– Мегӯянд илм низоми мукаммали чораҳои таъсиррасони идеологияро коркард кардааст , вале боз ҳам барои миллатҳо онро дар марҳалаи хос месозанду роҳандозӣ ҳам мекунанд, мисли кишварҳои арабӣ ва ҳоло дар Укроин. Оё чунин аст ё ин ҷо омилу чизҳои дигаре ҳастанд, ки кишвареро ба ҳолати инқилобӣ меоранд?
– Воқеъан, ин ҳарф дар хусуси нақши илм дуруст аст. Бале, илмро имрӯз дар мамлакатҳои тараққикарда ба кор мебаранд, вале аслан на барои бофтани идеология, тавре дар мо мепиндоранд, балки барои сиёсати амалӣ ва ҳимояи манфиатҳои худро дар ҷаҳон роҳандозӣ кардан. Мутаассифона, имрӯз илм дар ҷомеъаи мо дар он сатҳу манзалат нест. Аслан дар Ғарб ҳарфи машҳури “нобоварӣ ба афсонаҳои бузург” солҳои 70-уми асри гузашта пайдо шудааст, вале дар сохтмони ҷомеъа ва муносибат бо дигарон ба қудрати хабару техноложии навин такя кардаанд, на ба идеология.
Фикр мекунам, сиёсатгузорони (policymakеrs) мо ҳанӯз дар фазои андешаҳои охири асри 20-ум қарор доранд ва ин сабаб шуда, ки қобилияти ҳалли мушкилоти мардумро надоранд, ҳатто аз ҳалли масъала мегурезанд. Инчунин олимон, ниҳодҳои давлатӣ ва пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии мо наметавонанд барномаҳои воқеъан илмӣ-амалиро барои пешгири кардани ҳар гуна рӯйдодҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла инқилобҳои сохта, ба ҷомеа пешниҳод намоянд. Аз ин рӯ, маънии падида ва ашёро, чи хеле дар боло зикр кардем, то ба ҳадди пучӣ коҳиш додаанду медиҳанд.
Мутаассифона, мақолаҳои ахиран нашр шуда дар масъалаҳои идеология ва рӯйдодҳое, ки дар Тоҷикистон гузашта истодаанд, шоҳид мегардем, ки сиёсатгузорон ва зиёиёни наздик ба онҳо (аслан сиёсатгузор бояд зиёӣ бошад) фазои дигар ташкил карда истодаанд ва дар чунин фазо ҳар қудрати хориҷие ба осонӣ намоиши сиёсиеро ташкил карда метавонад. Бубинед, барои вайрон кардани низомҳои собиқ ва дахолат ба корҳои давлатҳое ҳамчун Ироқ, Либиё ва Афғонистон инқилобҳо зарур нашуданд. Вале касоне, ки ин корро карданд, аз вазъи дохилии ин кишварҳо, инчунин қудрати ВАО хуб истифода карданд…
Аммо илмӣ будани идеология, маънои аз нав бофтани онро надорад, балки шароити ҳаётӣ ва фарҳангиро барои арзишу идея ва идеалҳо бояд ба вуҷуд овард, ки дар вуҷуди инсонҳо ва ҷомеъа дар кор бошанд. Истиқлолият, ки як маънии идеологияи тоҷикон: ҳамоҳангии қудрат, ҳақиқат (идеология), қонун ва пулу иқтисоди ин мардум ҳаст, ки бо ҳам сахт бофтаву тофтаанд ва дар вуҷуди шахсиятҳои ин миллат, инчунин дар ҷомеъа бояд дар ҳолати корӣ бошанд. Ин арзишҳо бунёди ҷомеъаи солими амалкунандаанд.
Ба такрор мегӯям, арзишҳое мисли “истиқлол” ё ”ваҳдат” идеал нестанд, балки шароит барои идеали миллианд. Истиқлолу ваҳдат арзишҳоеанд, ки бояд ба амал ва воқеият табдил ёбанд, на ин ки ҳамчун мифу идеал боқӣ монанд, ки ин ба фалсафаи пуч (абсурд) оварда мерасонад.
