бинишҳост ва ҳама ҳақ доранд, ки дунёро бо нигоҳи худ бубинанду тафсире аз он дошта бошанд. Вале мушкил ин ҷост, ки ин гуфтугӯю тафсирҳо дар пай амалҳоеро низ доштаанд, ҳар касе аз таъриху фарҳанги ин сарзамин огоҳ ҳаст, ин гуна амалҳои ноҷоро қабул карда наметавонад. Зеро ин мақолаву тафсирҳо чорчӯбаи мустаҳками назариявӣ надоранд, баъдан, тафсиргарон матни рӯйдодҳои ҷаҳони имрӯзаро бисёр сатҳӣ мебинанд. Инчунин унсурҳои асливу ҷавҳариро, ки дар таърихи имрӯзаи Тоҷикистон нақш бозӣ карда метавонанд, намебинанд ё нодида мегиранд, бештар ба масъалаҳои дувумдараҷа таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.
Шахсан банда дар ин амалҳо кӯшиши давлатмардонеро мебинам, ки идеологияеро роҳандозӣ карданианд. Агарчи ин иқдоми зарурист, вале бояд аввалтар аз ҳама онро ба як амали созанда рабт ва такя дод, то боиси ваҳдати воқеии мардум бигардад.
Фикр мекунам, онҳое, ки дар бораи идеология менависанд, ба ғайр аз китобҳои хондашуда ва таҷрибаи идеологие, ки бегонаҳо болояшон дар солҳои низоми шӯравӣ таҳмил карданд, чизи дигареро дарк карда наметавонанд. Онҳо дар ин маврид ҳатман ба донишу таҷрибаи ҷаҳонӣ, он ҳам бо назардошти фарҳанги миллии худ бояд муроҷиат кунанд.
Аммо имрӯз дар бораи идеологияю идеяҳо иддае ҳарф мезананду барномаҳоеро зери гуфтаҳои хеш амалӣ месозанд ё баръакс баъди баъзе амалкардҳо кӯшиш карда идеология мебофанд. Мутаассифона, ба умқи фалсафаи идеологияи давлатӣ нарасида, технологияи душмансозиро низ ҳамчун як ҷавҳари он ба намоиш гузоштаанд.
Ахиран, мақолаҳоеро ба хонанда пешниҳод менамоянд, ки дар онҳо механизми шаклгирии “душмансозиҳои давлатию миллӣ” ба таври ошкор нишон дода мешаванд, ки гӯё қудратҳои беруна аз “мардуми соддалавҳ” ва “каммаърифат” истифода карда, ба воситаи “бозингарони дохилӣ” инқилоб доир кардан мехоҳанд, ки ин ишораест аз ҳуҷуми нерӯҳои хориҷӣ.
Тарафи дигари масъала ҳуҷум ба ҳизби сиёсии моҳияти динидошта, шахсиятҳои маъруфи исломии Тоҷикистон ва дар умум, фарҳанги исломист, ки гӯё ҳамин қишр ва ҳамин фарҳанг пеши роҳи илму созандагӣ ва тараққиётро гирифта бошанд.
Бо воқеъияте, ки дорем, бо ин вазъи муҳоҷират, бекории ҷавонон ва фасоди афзоянда, парокандагӣ ва истиқлоли бо шиорҳо рӯйпӯш шуда, чунин ба назар мерасад, ки “душманони дохилӣ” шояд барвақт ин сарзаминро ба “хоҷагони хориҷӣ”-яшон фурӯхта бошанд. Дар ин маврид ба фикрам, зиёиёну сиёсатмадорони дар қудратбуда се чизи муҳимро фаромӯш кардаанд:
аввал, давлат бояд дар пайи шакл додани фазои солими сиёсӣ ва якдигарфаҳмии ҳамаи нерӯҳо, гурӯҳу шахсиятҳои сиёсӣ бошад, на ин ки танҳо аз шахс ё гурӯҳ ва ё ҳизберо ҳимоят намояд;
– дуввум, давлат бояд ҷанги эълоннашудаи баъзе доираҳоро бо ҲНИТ ва шахсиятҳои исломӣ, умуман, фарҳанги исломӣ пешгирӣ намояд, зеро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамин ҳизб ва шахсиятҳои сиёсии исломӣ мисли девор дар баробари ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро истодаанду истодагарӣ доранд;
-савум, ВАО-и давлатӣ мақолаҳои сатҳиро дар рӯзномаҳои расмии худ бояд роҳ надиҳанд. Агар мақола менависанд, дар сатҳи талаботи илмии ҷаҳони имрӯза навишта шаванд.
