Categories Uncategorized

И. Яъқубов: «Нуфузи ҲНИТ рӯз то рӯз меафзояд»

Сӯҳбати вижаи хабарнигори махсуси «Импулс», Тилав Расулзода бо узви Раёсати олии ҲНИТ ва мудири бахши ҷавонони шӯъбаи суғдии Ҳизб, собиқ номзад ба вакили маҷлиси Намояндагон, Илҳомҷон Яъқубов. Инак матни мусоҳиба пешкаши Шумо мегардад.

– Имрӯз дар ҳар маҳфилу намоиш сухан бештар перомуни фишор овардани мақомоти расмӣ болои аъзои ҲНИТ меравад. Вале аз сӯи дигар, расонаҳо бо иттико ба гузоришҳои сарварони ҳизб беш аз пеш афзоиши сафҳои ҳизб аз ҷумлаи ҷавонон хабар медиҳанд. Он баёнияҳо то чӣ андоза воқеъият доранд?

– Воқеан, сарфи назар аз фишорҳое, ки болои ҲНИТ аст, нуфузи ҳизби мо ва теъдоди аъзои он рӯз то рӯз меафзояд. Чанде қабл мо ҷаласаи фаъолон доштем ва дар он гуфта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди аъзои ҳизб 770 нафар зиёд шудааст, ки аксарияти онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Гузашта аз ин, сафи аъзои ҳизб аз ҷумлаи занон низ зиёд шуда истодааст ва дар давоми як соли охир теъдоди онҳо 20 дар сад афзудааст.

Бояд ёдовар шавам, ки ҲНИТ дар вилояти Суғд моҳи ноябри соли 1999 нахустин конфронси муассисони худро баргузор намуда буд. Он замон ҳизб бештар аз ҳазор нафар аъзо дошт ва ҳоло ин теъдод ба беш аз 15 ҳазор нафар расидааст. Замони сабти расмии ҳизб теъдоди бонувон хеле кам буд. Вале дар ҳоли ҳозир теъдоди онҳо тақрибан 40 дарсади теъдоди умумии аъзои ҳизбро дар вилоят ташкил медиҳад.

Яъне бо вуҷуди фишорҳо раванди афзоиши теъдоди аъзои ҲНИТ ба мушоҳида мерасад. Пас ин ба таври бесобиқа афзудану пайвастанҳо ба ҳизби Шумо чӣ сабабу омиле дорад ?

– Мо таърихи ташаккул ва рушди ҲНИТ- ро ба се марҳила тақсим кардем. Аввал, марҳилаи баъди музокироти сулҳи тоҷикон, вақте роҳбарияти олии ҳизб аз муҳоҷират ба Тоҷикистон баргаштанд. Ин замони фаъолияти комиссияи оштии миллӣ, қатъи он ва то давраи соли 2005- ро дар бар мегирад. Дар ин давра навъи фишор, таҳдид ва амалҳои дигар мушоҳида намешуд. Лиҳозо, онро метавон давраи ташаккули ҲНИТ номид.

Марҳилаи дуввум, фарогири интихоботи соли 2005 то интихоботи моҳи феврали соли 2010 буд, ки онро метавон марҳилаи миёндаврӣ номид. Дар ин давра фишор болои ҳизб камтар мушоҳида мешуд. Ин давраро давраи рушд ва нумӯъи ҲНИТ номидан мумкин асат.

Ҳоло ҲНИТ марҳилаи саввуми рушди хешро паси сар менамояд. Ин марҳилаи бақудратрасии ҳизб аст. Воқеан, интихоботи соли 2010 нишон дод, ки эътимоди мардум ба ҳизби мо чи гуна аст. Интихобот як ҳодисаи гузаро нест, балки як ҳодисаи бедоркунанда аст. Он ҳамаи гурӯҳҳоро бедор кард. Ҳатто он гурӯҳҳое, ки худро мухолифи ин ҳизб мешумориданду мешуморанд ва ба нерӯи ҲНИТ эътимоду боварӣ надоштанд, баъд аз интихобот ба худ омаданду бедор шуданд. Ва тамоми нерӯ ва қудрати хешро бар зидди ин ҳизб равона карданд.