Ин ҳам аз қисмати падидаи коҳиш додани маъниҳо аз тарафи муҳаққиқони тоҷик аст, ки дар ниҳодҳои давлатӣ ва пажуҳишгоҳҳо кор мекунанд. Дар хусуси идеали миллии тоҷикон гуфтаниам, ки он вуҷуд дорад ва дар вуҷуди ҳар як тоҷики огоҳу бедор ҷой дорад. Ин идеал дар донишу таҷрибаи гузаштагони ин мардум ҳазорсолаҳо боз кор мекард ва ҳоло ҳам ҳаст.
Ин ҷо, яъне дар ин гуфтугӯ, омили “инсони зарурӣ ва муайянкунанда” ҳаст. Касоне, ки ба улуми иҷтимоӣ ва инсонӣ сару кор доранд, аз марксистҳо то дигарон бар ин назаранд, ки шахсият ва ё худии инсон аслан дар зери таъсири таркибҳои иҷтимоъӣ -сиёсӣ ва фарҳангӣ шакл мегирад. Барои таъсир доштан ба инсонҳо бояд бунёди ин таркибҳо солиму мустаҳкам бошанд. Яъне барои он ки дар Тоҷикистон мақомот аз мардуми худ дилпур бошанд, бояд ин таркибҳоро солим гардонанд, он гоҳ технологияҳои муайяни худсозӣ дар сохтмони инсонҳо ва ҷомеъа нақш бозида метавонанд. Чизи муҳим дар ин масъала, ба таври ихтиёрӣ ва табиӣ аз идеология ва сиёсати давлат дастгирӣ кардани мардум аст. Ин кор замоне воқеъият пайдо мекунад, ки мардум дар воқеъ ҳаёти солим ва комили инсонӣ дошта бошанд, ҳадди ақал ҳис кунанд, ки дар ин роҳанд. Чунин дастгириро бо шиъорзанӣ ва ҷашнҳои бемавқеъ наметавон ба даст овард. Бубинед, ба ҳама кӯшишҳои зиёди мақомот нигоҳ накарда, имрӯз дар Тоҷикистон қисмати зиёди мардум, ба хусус ҷавонон зери таъсири идеяву арзишҳо ва идеалҳои нодаркор ва ғайр мондаанд.
Тавре шоҳид ҳастем, дар ин мавҷи ҷаҳонишавӣ ба воситаи шабакаҳои интернетӣ, инчунин бо сабаби дар муҳоҷират будани мардум, онҳо, бахусус қишри ҷавони он зери таъсири рӯйдодуу тафсирҳои беруна мемонанд. Вале ин ба он маъно нест, ки ҳар чизе дар як сарзамин рӯй медиҳад, ҳама аз берун роҳандозӣ ва идора мешуда бошад. Бовар дорам, ки решаи мушкилот аслан дар дохил аст. Дар он фурсате, ки сиёсатмардони мо барои ба як сатҳи солим гузаштани фарҳанги баъди Шӯравии тоҷикон доштанд, талош накарданд ва фазои ягонаву солими фарҳангиро ташкил карда натавонистанд.
Имрӯз танҳо ба ҷаҳонбинии шикастхӯрдаи марксистӣ- болшевикии тоҷикӣ наметавон такя ва амал кард. Инкишофи лингвистика, ҷомеъашиносӣ, антропология, сиёсатшиносӣ, равонковӣ, таърих ва дигар илмҳо кайҳо бисёре аз гуфтаву фаҳмишҳои Маркс ва Энгелсро дар масъалаи “шуур”, дин, табақаву синфҳо ва дигару дигар ба чолиш кашида, нигоҳҳои дигарро пешниҳод кардаанд…
– Чунин як фазоро бо чӣ роҳе бояд шинохт, мехостам дар ин маврид шарҳи бештар мефармудед?
