Categories Ахбори рӯз

Назарсанҷии Аларабия: раисҷумҳури ояндаи Миср исломгаро хоҳад буд

Бар асоси назарсанҷии сайти “Аларабия. нет” перомуни интихоботи раёсати ҷумҳурии Миср, яке аз исломгароён мисрии интихобшуда аз сӯи “Ихвонулмуслимин”, раисҷумҳури ояндаи ин кишвар хоҳад буд.

Ба гузориши “Аларабия”, 54% аз ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ бар ин боваранд, ки раъйдиҳандагони мисрӣ дар интихоботи оянда, раисҷумҳуре бо гароишҳои исломиро интихоб хоҳанд кард. Бар асоси ин гузориш, ширкаткунандагон дар назарсанҷӣ мӯътақиданд, исломгарое, ки ба симати раисҷумҳури Миср интихоб хоҳад шуд, ки аз тарафи “Ихвонулмуслимин” пешбарӣ мешавад.

Дар муқобил 30% аз ширкаткунандагон гуфтаанд, ки шахсе ки ба раёсати ҷумҳурии Миср меояд, сиёсатмадоре бо таҷриба хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки 15% аз ширкаткунандагон дар назарсанҷии сайти “Аларабия”, ки теъдоди онҳо ба 10, 081 нафар расидааст, бар ин боваранд, ки як низомӣ ба раёсати ҷумҳурии Миср интихоб мегардад. Гуфтанӣ аст, ки аввалин интихоботи раёсати ҷумҳурии Миср пас аз сарнагуни Муборак дар рӯзҳои 24 ва 25 моҳи май баргузор хоҳад шуд.

More From Author

You May Also Like