Аз ҳама аҷиб чизи дигар аст, дар давлате, ки демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд эълон шудааст ва баъди таҷрибаи низоми Шӯравӣ, ки воқеан, арзишҳои хубе ҳам дар сохтмони ҷомеъа ва инкишофи иқтисоду сиҳҳати мардум ва илму маориф дошт, бо ахлоқу одамияти ҳазорсолаи миллат ҳанӯз ҳам баъди сулҳи тоҷикон бо мушкилот рӯ ба рӯем. Имрӯз ба ҷои беҳтар шудани ҳаёти мардум ва бунёди ҷомеъаи шаҳрвандию эътирофи гуногунандешӣ, баръакс хатароти иҷтимоъии афзоянда дар ҷомеъа, дар фазои афкори мардум ноумедию нобоварӣ ва ҳаросро беш сохтааст …
-Пас, мантиқи гуфтугӯҳои сиёсии доираҳои маълум дар ниҳодҳои давлатӣ бояд чӣ тавр бошад?
-Бале, ин ҷо бештар бояд мантиқи ашё ва рӯйдодҳо дар воқеъияти зиндагии мо реша дошта бошанд. Фикр мекунам, мушкилоти аслие, ки боиси ин ҳама маҳдудиятҳо дар идеология ва дар амалҳои сиёсии мақомот шудаанд, аз набудани таҳлили илмии ашёву рӯйдодҳо ва амал накардан аст. Яъне рӯҳи созандагии ҳама чиз, ҳама кас ва ҳама соҳаро ҳамоҳангӣ фаро нагирифтааст, ки ҳадафро номаълум нигоҳ медорад. Ҳамин буҳрону карахтӣ дар ҳаёти мардум аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон фасод, технологияи душмансозӣ, раванди мутлақгардонии нақши ақлоният ва шикасти ҳамоҳангии ақлу имон (дин ва фалсафа) ва сиёсӣ кардани ин гуфтугӯро мебинем. Аслан, ин мардум, ки гӯё ба Ғарб зиёд тақлид мекунанд, вале агар дурусттар ба гуфтаҳои онҳо таваҷҷӯҳ шавад, танҳо ба марксизми болшевикӣ – шӯравии тоҷикӣ содиқ мондаанду бас.
Ба фикрам, ин ҷо ҳам маҷбуран содиқ мондаанд, чун чизи наве надоранд, яъне метавон гуфт, ба Ғарб он тақлидеро намекунанд, ки масалан, дар Ҷопон ё ақаллан дар Сингопур онро анҷом додаанд. Масъулини идеологии мо Ғарбро ҳанӯз ҳам нашинохтаанд, ҳамчунин аз худии худ ҳам бегонаанд. Хабар надоранд, ки марксизм, дар умум дар масъалаи нақши дин дар ҷомеъа аз давраи Маркс то Ҳабермаси муосир тамоман фарқ мекунад. Марксизм кайҳо, ҳанӯз дар солҳои сиюм аз як назарияи инқилобӣ ба назарияи танқидии ҷомеъа табдил ёфта буд. Яъне дар он вақт дар ҳоли таҳаввул буд, инчунин нисбат ба дигаршавии ҷомеъа назари таҳлилӣ – танқидӣ дошт.