-Аслан дар мо аз оқибати корҳои худ бехабар, кӯшиш доранд фазои фарҳангии мавҷудро вайрон кунанд. Барои ин, дар таърих идея ё бунёди нав кофтанианд, ки ин кӯшишҳо баъзеҳоро то ба сарҳади мурдапарастӣ (nеcrophilia) расонидааст. Инҳо дар ин роҳ таърихро бо фарҳанги зиндаи амалкунандаи мардум муқобил гузоштанианд. Оқибати гуфтугӯҳо ва фазои бадбиниву якдигарнофаҳмиеро, ки имрӯз дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоъии интернетӣ, инчунин дар кӯчаҳои Суриё ва дигар ҷойҳо мебинем, ба воқеъияти Тоҷикистон кашиданианд.
Бубинед, муаллифи мақолаи “Идеология ва манфиати миллӣ” бо чӣ тарзе дур аз шинохти воқеъият ва фарҳанги мардуми Тоҷикистон ҳарф мезанад. Аслан ин мақола аз забони русӣ ба тоҷикӣ бисёр ба таври дағал тарҷума шудааст, ки дар ин раванд бисёр маъниҳо гум ва баъзе аз мафҳумҳои дигар пароканда шудаанд.
Дар ин мақола аз ҷавҳари тамаддуни исломии тоҷикӣ, ки мутафаккиронаш дар оғӯши он тарбия ёфта, сабз шудаанд, ёд карда намешавад, дар ҳоле ки мебоист ёд мешуд. Воқеъан, роҳҳои худсозии дар Қуръону ҳадисҳои Пайғамбар (с) реша дошта, мардуми минтақаи моро ба шинохти баландтар, берун аз ҳар гуна маҳдудаҳои авлодиву маҳаллӣ ва нажодӣ расонида буд. Маҳз дар ҳамин поя онҳо ба маъниҳои умумиинсонӣ ва ҷовидона асос гузоштанд, ки имрӯз онҳоро мардуми дунё тарҷума мекунанду мехонанд. Тавре мебинем, аз он одамияти олӣ, ки дар фазои фарҳанги исломӣ ба вуҷуд омад, ёд намекунанд ва танҳо номи бунёдгузорони он эҳёро медонанду бас. Дар ҳар ҷое пеш омаду хуш омад лоф мезананд, ки онҳо ҳамшаҳрӣ ва ё ҳамнажоди мо буданд. Вале аз роҳи шинохт ва он чизе, ки ин мардони Худо чӣ гуна ба ҳақ, ҳастӣ ва воқеъияти худ рӯ ба рӯ мешуданд, ҳарфе намезананд.
Баъзе аз мардум хурсанд мешаванд, ки кадом таърихнависи ғарбие дар бораи “равшангароии гумшуда”-и мо гуфтааст, вале намедонанд, ки ҳазорҳо ҳаракат ва эҳёи дигар дар вуҷуди ин мардуми оворашудаи тоҷик ниҳон аст. Фикр мекунам, зарурате вуҷуд надорад, ки имрӯз бо истифода аз рӯҳу равони болшевикии тафсир, байни мардум ихтилоф андохт, он ҳам дар шароите, ки мардум як воқеъияти вазнинеро дар дохили кишвар ва хориҷ, инчунин дар интернет рӯ ба рӯст. Бубинед ҳар кӣ воқеан аз таърих, фарҳанг ва маънавиёти ин мардум огоҳ ҳаст, ҳеҷ гоҳ ин гуфтаҳои парокандаро намеписандад, ки “….ҳатто дар асрҳои миёна, аз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Убайди Зоконӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ сар карда, то ба Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абдурауфи Фитрат ва бисёре аз дигарон дар шароитҳои вазнинтарини ҷаҳолат, бузургтарин асарҳои маънавӣ офариданд… Ягон зарурати ин ҷо сарафкандагӣ дар назди фарҳанги бегонаи зӯран таҳмилшуда, ки аз таъриху фарҳанги тоҷикӣ – форсӣ поин меистад, нест…. Абулқосими Фирдавсӣ мекӯшид истилогарони аҷнабиро ба он бовар кунонад, ки халқи ӯ соҳибғурур, тавоно, аз лиҳози маънавӣ бой ва аз ҳама ҷиҳат худкифо мебошад. Мазмуну муҳтавои эҷодиёташ на танҳо ба муқобили душманони берунаи халқи тоҷик, балки бар зидди он ҳамватаноне нигаронида шуда буд, ки дар пеши истилогарони аҷнабӣ, забон, фарҳанг, тарзи зиндагӣ, маросиму идеологияи онҳо, ба хотири расидан ба мақсадҳои ғаразноки хеш сар фурӯ меоваранд ва дар таърих чунин мисолҳо буданд…”. Ин ҷо аз як тараф мебинед, ки рӯҳи фазои фарҳангӣ- исломии тоҷикон, ки барои мутафаккирони мо ибтидои шинохт ва ташаккули худӣ, дониш ва ҷаҳонбинии бисёре аз мардум буду ҳаст, аммо бо арабият коре надорад ва дарк ҳам нашудааст.
