Донишҷӯёни мусалмони донишгоҳи Сан-Франсиско барои густариши бедории исломӣ дар ин кишвар намозҳои худро дар фазои бозу зери нури хуршед адо мекунанд.
Ба гузориши “Онислом”, донишҷӯёри мусалмон дар донришгоҳи Сан-Франсиско барои густариши бедории исломӣ ва ироаи фурсате ба ғайримусалмонон барои ошно шудан бо фароиз ва арзишҳои исломӣ дар ҳаракате нав намозҳои худро дар фазои бозу зери нури хуршед адо мекунанд.
Довуд Муҳаммад, раиси муассисаи донишҷӯёни мусалмон дар донишгоҳи Сан-Франсиско дар ин бора мегӯяд, бисёре аз мардум воқеан намедонанд, ки Ислом чист. Пас аз ҳодисаи 11 сентяби тасаввуроти ғалате дар мавриди Ислом ба вуҷуд омадааст ва мо мехоҳем баён кунем, ки Исломи воқеъӣ чист.
Вай меафзояд, мо мехоҳем бигӯем, ки динамон дини сулҳ аст. Дар ин росто аввалин иқдоми донишҷӯёни мусалмон таҳти унвони “Намози ҷумъа зери нури хуршед” баргузор шуд.
60 донишҷӯи мусалмон дар ин маросим ширкат карданд ва ба суханони олими исломӣ дар мавриди ғафлати инсон нисбат ба Худо гӯш фаро доданд.