Дар нотавониҳои давлат ҳизби мухолиф гунаҳгор нест
Мақолаҳое, ки дар сомонаҳо, инчунин дар маҷаллаҳои академикӣ ба нашр мерасанд, тамоман аз роҳи таҳқиқи марксистӣ дур мондаанд ва ин карахтии фикрӣ боиси карахтии ҷомеъа гаштааст ё баръакс…
Ба фикрам, онҳое, ки аз идеологияи илмӣ ва моддигароӣ ҳарф мезананд, ҳеҷ гоҳ марксист набуданд ва осори Марксро ҳам дуруст нафаҳмидаанд. Агар ин тавр намебуд, баъд аз пошхӯрии шӯравӣ, бахусус баъд аз сулҳи тоҷикон фикри бунёдии Марксро фаромӯш намекарданд, ки сабаби аввалини бӯҳрони ба вуҷудомадаи тоҷикистонӣ, инкори иқтисоду истеҳсолот буд. Мо гуфта наметавонем, ки сабабгори фасод ва муҳоҷирати иҷборӣ нерӯҳои хориҷӣ ва “дӯстони дохилӣ”-и онҳоянд, ҳол он ки ин мушкилот заминаҳои заъфу осебпазирии кишвар дар баробари ҳар гуна душманон гаштааст.
Маркс дар мактубаш ба Кугелман ( 11 июли 1868) навишта буд: “ин ба кӯдак ҳам маълум аст, он сохтори иҷтимоъие, ки шароитҳои истеҳсолиро аз нав истеҳсол намекунад, худро як сол ҳам нигоҳ дошта наметавонад”. Вале бубинед, дар Тоҷикистон сохтори иҷтимоъии солим қариб вуҷуд надорад ва ҳар чизе ҳаст, боқимондаест аз даврони шӯравӣ. Ин чаҳорчӯби холӣ ва муносибатҳо дар ҷомеъаро муҳоҷирони он пур мекунанд. Зарур буд, ки масъалаҳои бунёдии ҷомеъа, аз ҷумла муносибат ба сармояву меҳнат, саноату иқтисод ва кишоварзӣ ҳал мешуданд ва ин имкон медод, сифати ҳаёти мардум, ба гуфти Бедил, “нотавонони иқтидори низом”, беҳтар шавад ва пояи аслии ваҳдату истиқлол қарор бигиранд. Мутаассифона, ваҳдат ва истиқлол ба ҷои ба як воқеъият табдил ёфтан ё идеология шудан, аз як орзу ва ормоне беш нест.
Дар баробари ташкили шароит ва имконоти истеҳсолӣ ва барқарор кардани саноат ва иқтисоди худ бояд ҳаёти ақлонии мустақили тоҷикӣ бунёд мегардид, ки ҳамдигарро пурра мегардониданд. Ин имкон медод, ки фарҳанги мардум бо ҳама арзишҳои беҳтарину созандааш ба сатҳи фарҳанги нави ҷаҳонӣ расонида шавад.
Дуруст аст, бунёди илмӣ- техникӣ ва иқтисодиро, ки дар даврони шӯравӣ ба вуҷуд омада буд, нигоҳ дошта натавонистем, вале имрӯз ҳам имкон ҳаст, ки онро аз нав барқарор кунем ва дар заминаи он ба сохтмони ҳаёти худ машғул бошем. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро дар лабораторияҳои пажӯҳишгоҳу донишгоҳҳо корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба таври даркорӣ сурат намегиранд? Чаро олимон дигар ба масъалаҳои бунёдии илм сару кор надоранд? Чаро имрӯз дар улуми иҷтимоъӣ ягон тағйироте ба мушоҳида намерасад? Аз ҳама асосӣ, чаро алоқамандии илм ба истеҳсолот, бахусус ба зиндагии мардум вуҷуд пайдо намекунад?
Фикр намекунам, ки ба ҳамаи ин камбудӣ ва иштибоҳҳо ягон ҳизби сиёсии мухолиф, маҳз ҲНИТ ё фарҳанги исломӣ гунаҳгор бошад. Шояд касоне бошанд, ки мавҷудияти гуфтаҳои болоро тайид намоянд ва ман ҳам бовар дорам, ки ҳаст, вале танҳо дар сухан. Агар дар фикри хеш боқианд, пас, инро ҳам бояд дарк кунанд, ки аз сухан то воқеъият амали созандаро тақозо дорад ва дар баробари ин фосила зиёду сангин аст, ки қудрату сармоя мехоҳад.