Аз тарафи дигар, ман нафаҳмидам баъди чандин садсолаҳо мардумро ба бадбинӣ зидди аҷнабиён даъват кардан ба чӣ хотир аст? Суоле пеш меояд, ки дар ин минтақа бо туркҳо ва русҳо чӣ кунем, ки бо ин мардум дар фазои фарҳангие зист доштем. Инҳо дар фарқият аз арабҳо, ки китоберо муъаррифӣ карданду рафтанд, ин қавмҳо, туркнажодону русҳо бештар сари мо ҳукмронӣ кардаанд. Магар месазад бо ин мардум ҳам дар бархурд буд, дар ҳоле ки аз ҳамдигар дар ин сарзамин чизеро омӯхтем ва доду гирифт доштем?
На! Фикр мекунам, мушкилӣ дар фарҳанг нест, мушкилӣ дар кор карда натавонистан ва гурехтан аз ҳалли масъалаҳои иҷтимоъии мардум аст! Бубинед, чӣ гуна сиёсатгузорони тоҷик (суханрониҳои Ш. Зуҳуров ва А. Азимовро) ҳам аз арзишҳои мардумсолорӣ ва аз онҳое ҳам, ки арзишҳои умумиинсониро муаррифӣ мекунанд, шикоят доранд ….
– Шояд коҳиш додани маънии баъзе арзишу падидаҳо аз тарафи олимон, чуноне дар мисоли намояндаи МТС-и назди Президенти ҶТ дидем, оё бо “гурехтан” аз ҳалли мушкилоти иҷтимоъии мардум алоқае дошта бошад?!
– Бале ин ду чиз: “гурез аз ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум” ва “коҳиш додани маънии ашёву рӯйдодҳо” дар воқеъияти имрӯзи Тоҷикистон, ду тарафи як тангаанд, ки якдигарро пурра карда истодаанд.
Фикр мекунам, дар мо улуми иҷтимоъ ва инсонӣ (social sciеncеs and humanitiеs) чи хеле дар боло ҳам таъкид кардем, ба таври лозим инкишоф наёфтаанд. Суол ин аст, ки чаро ин ҳолатро дорем? Аслан дар мо одат кардаанд, ки дар вақти муайян кардани сабабу заминаҳои ин ё он рӯйдод ба зиёдаравӣ роҳ медиҳанд. Баъзан вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоъиро мисол мезананду онро сабаби ягона меҳисобанд, дар дигар ҳолат масъалаҳои субъективӣ, мисли фарҳанги исломӣ ва ё шахсияти танҳоеро сабаби ҳама бадбахтиҳо мепиндоранд.
