Абдуллоҳ Карим
nahzat.tj
Он чӣ дар Тунис вақтҳои охир рух медиҳад, айни ҳамон ҳодисоте, ки дар Миср ҷараён дорад. Муаммоҳои сарзада инҷо худи ҳамон муаммоҳоеанд, ки онҷо мавриди шӯру ғавғо қарор гирифтаанд. Ҳатто нирӯҳои сиёсии ин ду кишвар, ки имрӯз дар майдони сиёсат мубориза доранд, ҳамонанд, ки ҳамон. Бадбиниву кароҳият нисбат ба исломиён ва тарсу ҳарос аз нуфузи онон ҳамон шиорест, ки имрӯзҳо вирди забони пасмондаҳои Бин Алӣ дар инҷову Муборак дар онҷо шудааст.
Алорағми он ки таҷрибаи исломии тунисӣ аз он чӣ дар Миср аст, фарқ мекунад. Чун дар Тунис мақомҳои роҳбарӣ миёни се ҳизби асосии пешсаф дар ҷомеа тақсим шудаву тибқи он сарварии давлатро Мунсиф Марзуқӣ, яке аз раҳбарони ҳизби чапгарои Конгресси миллӣ, сарварии ҳукуматро Ҳамодӣ Ҷиболӣ, яке аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломӣ ва раёсати порлумонро бошад, Мустафо бин Ҷаъфар, яке аз раҳбарони Ҳизби демократӣ бар ӯҳда доранд. Вале ин иттиҳоду эътилоф садои эътирози нирӯҳои чапгаро ва дунявиро ҳамроҳ бо пасмондаҳои низоми пешин хомӯш накард. Аз ҳама беш аз ҳамлаҳои пайвастаи бамавриду бемавриди эшон Ҳизби наҳзати исломӣ ва Раҳбари ҳукумат Ҳамоди Ҷиболӣ баҳравар буд.
Мусаллам аст, ки ҳизби раисҷумҳури собиқ Зайнулобидин бин Алӣ аз бози истиқлоли кишвар дар соли 1956 то январи соли 2011 ҳокими ягона бар ҳаёти сиёсии Тунис буд. Бо вуҷуди он, ки баъди инқилоб он ҳизб аз фаъолият боздошта шуда мамнуъ эълон гардид, вале аъзоёни он тавонистанд, ки вуҷуди худро дар сафи ҳизбу ҳаракатҳои дигар нигаҳ дорад. Иттиҳоди оми коргарони тунисӣ яке аз он созмонҳое мебошад, ки чун паноҳгоҳ барои аъзоёни ҳизби ҳокими собиқ гардид. Илова бар ин, собиқ сарвазири Тунис Боҷӣ Қоиди Сабсӣ ҳизби наве бо номи “Нидои Тунис” таъсис дод, ки аксари пасмондагони низоми Бин Алиро гирди ҳам овард. Ин навгонӣ дар ҳаёти сиёсиро Ҳизби наҳзати Тунис чун “бозгашти пасмондагони низоми пешин ба майдони сиёсат” шумориданд.
Аз касе пӯшида нест, ки аъзоёни ҳизби ҳокими собиқ ва либералҳо азбаски муддати тӯлоние зимоми умури давлатиро бар ӯҳда доштанд ва аз имкониятҳои фарох бархӯрдор буданд, ҳамакнун молу сарват ва васоити ахбори зиёдеро ба даст доранд. Бо истифода аз имкониятҳои ба даст дошта, имрӯз ин нирӯҳо ҷомеаи тунисиро ба шӯр меоранд ва ба тазоҳуроту эътироз даъват мекунанд. Гоҳо ин тазоҳуроту раҳпаймоиҳо бо бастани роҳҳои монишгард, нақлиёти ҷамъиятӣ ва роҳи оҳан, ҳатто оташ задани бешазору анборҳои доруворӣ анҷом меёбад. Чунин фаҳмида мешавад, ки гӯё ин нирӯҳо саъй доранд, то ба фаъолияти ҳукумати Ҳизби наҳзат халал расонанд ва бо ин дар солҳои нахустини корӣ онро “ноӯҳдабаро” ва “белаёқат” нишон диҳанд, то “орзуи эҳёи ҳувияти исломӣ” дар гаҳвора ҷон диҳад.