Барои ин хуб мебуд, ки давлат пажӯҳишгоҳҳои илмӣ- таҳқиқотиро, ки бештар ба илмҳои иҷтимоъӣ машғуланд, воқеъан, дастгирӣ намояд, то олимони соҳа ба таҳқиқу таҳлилҳои бунёдӣ машғул мешуданд ва ба ин фаҳм мерасиданд, ки дар дохилу беруни кишвар чӣ мегузарад.
Фикр мекунам, имрӯз аз сатҳи ҷаҳонбинии марксистии тоҷикӣ гузаштан ба сатҳи баландтари шинохти инсону ҷомеъа тақозо мешавад. Дигар ин ки худи таърихи афкори марксистӣ аз давраи Маркс то ба имрӯз вобаста ба рӯйдоду тағйиротҳое, ки дар ҷомеъаҳои ғарбӣ гузаштаанд, дар мо дар сатҳи дигар аст. Олимони шӯравирешаи моро, ки зидди фарҳанги худ ҷанги салибӣ доштанду доранд, аз он чаҳорчӯби карахти шӯравӣ берун баромадан лозим меояд ва аз таҷрибаи марксистони Ғарб, аз Грамши, мактаби танқидии Франкфурт (Адорно, Поллок, Маркузе, Бенҷамин, Ҳоркхаймер) сар карда, то Алтуссер, Ҳабермас ва дигаронро бояд дар шинохти ҷомеъа омӯзанд, ки чӣ бояд кард?! Бисёр андешаи дурустеро аллома Иқбол пеш гузоштааст, “фикри равшанбин амалро раҳбар аст”.
Бубинед, тӯли солҳои зиндагии пасошӯравӣ мақолаҳои воқеӣ ва таҳлилии фарогир дар бораи вазъи имрӯзаи Тоҷикистон бо назардошти хусусиятҳои дохилӣ ва дар матни имрӯзаи ҷаҳон, умуман, вуҷуд надоранд. Истиқлоли фикрӣ дар ҳамоҳангӣ бо истиқлоли воқеӣ месабзанд. Он чизеро, ки бисёриҳо бо истифода аз калимаву мафҳумҳо зери таъсири назарияҳои бегона менависанд, фикршуда ва ба манфиати мардум нестанд, зеро ба фазои воқеъии иқтисодӣ-иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ-сиёсии мо мувофиқат намекунанд. Фақат бо мақолаҳои яктарафа ва бетаҳлили Маркази исломшиносии назди Президент ва Кумитаи дини назди Ҳукумати ҶТ, ки аксари кулли онҳо ҳам бо исмҳои сохта ба нашр мерасанд ва дар заминаи онҳо бо ҳизбу шахсиятҳо бархӯрд кардану душмантароширо пеш гирифтаанд, танҳо ва танҳо роҳандозии фитна дар ҷомеъа мебошанду бас. Аслан, вақте аз неруҳои хориҷӣ ва ҳаракатҳои сиёсии дунё ҳарф мезанем, вақте аз демократия, дунявият ва ҳуқуқбунёд будани ҷомеъаи худ садо баланд мекунем, бояд сатҳи фаҳмишу таҳлил ва фикррониро шаффоф ва ба сатҳи ҷаҳонӣ бардорем…
Дар ҳайратам, ки бо ин ҳама хилофкориҳои қонунӣ ва ахлоқӣ то ҳол парламенти мо вуҷуд дорад ва ба истеъфо намеравад. Ба истеъфо нарафтанаш ҳам эҳтимол маълум аст, дар он ҷо қариб инсонҳои таҳлилгару фикркунандаи сатҳи ҷаҳонӣ вуҷуд надоранд…