Ин ҷо метавон гуфт, новобаста ба мушкилиҳои иқтисодӣ- иҷтимоъӣ барои як инсони муҳаққиқ дар дунёи имрӯз шароити аз ин беҳтар нест ва намешавад. Интихоб ҷустуҷӯи озодро доранд, дастрасӣ ба ҳама гуна мавод ва ғизои маънавиро низ. Вале тавре мебинем, муҳаққиқон кӯшиш надоранд, ба воқеъияти худ рӯ ба рӯ шаванд ва дар пайи дигаргун кардани он бошанд, баръакс бо системаи фасод ҳамкорӣ мекунанд. Дар бораи он чӣ дар чаҳон ва ҷомеъаи худ мегузарад, таҳқиқотҳои ҷомеъашиносӣ, сиёсатшиносӣ, антропологӣ, равонковӣ, забоншиносӣ ва фалсафӣ каманд ва ё қариб вуҷуд надоранд. Аслан маънӣ ва моҳияти фанҳои муҳими омӯзиш ва тарбия дигар нашудаанд ва ба талаботи имрӯз ҷавобгӯй нестанд. Масалан, агар забоншиносӣ (linguistics) дар садсолае, ки гузашт, дар Ғарб як инқилоб дар тафаккур ва биниши мардум ба вуҷуд овард. Онро ба инқилоби Коперник дар илм баробар мекунанд, аммо дар мо ҳанӯз забонро фақат дар сатҳи суффиксу префикс таҳлил карда истодаанд. Қариб дар ҳама соҳаҳои таҳқиқоти илмӣ мардуми мо аз дунё қафо мондаанд. Донишҷӯён фикр кардан ва шинохти дуруст аз воқеияти худ ва дигаронро надоранд. Роҳҳои таҳқиқ ва назарияҳои илмӣ ҳамавақт бояд дар ҳолати навгонӣ бошанду бо шинохти ҷомеъа ва ҷаҳон ҳамқадам, вале мутаассифона, чунин нест. Китобҳои дарсие, ки дар ин соҳаҳо навишта мешаванд, бо рӯҳи замон ва воқеъияти Тоҷикистон созгор нестанд. Вақте ҷомеъа дар ҳоли ҳаракат нест ва касоне, ки воқеъан меъморони ин илмҳо ва ҷомеъа мебошанд, хомӯширо интихоб мекунанд. Албатта, ин як падидаи табиист, ки акнун мақомот ба ҷои ҷомеъашиносон ва сиёсатшиносу файласуфон аз амри маъруфи махсус тайёркарда барои имомхатибон истифода мебаранд.
Ҷои тааcсуф аст, ки ин қавм, онҳое ки аз улуми иҷтимоъӣ ҳарф мезананд, баъзеҳо мавқеъи аҷиб доранду мегӯянд: мо ба сиёсат ҳамроҳ намешавем. Онҳо бо ин мавқеъгирии худ аз ҳар чизе дар ҷомеъа мегузарад, чашм мепӯшанд. Агар ҳарфе бигӯянд ҳам онро паси деворҳои маҳаллӣ қарор дода, намояндагони маҳалли дигарро ба ин ҳама бадбахтиҳо гунаҳгор мекунанд.
Фикр мекунам, дар мо ҳанӯз фазои ақлонии мустақил ва академикӣ ба вуҷуд наомадааст. Академияи улум, пужуҳишгоҳу донишгоҳҳо бояд як дунёи мустақилу озод ва аз зери фишори низоми сиёсӣ ва идеологӣ берун бударо дошта бошанд, то тавонанд ба таҳқиқи воқеъии ашё ва рӯйдодҳо машғул шаванд.
Дигар ин ки ҳанӯз мақомот дар интихоби кадрҳои худ барои низоми академикӣ, аз сатҳи маҳдудаҳои хос ва музофотиву маҳаллӣ берун набаромадаанд. Мутаассифона, баъзе профессору академикҳои шӯравирешаи мо ҳам дар ҳамин сатҳ боқӣ мондаанд…
-Ин ҷо боз масъалаи дар боло зикр шуда пеш меояд, яъне нақши давлат ё қудрат дар ташкили илм ва маориф дар кадом поя аст?
-Бале, чун дар системаи давлатдорӣ корҳо печида буда, ҳанӯз маризиҳои таърихӣ имкон надодаанд, ки ба як сатҳи фикрии болотар, ба гуфти устод Шакурӣ, аз “шуъури музофӣ”, берун бароем….
