Categories Uncategorized

Мулоқоти навбатии намояндаи ИА бо мақомоти тоҷик

nahzat.tj

Ба иттилоъи матбуоти ВКХ, 23 июли соли 2012 мулоқоти Маҳмуҷон Собиров, муовини аввали Вазири КХ ҶТ бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Патрисия Флор баргузор гардид.

Дар мулоқот инчунин собиқ намояндаи махсус Пйер Морел низ ҳузур дошт. Муовини аввали ВКХ-ии кишвар ба Пйер Морел, ки мӯҳлати ваколаташ дар мақоми намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ба итмом расид, изҳори миннатдорӣ намуд. Ӯ ба фаъолияти ҷаноби Морел дар самти пешбурди равобит байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баҳои баланд дод.

Дар навбати худ, хонум Патрисия Флор оид ба Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки тӯли 5 сол аст, мавриди татбиқ қарор дорад, ибрози назар кард. Таъкид карда шуд, ки бинобар наздикии минтақаи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон, Иттиҳоди Аврупо ба масъалаҳои амниятӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир хоҳад намуд.

Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст таъсиси муколамаи сатҳи баландро оид ба Афғонистон бо кишварҳои минтақа пешниҳод намояд ва ин ташаббус дар мулоқоти қарибулвуқӯи Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор хоҳад гирифт, изҳор намуд хонум Флор.

Муовини аввали вазир қайд намуд, ки Тоҷикистон татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупоро дар Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ мекунад. Дар ин росто, М. Собиров диққати ҳамсӯҳбатҳоро ба зарурати тақвияти ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар соҳаи таҳкими амнияти сарҳадот ҷалб намуд. Таъкид карда шуд, ки дар ин самт як қатор лоиҳаҳои мавриди роҳандозӣ қарор доранд, аммо баррасии имконоти тавсеаи робитаҳо дар ин соҳа ба мақсад мувофиқ хоҳад буд.

Илова ба ин, ҷонибҳо масъалаи истифодаи имконоти Тоҷикистонро барои барқарорсозии соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Афғонистон ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохториро дар минтақа дар меҳвари музокирот қарор доданд. Дигар масоили марбут ба ҳамкориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳокима гардиданд.

More From Author

You May Also Like