Хулоса, маълум аст, ки қудратҳои хориҷӣ ҳама вақт аз пайи манфиатҳои худанд, вале боз ҳам эҳсос мешавад, ки дар мо шароитро барои инқилоб, бахусус барои инқилобҳои таҳмилӣ дар долонҳои низоми давлатдорӣ омода месозанд. Инқилобҳои таҳмилӣ аслан дар даврони ҷанги сард пайдо шудаанд, ки дар кишварҳои мухталифи пасошӯравӣ, Амрикои Лотинӣ ё манотиқи дигар тарафдорони қудратҳои ҷаҳонӣ вобаста бо идеологияҳои хеш табаддулотҳои сиёсӣ- низомиро пиёда месозанд. Ин механизм ба коркунони амниятии шӯравӣ хеле хуб шинос аст ва хавфи онҳо дар ҳамин аст. Чун имкониятҳои қудратҳои ҷаҳониро то ҷое медонанд ва ҳақ ҳам ҳастанд. Вале ба дарки асли масъала намерасанд, ки ин табаддулотҳо дар кишварҳое сурат гирифтанду мегиранд, ки бунёди иҷтисодӣ- иҷтимоъии онҳо харобу фарҳанги миллат пароканда буда, идеологияи муайян ҳам вуҷуд надоштааст…
Нақши давлатро бояд комил кард
Пас оё нақши давлат дар ин роҳ ҳалкунанда нест?
Имрӯз дар давраи ҷаҳоншумулӣ, бешак, бозингари асосӣ давлат аст. Бояд дарк кард, ки давлат бо ҳама таркибу амалҳояш падидаи иҷтимоъист ва раванди ташаккулёбӣ ҳам дорад. Фикр мекунам, аз фикри марксистӣ-ленинӣ, ки дар он бештар ҷойгоҳи давлатро ҳамчун дастгоҳи пахшкунӣ ва назоратӣ мебинад, канор рафта, ба мафҳуми давлат бояд рӯҳу маъниҳои навинро ворид кард. Маълум аст, ки давлат маҷмӯи амалу муносибатҳост, ки дар воқеъияти ҳаётии мардум амалӣ мешаванд. Танҳо бо як амал, бо назорату идора кардан набояд қаноъат кард, балки тарафи дигари қудрати давлатро, ки дар созанда буданаш аст, онро бояд дар ҳаёти мардум дид. Маҳз маҳдудиятгузориҳо сабаби пастии фарҳангӣ, боқӣ мондани маризиҳои таъхрихӣ ва рушди фасод дар ҷомеъаи мо мебошанд.
Бале, мо дар як фазои пасти фарҳангӣ зиндагӣ дорем, ки дар он мардум, аз ҷумла сиёсатмардони сатҳи давлатӣ, инчунин зиёиёни наздик ба он аз маризию маҳдудиятгузориҳои маҳаллӣ -таърихии хеш берун нарафтаанд. Аз ин сабаб “давлати миллӣ” барои аксарият ва дар баробари воқеъиятҳо ба як чизи трансенденталӣ (мутаъолӣ) табдил ёфта, бегона шудааст. Ин ҳамон рӯйдодест, ки дар бисёр маврид ба номи “боло” ёд мешавад ва мардум дигар ба шаффофияти корҳои амалдорон дар дастгоҳҳои давлатӣ хабару бовар ҳам надоранд, ки онҳо аз уҳдаи коре мебаромада бошанд ё хайр, чун масъалаҳои асосии иқтисодӣ-иҷтимоъӣ ҳал нашуданд.
Дар бораи идеологияе, ки дастгоҳи идеологии давлат гӯё бо он амал мекунаду мардум бояд ба он бовар дошта бошанд, чизе гуфтан имкон надорад. Ҳар чизе гуфтаву амал карда мешавад, танҳо барои пӯшонидани воқеъияти вазнини мавҷуди ҷомеаи Тоҷикистон будааст.
