Яке аз донишмандони раббонӣ ва муаррихони чирадасти муосир, доктор Роғиб Сирҷонӣ солҳои 2010-уми гузашта ба сарвазири Туркия, Раҷаб Тайиб Ардуғон номае навиштааст, ки мо онро бахш-бахш бо кӯмаки илоҳӣ инҷо мегузорем, то дӯстонамон бубинанд, ки олимон бо сарварони худ чигуна муносибат мекунанд ва чӣ тавсияҳое медиҳанд.
“Устоди бузургворам ва устоди тамоми насли навраси уммат, бародари маҳбубам, Ардуғон, ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!
Мо бо ҳама уммати исломӣ ва бо тамоми аҳли олам талошҳои муборак ва дифои Шуморо аз муқаддасоти исломӣ ва барои иззатмандии ин дин мушоҳида карда истодаем.
Муборакатон бод, ки бандагони солеҳи ин уммат ҳама якдилона Шуморо дӯст медоранд ва дастгириатон мекунанд.
Аз Аллоҳ таоло барои шумо устуворӣ, нури ботинӣ, амали нек ва ҳусни хотимаро орзӯмандам.
устоди гиромӣ, баъди мушоҳидаи ин ҳама талошҳои пурбаракати Шумо барои худ воҷиб медонам, то барои таъйидиатон саҳмгузорӣ намоям ва бо чанд тавсия кӯмаки худро ба Шумо бирасонам, то шояд дар он нафъе барои уммат ва ҷанобатон гардаду рӯзи охират, ки ҷуз қалби пок чизе фоида расонида наметавонад, ба ман кӯмак расонад. Аз Аллоҳ таоло дархости қабулшавии ин амали хоксорона ва роҳ ёфтани он ба қалбу ақли шуморо дорам.
ТАВСИЯИ ЯКУМ:
Фаромӯш накун, ки Аллоҳ таоло ба ту идораи масъулияти бузургеро ҳавола кардааст ва ту яке аз имомони мусулмонон маҳсуб мешавӣ, ки идораи давлатеро аз халқи бузурге ба ӯҳда гирифтаӣ. Хушо ба ҳолат ва хеле хушбахт ҳастӣ, агар амалат холисона бошад! Зеро рӯзи охират ҳафт тоифа зери сояи арши илоҳӣ ҳастанд, яке аз онҳо подшоҳи одил аст ва гумон дорам, ки ту аз ҷумлаи онҳо бошӣ, албатта, боз Аллоҳ таоло беҳтар медонад.
Аз ин сабаб ба ҳеҷ коре иқдом накун, магар ин ки онро холис барои Худованд гардонӣ, чунки бояд бидонӣ, нияти шахс ҳамеша дар ҳолати тағйирёбӣ аст. Пас доим ниятатро таҷдид карда ист. Асарҳои амалат туро мағрур насозад, зеро Аллоҳ таоло амали шаҳид, саховатманд ва олимеро, ки риёкорӣ мекунад, ботил месозад.
Ба дунё моил машав, зеро он матои аз байнраванда мебошад ва моли курсӣ туро аз тоати Парвардигорат ғофил насозад. Дониста бош, рӯзи қиёмат дар пеши Парвардигорат рост меистӣ ва барои ҳар як зарра амалат ҷавоб медиҳӣ, пас барои ҳар амале, ки иҷро менамоӣ, ҷавобатро омода кун.
Фаромӯш накун, агар дигарон танҳо аз молу амволи худ пурсида шаванд, ту ҷавобгари кулли миллатат ҳастӣ, ҳатто шояд Аллоҳ таоло туро аз аҳволи тамоми уммати исломӣ бипурсад, зеро дили ҳама уммат ба ту баста аст. Аз фаромӯш кардани он рӯз барҳазар бош-барҳазар бош! Амали нек анҷом бидеҳ, то дар он рӯз дар зеботарин сурат пайдо шавӣ!
Бародарам, Ардуғон! Огоҳ бош, ончи бароят насиб гаштааст, маҳз фазли илоҳӣ аст ва дар тамоми қарорҳое, ки муваффақ гаштаӣ, танҳо тавфиқи илоҳӣ ҳамроҳат буд! Коре кун, ғурур дар қалбат роҳ наёбад ва ҳаргиз дастовардҳоятро ба илму маърифати худ нисбат мадеҳ, балки ҳамеша дар баробари даргоҳи илоҳӣ изҳори нотавонӣ намо ва ҳама амалҳои некро ба тавфиқи Аллоҳ таоло нисбат бидеҳ!
Фаромӯш накун, Аллоҳ таоло носир, иззатбахш, атокунанда ва дар мулки худ ҳар тавре хоҳад тасарруф мекунад.
Дар ҳар ҷое, ки Аллоҳ таоло туро дидан мехоҳад, бояд худро қарор бидиҳӣ ва аз ҳар маконе, ки Аллоҳ таоло намеписандад, худро дур бигир!
Барои амалисозии аҳкоми шаръӣ талош намо, зеро он боиси хушбахтии ту дар дунёву охират мегардад. Коре накунӣ, ки розигии мардум боиси он гардад, ки Худовандро ба хашм оварӣ.
Огоҳ бош! Мақоми ту ба андозаи пайравӣ намуданат аз Қуръону Суннат вобаста аст ва ин мазмуни ояро ҳамеша пеши ҷашмат нигоҳ дор: “Иззат аз Аллоҳ таоло, Паёмбар (с) ва мӯъминон аст!”
(Идома дорад…)
Манбаъ: Сомонаи расмии доктор Роғиб Сирҷонӣ
Мутарҷим: Абдуллоҳ Оқилзода