«Ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон меҳвари асосии он мебошанд, бинобар ин бояд фаъолияти ташкилотҳои ибтидоиямонро қавитар созем», гуфт Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ дар Конфронси 10-уми бахши ҲНИТ дар ноҳияи Сино, ки рӯзи 21 январ дар қароргоҳи марказии ин ҳизб баргузор гашт.
Дар ин конфронс ду масъалаи асосӣ, ҳисоботи раиси бахши ҲНИТ- дар ин ноҳия ва интихоботи раёсат ва раиси нав мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сафаралӣ Ойев, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Сино аз кору фаъолияти яксолаи ҳизб ва бурду бохти он гузориш дод. Вакилон кори яксолаи бахшро қаноатбахш баҳодиҳӣ карда, нисбати камбудиҳо изҳори назар карданд.
Ҳамчунин дар ин конфронс зикр гардид, ки бархе аз бахшҳои ҳизб дар навоҳӣ фаолияти нисбатан суст менамоянд. Дар ҷараёни конфронс раёсати нави бахши ноҳиявӣ иборат аз 13 нафар интихоб гардида, онҳо Сафаралӣ Ойевро ба симати раиси бахш баргузиданд.