Аслан мо бояд ҷаҳони андеша ва идеологияи худро дошта бошем, вале мутаассифона, ба шиддат аз фаҳми ин мафҳумҳо дур мондаем. Сиёсатмардон кор карданро ёд нагирифтаанд, вақте менависанд, ки “барои давлат масъалаи ҷаҳонбинӣ аз лиҳози стротежӣ ҳаётан муҳим мебошад”, пас, маълум аст, ки аз сиёсат чизеро намедонанд. Барои давлат на “стротежии ҷаҳонбинӣ”, балки “стротежии ҷаҳонсозӣ” муҳим аст.
Имрӯз аз донишу таҷрибаи худӣ – ҳақиқат -қудрат ва фазосозии афкори сатҳи ҷаҳонӣ бояд хабардор буд, то давлату миллат ба он сатҳе бирасанд, ки ишораи хотирҷамъии мардумро аз нерӯҳои хориҷӣ гуфта тавонанд…
-Як ҳароси доираҳои маълуми кишвар эҳтимолияти истифодаи ангезаҳои исломӣ, бахусус ҳаракатҳои динӣ дар бозиҳои калони сиёсист ва онҳо дар суҳбату навиштаҳои хеш дар ин маврид ба таври ошкор ишора карда, онро мушкили аслии ҷомеъаҳои мусалмонӣ низ арзёбӣ мекунанд. Дар ин замина суол ин аст, ки хезишҳои мардумӣ дар ину он минтақаи ҷаҳони Ислом заминаи иҷтимоъӣ доранд ё ба таҳрики доираҳои бозингари бузург алоқаманданд?
– Решаи ин гуна падидаву рӯйдодҳоро бояд амиқтар омӯхт ва баҳои воқеӣ дод, бахусус он чизе дар баъзе кишварҳои исломӣ мегузарад, аз як тараф реша дар беадолатиҳои иҷтимоъӣ –сиёсии дохилии ин кишварҳо дошта, аз тарафи дигар натиҷаи сиёсатбозиҳои даҳсолаҳои охири нерӯҳои хориҷист, ки барои манфиати худ дар ин кишварҳо кор мебаранд.
Албатта, ҳар кишваре матни мустақил ва гуфтугӯи ба он матн мувофиқи худро дорад, вале дар баробари ин дасти қудратмандони дунё ҳанӯз ҳам дар муайян кардани сарҳаду маҳдудаҳо ва ҳувиятҳои мардум хеле бузург аст. Ҳанӯз ҳам ҳамон дунёест, ки болои арзишҳое, мисли худӣ ва ғайр, хоҷа ва ғулом, фаъол ва ғайрифаъол истодааст; майдони бозиҳои идеологӣ ва сиёсиест барои ҳифзу густриши манфиъатҳои худ. Давлатҳое, ки бунёди мустаҳкам доранд, дар он иштирок ва истиқлоли худро нигоҳ дошта метавонанд.
Дар ин маврид нерӯи дигари бозингаре низ мебинем, ки дар кишварҳои заъифтар системаҳои идоракунии диктатуриро дастгирӣ мекунанд ва аз ҳуқуқҳои шаҳрвандони онҳо чашм мепӯшанд.
Давлатҳои тоза ба истиқлолрасида дар ин гуна ҳолатҳо ду роҳ доранд: аввал, бояд истиқлолу ваҳдатро дар кишварҳои худ ба таври воқеӣ барқарор намоянд, ки он инкишофи саноат ва иқтисод, кам кардани суръати муҳоҷират ва аз байн бурдани он, таъмини бехатарии иҷтимоъию вуҷуди мардум ва ташкили ҷомеъаи шаҳрвандист.
Роҳи дувум ин тақдирро ба дасти нерӯҳои беруна вогузоштан ва ҳар дафъа ба хотири ҳифзи хеш дар қудрат хоҷаи нав пайдо кардан аст.
Роҳи аввалӣ роҳи давлати воқеъан мардумист, ки дар дохил такягоҳи иҷтимоии мустаҳкам дорад. Дар дунёи имрӯз ҳеҷ гуна нерӯи хориҷӣ мардуми огоҳ ва дар атрофи давлати худ ҷамъомадаро барои манофеъи худ истифода карда наметавонад.