Агар он фишорҳо болои ҳизбҳои дигар ворид мешуданд, шояд онҳо аз байн мерафтанд. Вале, чуноне мебинед ҳар қадар фишор зиёд гардад, ба ҳамон андоза ҳизб бештар пешрафту нуфуз ва нерӯ пайдо карда истодааст. Танҳо дар моҳи март ҲНИТ сесад нафаро аъзои нав қабул кард. Мо умед бар он дорем, ки то охири соли равон зиёда аз се ҳазор нафар аъзои нав ба ҳизби мо шомил хоҳанд шуд.

– Шумо гуфтед, ки интихоботи соли 2010 мардуми моро ҳушёру бедор кард. Ин дар ҳолест, ки дар он интихобот ҳамагӣ ду нафар аъзои ҲНИТ тавонистанд ба порлумон роҳ ёбанд. Пас сабаби бештар маҳбубият касб кардани ҳизб бо вуҷуди бохтҳояш дар чист?

– Оморҳо, агар як чизро гӯянд, коршиносон ва муҳаққиқон чизи дигарро таъкид медоранд. Он нозирони байналмиллалӣ, ки ҳанӯз ду моҳ қалб аз шурӯъи интихобот ба Тоҷикистон омада буданд, гузоришҳо омода карданд ва онҳо чӣ гуна сурат гирифтани интихоботро изҳор доштанд. Инро ҳамагон медонанд, ки интихобот ғайришаффоф, ғайриодилона ва ғайридемократӣ доир гардид. Нозирони мо аз қитъаҳои овоздиҳӣ таври хаттӣ ба мо беш аз ду ҳазор аризаю санадҳо пешниҳод карданд. Баъзе нозирони моро ҳангоми шумурдани баргаи раъйдиҳӣ аз ҳавзаҳои интихоботӣ берун карданд.

Ҳизби мо бо стратегияи навӣ таблиғотӣ ба интихоб ворид шуда буд. Мо зиёда аз ҳазор нафар номзадҳои маҳаллӣ ва зиёда аз 300 нафар номзадҳои вилоятӣ доштем. Бист нафар номзадҳо ба Маҷлиси Намояндагон доштем. Онҳо бо технологияи нави таблиғоту даъват вориди интихобот шуда буданд. Он ду нафаре, ки узви порлумон шуданд, аз рӯйхати умумиҳизбӣ буданд. Мо дар Маҷлиси вилоятӣ ягон нафар вакил надорем. Вале домулло Наимҷон Самеев, раиси шӯъбаи ҲНИТ дар Суғд аз ҳавзаи интихоботии Чоркӯҳ аксарияти овозҳоро ба даст оварда буд, аммо шахси дигар вакили Маҷлиси вилоятӣ шуд. Ин ҳамаро мардуми оддӣ мебинад ва хулоса мекунад.

Аксарияти намояндагони ақаллиятҳои миллӣ аз ҷумла, русҳо, ӯзбекҳо ва қирғизҳо ба тарафдории ҳизби мо овоз дода буданд, ки дар ин бора мо далелҳо дорем. Аксарияти онҳое, ки дар  марказҳои (учаскаҳои) раъйдиҳӣ буданд, бар зидди ҲНИТ тақаллубкорӣ карданд.

– Шояд фишорҳо болои ҳизби Шумо бо наздик омадани интихоботи қарибулвуқӯъи раиси ҷумҳур дар моҳи ноябри соли оянда иртибот дошта бошад?

