Иқомаи намоз дар масҷиди Юнон пас аз 90 сол

Мусалмонон ва масъулони шаҳри Сулоники Юнон барои нахустин бор ва пас аз 90 сол дар масҷиди ин шаҳр, ки ба намоишгоҳ табдил шуда буд, намоз хонданд.

Ба гузориши як пойгоҳи хабарӣ, ба нақл аз “Алиломулявм”, бо гузашти 90 сол аз татили масҷиди шаҳри Сулоники Юнон дар соли 1923 ва тағйири он ба намоишгоҳ, барои нахустин бор мусалмонони ин шаҳр намози худро дар ин масҷиди нав адо карданд.

Манобеи огоҳ эълом карданд, ки Буторис, раиси шаҳрдории Сулоник ва Неқус Бобғурғиюв, ҳамоҳангкунандаи мадориси ақалиятҳо дар ин шаҳр, Сабрӣ Бушноқ, мудири мадрасаи хайрияи Туркия ва 50 донишомӯзи ин мадраса ва масъулони он аз ин масҷиди нави шаҳри Сулоник боздид карданд.

Бар ҳамин асос ширкаткунандагон дар ин маросим, дар ин масҷиди нав намози зуҳри худро адо карданд, то нахустин намоз пас аз 90 сол дар он адо шавад.

Туғул Белткен, консулгарии Туркия дар Солуники Юнон гуфт, ки адои намоз дар ин масҷиди нав ҳодисаи таърихӣ аст ва нуқтаи оғозе барои иҷозаи мусалмонон ба адои ибодаташон дар ин шаҳр ба шумор меояд.

Белткен афзуд, ки ингуна ҳаводис мусалмонони манотиқи мухталифро ба боздид аз шаҳри Сулоники Юнон ташвиқ мекунад.

Ин масҷиди нав, ки соли 1902 дар давраи усмонӣ бо тарроҳии Виталяно Буслалии италявӣ бино шуд, дар солҳои 1925 то 1963 аз он ба унвони осорхона истифода карданд ва Вазорати фарҳангу гардишгарии Юнон ба бозсозии он дар соли 1986 иқдом кард, ҳамчунин шаҳрдории Сулоник ба унвони макони намоиш аз он истифода кард.

More From Author

You May Also Like