Роҳи дувум роҳи давлатҳои диктаторист, роҳи он доираҳоест, ки ба қудрат расидаанд, вале нотавонии фарҳангию сиёсӣ имкон намедиҳанд, ки дар кишвар кори созандаеро роҳандозӣ намоянд. Аз ин рӯ, дар пайи пароканда кардани мардуми худанд ва ҳар беадолатие, ки хоҷагони нерӯманди онҳо пеш мегиранд, аз он дастгирӣ карда, муқобили арзишу идеяҳо ва ормонҳои созандаи худӣ ва умумиинсонианд, агарчи аз ин арзишу идеяҳо системаи рамзие барои фиреб додани мардуми худ месозанд.
Бо вуҷуд нерӯҳои беруна ҳастанду нақше доранд, вале ҳеҷ кас инкор карда наметавонад, ки давлатҳои хурд ҳам имкону ихтиёри интихоби ин ё он роҳро надошта бошанд. Ин ихтиёру интихобро танҳо касоне инкор мекунанд, ки ба истилоҳи Жан Пол Сартр, ба маризии равонии “бадимонӣ” (bad faith) гирифтор шудаанд. Инро дар фарҳанги мусулмонии мо “беномусӣ” ва “беғайратӣ” мегӯянд.
Маразии шахсиро ҷамъиятӣ карданд
-Ин маъниро бо мисолҳо шарҳ додан лозим меояд, ки маризии равонӣ ба матни Тоҷикистон чӣ рабте дорад?
-Ин ҳолати равонии шахсист, ки баъзеҳо бо мушкилоти худ муқобилият карда наметавонанд, аз озодии аслӣ ва ҷавобгарӣ дар баробари он чӣ кор бояд мекарданд, мегурезанд. Онҳо барои таскин ё сафед кардани беғайратии худ қиссаҳоеро ҳам дониста мебофанд.
Бале, ин маризии шахсист, вале вақте амалдорони давлатӣ ва ё зиёиёни ин миллат ба ин гуна маризӣ гирифтор мешаванд, он ба маризии ҷомеа табдил мешавад. Бубинед, як муҳаққиқи тоҷик, ки номи ӯ зери мақолааш нест, он ҳам аз Маркази таҳқиқотии стратегии назди Президенти ҶТ мебошад, дар бораи Ислом ва сиёсат ин гуна фикр дорад: “Сиёсишавии Ислом аз замоне сар шуд, ки муборизаи миллию озодихоҳӣ бар зидди давлатҳо ва қудратҳои мустамликадорӣ оғоз шуд. Нерӯи муборизи Ислом дар ин задухӯрд коройии худро нишон дод. Вале бо ҳамин инертсия сиёсатгароӣ ва сиёсишавии Ислом, ки ҳоло ба манфиати Ислом ва кишварҳои исломӣ нест, бо вуҷуди расману амалан аз байн рафтани мустамликадории ошкор низ идома дорад. Душманони Ислом ҳам ҳаминро мехоҳанд, чунки бо ба роҳ андохтани ҳарос аз Исломи сиёсӣ барои ҷилавгирии густариши рӯзафзуни он мусоидат мекунад. Ин аст, ки онҳо кӯшиш доранд, Исломро бештар дар ҳамин ҷабҳаи хушунату зӯрӣ, дар нақши исломи сиёсӣ, дур аз нақши исломи маънавӣ нигоҳ доранд…” (“Набзи замон”, № 2, 2013 ).
Бо назардошти мисоли боло мехоҳам ба таркиби фикри таҳиякунандаи ин ҷумлаҳои подарҳаво аҳамият диҳед, ки чӣ дурӯғеро бо тарсу заъф омехта кардааст.
