Фазилати рӯзаи Ошуро

“Ва бишитобед ба сӯи мағфирати парвардигоратон ва ҷаннате, ки паҳнои он ба андозаи осмонҳо ва замин аст, барои бандагони ботақво омода шудааст.” (Сураи Оли Имрон, ояи 133)

Аз Абдуллоҳ ибни Аббос ривоят аст, ки мегӯяд: “Паёмбар (с) вақте ба Мадина омаданд, яҳудиҳоро диданд, ки дар рӯзи Ошуро рӯза мегиранд. Паёмбар (с) пурсиданд: “Чаро Шумо дар ин рӯз рӯза мегиред?” Онҳо гуфтанд: “Ин рӯзи бузурге аст, ки Худованд Мусо (а)-ро бо қавмаш наҷот дод ва Фиръавну қавмашро дар дарё ғарқ кард. Мусо (а) барои шукргузорӣ дар ин рӯз рӯза гирифт. Мо ҳам бо пайравӣ аз Мусо (а) рӯза мегирем.” Расули акрам (с) гуфтанд: “Мо ба пайравӣ аз Мусо (а) аз шумо дида сазовортар ва авлотарем. Сипас, Расули Худо (с) дар он рӯз рӯза доштанд ва дигаронро ба рӯза гирифтан фармон намуданд.” (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)

Рӯзаи Ошуро се мартаба дорад:

Якум, рӯза доштани рӯзҳои 9-ум, 10-ум ва 11-уми моҳи Муҳаррам;

Дуюм, рӯза доштани рӯзҳои 9-ум ва 10-уми моҳи Муҳаррам;

Сеюм, рӯза доштани танҳо рӯзи 10-ум.

Фарохӣ дар навақаи оила

Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) мефармоянд: “Ҳар шахсе дар рӯзи Ошуро нисбат ба худ ва аҳли оилааш дар нафақа диҳад, Худованд барои ӯ дар боқимонда рӯзҳои сол баракат медиҳад.” (Ривояти Байҳақӣ)

Суфёни Саврӣ, яке аз донишмандон ва фозилони исломӣ дар ин бора мегӯяд: “Мо ин сухани Паёмбар (с)-ро, яъне дар ин рӯз садақа додан ба аҳл, ба хона баракат ва фарохӣ меорад, таҷриба кардем ва ҳаққонияти он собит шуд.”

Манбаъ: Сомонаи Наҳзат

More From Author

You May Also Like