Мушкилиҳо дар табиати бозингари асосӣ, давлат мебошанд, ки ба ислоҳот ва дигар кардани тарзи кори худ бениёзӣ нишон медиҳад. Ҳанӯз ҳам фурсат ҳаст, то ҷойе имкон дорем, ба пеш нигоҳ карда, аз ҳалли мушкилотҳои иҷтимоъӣ худро канор нагирем. Фикру ҳастии ҷомеъа ва фарҳангро ба як сатҳи баландтар бардорем. Вақте дар бораи таҳдиди хориҷиҳо ҳарф мезанем, вале сиёсати тақсиму идора кардан ва душмансохтани якдигарро пеша қарор медиҳем, маълум аст, ки оқибати мо чӣ мешавад. Ҳоло дар ҳолате қарор дорем, ки ҳуҷуми салибӣ ба муқобили фарҳанг ва зарари мост. Имрӯз имкон дорем, хатогиҳои таърихии худ ва дигаронро биомузему фаҳмида кор бигирем.
Бубинед, ҳамин як падида нисбати ақлу илм мутлақгароӣ кардан ва илму мантиқро гумшудаи худ эълон доштанро. Дар як вақт, мисли садсолаҳои гузашта ақлро бо имон, фалсафаро бо дин муқобил гузоштан ва ба ҳама бадбахтиҳои мардум дин ва фарҳанги диниро гунаҳгор донистан нишонаи он аст, ки олимони огоҳ надорем. Имрӯз танқиде, ки вуҷуд дорад, созанда нест ва аз маҳдудаҳои маҳаллии мардум берун набаромадааст. Кӯшише надоранд, ки мустақилона истифода бурдани ақлро ёд бигиранд ва дар таркибҳои фарҳангии худ нақши ақл, илм ва мантиқро кашф намоянд, ки дар кадом сатҳ буд. Ба ёд намеоранд, ки тоҷик қобилияту зарфияти шинохт ва истифодаи ин унсурҳоро дошт ва имрӯз ҳам дорад. Инро ҳам дар ёд надоранд, ки маорифпарварии Ғарб (еnlightеnmеnt) чӣ тақдири таърихие дошт ва тарафи дигари онро, ки оқибат ба буҳрони ақл, ҳувият, пайдоиши режимҳои худкома ва ҷангҳои ҷаҳонӣ оварда расонид, аслан бардоште барои мардуми худ надоранд ( Шпенглер, Ҳуссерл, Ҳайдеггер, Мактаби танқидии Франкфурт, Арендт, Фуко, Лакан, Жижек ва дигаронро бояд омӯзанд).
Аз тарафи дигар, вақте мақомот дар бораи тараққиёт ҳарф мезананд ва давлатҳои Ғарбро мисол меоранд, фаромӯш мекунанд, ки Ғарби садсолаҳои охир тараққикарда ба идеяҳои ҳюманистии давраи эҳё ва либерализми инқилоби Фаронса камтар имон дошт, балки арзишҳои бунёдии Ғарб ё худшиносии мардуми он дар давраи нав (modеrnity), худӣ ва бегона, хоҷа ва ғулом, сармоя ва истисмори дигарон буданд. Мо тавре шоҳид мегардем, ба воситаи мардуме, ки дар бораи идеология менависанду мегӯянд ва воқеияти моро барои худамон тафсир мекунанд, ҳанӯз дигарон ҳарф зада истодаанд ва ин ҳаргиз ба фоидаи мардуми Тоҷикистон нест. Вақте мустақилияти фикрӣ вуҷуд надорад ва аз ҳукмронии чорчӯбаҳои биниши дигарон набаромадаем, ки ҳанӯз ҳам дар мағзу андешаи мо ғолибанд ва ҳақиқат, маънии ашё ва рӯйдодҳоро муайян мекунанд, чӣ гуна идеология ва манфиати худро шинохта метавонем…?!
Ҳикматуллоҳ
Сайфуллоҳзода