Categories ҶОМЕА

Набуди газ бекориро зиёд ва истеҳсолотро кам мекунад

Кароматуллоҳи Самад

11.04.2012, 00:45

«Буҳрони бегазӣ камари иқтисоди миёнаи моро мешиканад»

Коршинос: Вақте семент кам мешавад, бебарқӣ ҳам идома меёбад

Иқтисоди дастнигар наметавонад рушд кунад

Масъулини «Тоҷиксемент» мегуянд, ки бо иллати маҳдуд шудани интиқоли гази табиъӣ ба корхона, иддае аз коргаронро ба мурахассии бемузд равон карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ҳам кам шудааст.

Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати кишвар ба мо иттилоъ доданд, ки дар се моҳаи соли ҷорӣ корхонаи «Тоҷиксемент» 51,2 ҳазор тонна семент истеҳсол кардааст. Ин ҳам дар холест, ки дар се моҳаи аввали соли 2011 корхона ба андозаи 66,3 тонна семент истеҳсол карда буд. Асосан, 60 дарсади сементи истеҳсолшудаи корхонаи мазкур ба сохтмони Роғун равона шудааст. Гуфта мешавад, ки давоми се моҳи соли ҷорӣ дар кишвар дар умум 54,5 ҳазор тонна семент истеҳсол шудааст, ки 51,2 хазор тоннаи он маҳсулоти «Тоҷиксемент» ва боқимонда маҳсулоти корхонаҳои дигари ватанӣ мебошанд.

«Буҳрони бегазӣ камари иқтисоди миёнаи моро мешиканад»

Шурӯъ аз 1-уми апрели соли ҷорӣ, Узбекистон интиқоли гази табиъиро ба кишвари мо манъ кард. Солона, Тоҷикистон аз Узбекистон ба андозаи 180 миллион куб газ мегирифт ва корхонаҳои азими кишвар бо шарофати гази табиъии ин кишвар кор мекарданд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминии Тоҷик» (Талко) маълумоти пахшкардаи Вазорати энергетика ва саноати кишварро оид ба он, ки корхонаи мазкур дар давоми се моҳи аввали соли равон ба маблағи 27,5 млн. сомонӣ, ҳаҷми маҳсулоти саноатиро кам кардааст, нодуруст хонд.

Дар ин бора «Ширкати Алюминии Тоҷик» бо пахши як изҳорот ба ВАО-и кишвар иттиллоъ дод. Ба иттиллоъи «Талко», дар давоми се моҳи аввали соли равон, 74 ҳазору 58 тонна алюминии хом ва 73 ҳазору 362 тонна алюминии аввалия истеҳсол кардааст, ки маблағи умумии он ба 153,1 млн. доллари амрикоӣ баробар аст. Талко мегуяд, ки дар семоҳаи аввали ҳамин сол мизони иҷрои супоришҳои гирифтаашро «Талко» ба маблағи 5-6 миллион доллари амрикоӣ афзоиш додаст.

Коршинос: Вақте семент кам мешавад, бебарқӣ ҳам идома меёбад

Ҳоло Тоҷикистон болои захираҳои нафтии хеш, истифодаи маводи сухт, ангиштсанг ва барқ дасту панҷа нарм мекунад. Аммо, коршиносон мегуянд, ки Узбекистон на танхо бо истифода аз як фишор, қатъи интиколи газ, ба Тоҷикистон мушкил эҷод мекунад, балки бо ин роҳ мехоҳад фаъолияти корхонахои азими кишвар кам кунад, ки он ба бекорӣ ва вахим шудани вазъи иҷтимоии ахолӣ бурда мерасонад.

Рустам Акрамов, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегуяд, ки Тоҷикистонро зарур аст, ки аз мавзегириҳои дохилӣ нисбати рақибони сиёсӣ дида, ба ҳаллу фасли масоили муҳими давлатдорӣ биандешад. Ӯ мегуяд: «Ҳоло мушкил танҳо аз кор мондани корхонаҳои муҳими кишвари мо нест. Сухан сари сохтмони Рогун меравад, ки ҳар рӯз садҳо тонна семент лозим аст. Вақте истеҳсоли семент кам мешавад, кор чӣ хел пеш меравад? Дуруст аст, ки ҳоло дар бозори мо аз Покистон ҳам семент ворид мешавад, аммо навъи он дигар аст. Агар кор дар Роғун дар пайи маҳсулоти сохтмони ақиб афтад, расидан ба мустақиллияти энергетикӣ кашол меёбад. Бояд, ки Тоҷикистон бо Узбекистон забон ёбад ва дигар аз сиёсати дастнигарӣ худро раҳо кунад. Мо бояд, ки барвақт дар мавриди захираҳои нафтӣ омода медоштем.»

Иқтисоди дастнигар наметавонад рушд кунад

Корхонаҳое ки аз гази Узбекистон истифода мебурданд, мегуянд, ки ҳоло теъдоди зарари расидаро дақиқ накарданд. Аммо, коргаронро ба мурахассии бемузд ва бемуҳлат равон карданд. Як масъули корхонаи «Тоҷиктрансгаз» ба мураххасии бемуҳлат рафтани кормандонро тасдиқ кард, аммо гуфт дар бораи зиёни расида ба корхона чизе намедонад.

Иқтисоди дастнигар на танҳо зафъ аст, ҳатто наметавонад рушд кунад. Ҳол ки роҳи оҳани Амузанг-Ғалаба ҳам баста аст, маълум нест, ки ба иқтисод ва хоҷагии қишлоқи минтақаи Хатлон чӣ кадар осеб расидааст!

Аммо, он ки мардум ҳам дар пайи ин роҳбастанҳо осеби ҷиддӣ мебинанд ва бозор руйи шонаҳои онҳо таъсири нарх мегузорад, аллакай маълум аст. Ҳатто, сокинони Кулоб мегуянд, ки чанд рӯз пеш як дона самбусаро 1 сомон харид мекардаанд, ҳоло 1 сомон 50 дирам ва 2 сомон шудааст.

Минтақаҳоро намешавад бо шаҳрҳои пешрафта ё Душанбе қиёс кард. Аммо, мушкилоти иқтисодӣ болои зиндагии мардум ранҷро бор мекунад. Дар ҳамин ҳол, баҳсҳои миёни корхонаи Талко ва Вазири энергетика ва саноат ҳам рӯ зад.

More From Author

You May Also Like