Ба фикри муаллиф, мардуми мусалмон то омадани мустамликадорон тамоман аз сиёсату давлатдорӣ бехабар буда, танҳо баъд аз бархӯрд бо мустамликадорон аз сиёсат огоҳ шудаанд. Инчунин ҷумлаи баъдӣ аввалиро инкор мекунад, ки дар бархӯрд бо мустамликадорон мусулмонон қудрати худро нишон доданд. Агар чунин аст, пас, аз қабл соҳиби давлату фарҳанги сиёсӣ ҳам буданд.
Бубинед, дар ҷумлаҳои мобайн ин “бузургвор” бо як бечорагӣ мегӯяд, акнун дигар барои мардуми мусалмон давлату қудрат ва сиёсат доштан даркор нест, чун давраи мустамликадорӣ гузаштааст. Зеро ба сиёсат машғул шудан, ба фикри ӯ, фоидаи душманони Ислом будааст. Яъне мардуми мусулмон набояд ба сиёсат машғул шаванд ва дар баробари падидаҳое, чун Толибону ал-Қоида, ифротиёни салафӣ, Баку Ҳарам (Ниҷерия) ва дигар гурӯҳҳои банёдгаро ва бемағз, ки қисмати зиёди онҳо аз доираҳои сиёсии Ғарб сармояву идея ва илҳом мегиранд, хомӯш бошанд, то “душманони Ислом” наранҷанд…
Ин тарзи пасти баҳодиҳӣ нисбат ба таъриху фарҳангро дар кишварҳои исломӣ дар ягон ҷо ва дар кадом мактаби фикрие наметавон пайдо кард. Аслан, ин ҷо масъалаи Ислом ва ҳимояи он матраҳ нест. Муаллиф дар баробари инкори сиёсат дар Ислом номусро инкор кардааст, ки дар фарҳанги мардуми мусалмон маънии ҳимоя аз марзу бум, низом ва осудагии мардум, аз моликияти ҷомеаи мусалмонӣ ва қонуну қоида, аз маросими амалкунандаи мардумиро дорад. Аз дигар тараф фикри ҷоҳилонаи кӯчагӣ, “сиёсат як чизи ифлос аст”-ро дар бораи ширкати нолозими мардум дар сиёсат тақвият бахшидааст.
Бояд гуфт, ин як падидаи аҷибест дар Тоҷикистон, ки дар байни қисмати зиёиён ва сиёсатмардони имрӯзаи он ҳукмронӣ дорад ва он таҳқиқоти мустақилеро тақозо мекунад. Инсонҳое, ки аз сиёсат, аз як унсури наздиктарин ба ҳастии инсон ин гуна бардошти кӯчагӣ доранд, пас, ҳаққи дар давлат ва дар ниҳодҳои давлатӣ кор карданро надоранд!
Дигар ин ки ҳарфи “хулоса”-шудаи муҳаққиқ дар бораи “сиёсат як чизи ифлос аст”, реша дар амали амалдороне дорад, ки воқеъан, амалҳои ифлос доранд ва “гандумнамои ҷавфурӯш”-анд …
-Оё ин ҷо аз гуфтаҳои муаллиф маъние бар намеояд, ки ба сиёсат машғул шудани мусулмон ҷиноят аст?
-Бале, ҳамин аст ва фикр мекунам, сиёсат зидди сиёсат мебошад, ки дар мо ҳоло ба як воқеъият табдил ёфтааст. Яке аз нишонаҳои он ҳамин бадимонист, ки заъфу бечорагиро дар баробари мушкилоти ҷомеа нишон медиҳанд. Вақте роҳҳалҳои мушкилоти мардумро надоранд, бо душманони аслии кишвар дар гуфтугӯ қарор гирифта, дар дохил бо камбиниҳои худ ба инкори арзишу идеяҳо, ормонҳои созандаи худӣ ва умумиинсонӣ даст мезананд.
Фикр мекунам, яке аз решаҳои дигари фасоди рушдёбандаи кишвар низ ҳамин маризии бадимонист, ки амалдорон ба он арзишу идеяҳо ва идеалҳои ба мардум пешниҳодкардаи худ бовар надоранд, танҳо дар пайи “халосӣ”-и оила ва авлоди худ ҳастанд…
(давом дорад)
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода