Categories Uncategorized

Набудани мутахассисон сабаби афзоиши худкушӣ гаштааст

Миҷгона Ҳалимова

www.nahzat.tj

Имрӯз дар Тоҷикистон афроди мубтало ба бемориҳои равонӣ бештар ба назар мерасад, вале эҳсос мешавад, ки мутахассисони соҳаи равоншиносӣ ва равонпизишкӣ дар кишвар намерасанд. Ва ин сабаб мегардад, ки ташхиси нодурусти ин беморӣ миёни кӯдакон афзоиш ёбад.

Гулбаҳор сокини пойтахт мегӯяд, фарзанди ӯ, ки ҳоло 10- сол дорад, бо нишонаҳои бемории равонӣ ба дунё омадааст. Ва иллати аз батни модар бемор ба дунё омадани кӯдакро пизишкон ба фишори равоние марбут донистаанд, ки модар ба он гирифтор буд. Ин дар ҳолест, ки мутахассисон ва коршиносони байналмилалӣ, депрессия ё фишорҳои равониро оғоз ё сарчашмаи пайдоиши бемориҳои рӯҳиву равонӣ дар миёни мардум дониста, паёмади онро махсусан барои занҳои қобили таваллуд даҳшатбор арзёбӣ мекунанд.

Мақомоти кишвар соли гузашта эълом карда буд, ки теъдоди расмии мубталоён ба бемориҳои равон дар Тоҷикистон беш аз 43 ҳазор аст, аммо соҳибназарон мегӯянд, ки теъдоди воқеии чунин афрод дар ин кишвар чанд маротиб зиёд аст.

Абдувосит Фаттоҳов, рӯҳшиноси Маркази бемориҳои рӯҳӣ мегӯяд, “ҳамарӯза ба мо зиёд нафарон, ки гирифтори чунин беморӣ мебошанд, муроҷиат мекунанд ва мо ба онҳо кӯмакҳои худро мерасонем. Вале дар мавриди он ки чи қадар беморон муроҷиат кардаанд, маълумоти дақиқ надорем”.

Зайниддин Хушов, омӯзгор мегӯяд: “Бигзор Вазорати тандурустӣ мутахассисони соҳавиро барои Тоҷикистон бозомӯзӣ кунад. Пас аз ҷанги шарвандӣ Тоҷикистон ба равоншинсон ниёз дорад. Яъне афзоиши бемориҳои равонӣ бар асари ҷанг, бӯҳрони иқтисодӣ ва нохушиҳо муҳоҷирати корӣ дида мешавад. Вазорати тандурустиро мебояд роҳҳои алтернативиро барои кӯмак ба гирифторони бемориҳои равонӣ дар Тоҷикистонро дар вазъияти феълӣ пайдо кунанд. Ва ё роҳҳои кӯмаки дурусти аввалия ба беморони равонӣ ва ташхиси дурусти беморонро ба роҳ монад.”

Ҳарчанд, ки имрӯз донишгоҳҳои кишвар мутахассисони равоншиносӣ омода кунад ҳам, вале бештари ин афрод аз фаъолияти дар соҳаи равоншиносӣ даст кашидаанд. Бо сабаби паст будани маоши равонпизишкон ва мутахассисони бемориҳои равонӣ зиёде аз ин пизишкон шуғли худро тарк карда, касбҳоеро интихоб мекунанд, ки маоши хуб доранд. Ба монанди ҷарроҳ, дандонпизишк, бемориҳои занона (гинеколог) ва амсоли инҳо касбҳоеро барои худ ихтиёр мекунанд, ки ин ҳам ба хотири даромади хуб аст.

Аз тарафи дигар муносибати ҷомеа ба беморони равонӣ ва рӯҳӣ дар Тоҷикистон ба таври дигар аст, яъне нисбати онҳо беаҳмиятӣ ба чашм мерасад. Чунин бемориҳоро бештар на ба назди мутахассисони соҳавӣ, балки ба назди тибибони мардумӣ мебаранд.

Бештари мардум дар ҳолати депрессия ё фишори равонӣ даст ба худкушӣ мезананд, пас дар ин маврид хуб мешуд, ки Вазорати тандурустӣ миёни мардум фаҳмондадиҳиҳо ба роҳ мегузошт.

Холаи Зебо, ки зиндагии хело бад дорад, мегӯяд, ки аксари беморони равонӣ аз хонаводаҳои камбизоат мебошад. Ӯ афзуд: “зеро шароити зиндагиам, ки паст аст, доимо дар фикри чизе ҳастам, ҳатто чандин маротиб худамро мехостам кушам”. Тибқи омори расмӣ дар миёни афроде, ки дар Тоҷикистон даст ба худкушӣ задаанд, беморони равонӣ зиёд будааст. Ҳатто сари ин масъала дар як ҳамоиш таъкид шуда, ки дар сурати афзоиши мутахассисони равонпизишкӣ дар Тоҷикистон шумораи чунин нафарон кам хоҳад гашт.

Аз тарафи дигар ҳастанд ҳолатҳое, ки имрӯз чӣ омӯзгорони макотиб ва мураббиёни кӯдакистонҳо аз пазируфтани кӯдакони аутист ба муассисаҳо худ худдорӣ мекунанд, ки ин рафтори омӯзгорон нақзи ҳуқуқи кӯдакон аст, зеро онҳо бо ҳар кӯдаки дигар ҳуқуқи баробар доранд. Ҳатто агар маълумот дар бораи бемор ба корфармо ё муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои давлатӣ пешниҳод мешавад ва чунин кор боис мешавад, ки дар вақти ба кор қабул кардан ва ё фаро гирифтан бо таълим гирифторони бемории равонӣ низ ба ин мушкилӣ дучор мешаванд.

Бояд гуфт, ки теъдоди гирифторони бемориҳои рӯҳӣ дар тамоми ҷаҳон рӯ ба афзоиш ниҳода, ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тахмин мезанад, ки дар солҳои 2020-2030 теъдоди мубталоёни ин маризӣ ба ҷои аввал баромада, аз бемориҳои дилу саратон низ бештар хоҳад шуд.

Хонандаи азиз, ин гурӯҳи беморон на танҳо ба кӯмаки табибон ниёз доранд, балки ба дастгириву ҳамдигарфаҳмии атрофиён низ эҳтиёҷманданд. Аз ин рӯ биёед бетараф набошему бо ин қишри аҳолӣ муносибатамонро хуб кунему онҳро дастгирӣ намоем!

More From Author

You May Also Like