– Шояд. Ба назари банда, ҲНИТ бо вуҷуди ҳама фишорҳо интихоботи қарибулвуқӯъ ширкат хоҳад кард. Ман мехостам, ки ҳизби мо дар он бо номзади худ иштирок намояд. Дар сурати надоштани номзади худ, ҳизб метавонад аз номзади ягонае, ки эътилофи ҳизбҳо пешниҳод мекунад, ҷонибдорӣ намояд. Зеро дуруст аст, ки як ҳизби сиёсӣ бояд бештар саъй варзад, то дар интихоботи порлумонӣ ширкат варзад. Вале интихобот ин як шансе барои ғанӣ гардонидани таҷрибаи сиёсии ҳар як ҳизб аст.

Баргардем ба мавзӯъи фишор болои аъзои ҲНИТ.Ин ҳодисаҳо бештар дар кадом ноҳияҳо ба мушоҳида мерасанд?

Чанд рӯз қабл мо дар ноҳияи Ғончӣ будем. Онҳо изҳор доштанд, ки танҳо дар як моҳ бист нафар аз аъзои мо аризаи хориҷ шудан аз сафҳои ҳизбро доданд. Мӯҳтавои аризаҳо баёнгари он аст, ки аризаҳо зери фишор навишта шудаанд. Воқеан, ин ҳама фишорҳо сафҳои ҳизби моро аз ашхоси тасоддуфӣ пок карда истодааст.

Ҳамчунин дар ноҳияҳои Зафаробод, Шаҳристон ва шаҳрҳои Истиқлолу Хуҷанд кӯшиши аз ҳизб берун кашидани аъзои он ба назар мерасад. Вале, ман фикр мекунам, ки ин амали мақомот натиҷаи дилҳоҳ нахоҳад дод. Баръакс махбубияти ҳизби моро миёни аҳли ҷомеа зиёд хоҳад кард.

– Ба андешаи Шумо, дар маҷмӯъ сабаби фишор овардан ба аъзои ҲНИТ дар чист? Шояд баъзеҳо аз нуфуз ва густариши Ислом ва зиёд шудани теъдоди намозхонҳо ва ҳиҷобдорону ришдорон ҳарос доранд?

– На ҳеҷ кас, на амрикоиҳо ва на русҳо аз густариш ва нуфузи Ислом тарсу ҳарос надоранд. Тарс асосан аз густариши Исломи сиёсӣ дар минтақа аст. Агар мо аз Исломи сиёсӣ даст бикашем, чӣ нерӯҳои дохилӣ ва чӣ хориҷӣ омода ҳастанд, ки дар ҳар минтақа масҷиду мадрасаҳо боз кунанд. Яъне мехоҳанд исломе дар минтақа ҳузур дошта бошад, ки дар чаҳорчӯбаи майли ҳукукматдорон маҳдуд бошад ва мусалмонон танҳо бо тоату ибодат дар масҷид иктифо кунанд. Ҳама тарс аз исломи сиёсӣ аст.

Бинобар ин, ҳамсояҳо низ аз он тарс доранд, ки мардумонашон аз он ибрат мегирад. Имрӯз роҳбарони кишвари мо бояд дарк бикунанд, ки дигар монеа эъҷод кардан дар фаъолияти ҳизбҳо муассир нест. Мушкили асосӣ ришу ҳиҷоб нест. Мушкил он аст, ки нухбагони сиёсии курсинишини мо тафаккур ва андешаи кӯҳна доранд. Аксарияти онҳо ба синни нафақа расидаанд ва онҳо бо тамоми нирӯ ва тавоноии хеш зӯр мезананд, ки дар мансаб бимонанд ва ҷойи худро ба ҷавонон надиҳананд.

Онҳо аз равандҳои ҷамъиятӣ ҳеле ақиб мондаанд, ки он дар маҷмӯъ пешравӣ дар кишварро суст мекунад. Бадбахтӣ дар он аст, ки бо дину мазхаб ва сиёсат онҳое машғул ҳастанд, ки аслан дар ин бахш донишу таҷрибаи кофӣ надоранд.

Бознашр аз рӯзномаи «Импулс»

More From Author

You May Also Like