nahzat.tj
Дар сомонаи Тоpvideo.tj “http://topvideo.tj/wow/42443.html“ наворе бо номи «Корвона дар мета» пахш шудааст, ки гӯё як зан дӯконҳои як тарафи бозори «Корвон»-ро оташ мезанад.
Ин навор, ки аз дастгоҳи наворбардорие нусхабардорӣ шуда, дар он таърихи 05.09.2012 ва соати 18.07, яъне вақти ҳодисаи сӯхтор ба амал омадан нишон дода, он 14 сентябр гузошта шудааст.
Дар ин навор зане, аз масофаи дур шахсияти вайро шинохтан ё дидан душвор аст, назди рафъҳои холӣ ва бесавдогари бозор машғули чӣ коре аст. Дар вақти ҳамон ҷо будани зан аввал дуд ва баъд алангаи оташ паҳн мешавад. Бо авҷ гирифтани оташ, зан аз назди рафъҳо дур меравад.
Ҳоло мақомоти расмӣ ва роҳбарони бозори “Корвон” дар бораи ин навор мавқеи худро баён накардаанд.
Зимнан бояд ёдовар шуд, ки “Корвон” калонтарини бозори Душанбе шоми 5 сентябр оташ гирифт ва зарари онро роҳбарияти бозор беш аз 2 миллион сомонӣ ҳисобиданд.
Дар пайи ин ҳодиса ҳудуди 1000 савдогари бозор эътироз намуда, аз маҳалли сӯхтор то ба хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт роҳпаймоӣ намуда, пушти дари шаҳрдорӣ равон шуданд. Беш аз 70 дарсади эътирозгарони бозори Корвон аз зумраи заноне буданд, ки аз сухтор зарарҳои моддӣ ва маънавии ҷиддӣ дида буданд.