Categories Ахбори рӯз

Густариши равобити Покистону Тоҷикистон

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар сафаре расмӣ ба Покистон бо Мамнун Ҳусейн, раисҷумҳури ин кишвар мулоқот кард.

Ба гузориши Радиои тоҷикӣ ба нақл аз дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ин дидор ду тараф дар бораи масоили густардаи ҳамкории дуҷониба ва ҳамчунин масоили муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.

Раисҷумҳури Покистон гуфтааст, ки ба таври зарурӣ Тоҷикистону Покистон бояд ҳамкории худро дар заминаи иқтисодӣ, тиҷорӣ ва амниятӣ тақвият кунанд.

Мамнун Ҳусайнӣ робита бо Тоҷикистонро барои кишвараш бисёр муҳим тавсиф ва таъкид карда, ки Исломобод алоқаманд ба рушд ва тавсеаи ҳамкориҳо бо Душанбе аст.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои покистонӣ эълом карданд, ки вазири хориҷаи Тоҷикистон аз раисҷумҳури Покистон барои сафар ба ин кишвар даъват кард.

More From Author

You May Also Like