Иттиҳоди оми коргарони тунисӣ аз бозе, ки исломиён сари қудрат омаданд, бо ҳукумати муваққатӣ алоқаи хуб надорад ва дар ташкил кардани эътирозҳои мардумӣ бар зидди ҳукумат “гумонбари асосӣ” шуморида мешавад. Кор то ҷое расидааст, ки дар муддати як соли ахир шумораи раҳпаймоиву тазоҳурот дар Тунис зиёдтар аз он шуд, ки дар сӣ соли ҳокимияти Бин Алӣ шуда буд.
Аммо ҳизби Нидои Тунис бошад, аз он ки дунявигаро асту расман дар ҷабҳаи мухолифи ҳукумати исломиён мавқеъ гирифтааст, раҳбари он сарвазири собиқ Боҷӣ Қоиди Сабсӣ қарор кардааст, ки бар зидди сиёсатмадорон масъулони давлатии тунисӣ бо шумули Рошид Ғаннушӣ, раҳбари Наҳзат ба додгоҳи байналмилалӣ шикоят барад. Ӯ даъво дорад, ки тарафдорони Ҳизби наҳзат борҳо ба қароргоҳ ва ҷамъомадҳои ҳизби ӯ ҳамла карда як нафар аз раҳбарони онро ба қатл расонидаанд. Раҳбари Ҳизби наҳзат Рошид Ғаннушӣ хатари Ҳизби Нидои Тунисро ба ҷомеаи навини тунисӣ “бештар аз хатари салафиёни ифротӣ” баҳогузорӣ намуд ва онро “зуҳури ҳизби Бин Алӣ дар ҷомаи нав” шуморид.
Ахиран, баъди муҳокимаву муноқишаҳои тӯлонӣ лоиҳаи сарқонуни нави тунисӣ таҳия гардид, ки акнун дар ҷаласаҳои умумии маҷлиси таъсисӣ дида баромада мешавад. Аксари моддаҳои он баъди иттифоқи намояндагони аҳзоби мухталиф сари он таҳия гардидаанд. Масалан, баъди муноқишаҳои зиёд иттифоқ бар он шуд, ки шариати исломӣ дар сарқонуни нави кишвар чун дар дигар давлатҳои арабӣ, ба ҳайси сарчашмаи қонунгузорӣ зикр нагардад. Балки ба ҷойи ин дар банди нахустини моддаи аввал чунин оварда шавад: Тунис давлати озод, соҳибихтиёр буда, Ислом дини он, арабӣ забони он ва ҷумҳурӣ низоми он мебошад.
Дар муқоиса бо сарқонуни мисрӣ дида мешавад, ки табиати ҷомеаи тунисӣ ихтилоф аз табиати ҷомеаи тунисӣ дорад ва дар сатҳи фаҳмиш низ ин ду миллат аз ҳам то ҳадде фарқ доранд. Чун табиати муҳофизакорӣ аз хусусиятҳои барҷастаи ҷомеаи мисрӣ мебошад, ки ин падида дар харитаи сиёсӣ ва матни сарқонуни нави он бармало аён аст. Вале ҷомеаи тунисӣ бошад, нисбатан, озодтар буда, аз ҳамин боис қайд намудани шариат чун сарчашмаи қонунгузорӣ дар сарқонуни нави кишвар ғайримумкин гардид ва банди махсусе оид ба таҳрими “таҷовуз ба муқаддасоти динӣ” аз он берун карда шуд.
Бино ба гуфтаи коршиносон, ағлаби бандҳои муталлиқ ба асосҳои давлатдорӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар лоиҳаи сарқонуни нави Тунис ӣ пазируфтанӣ ва хеле хуш омадааст.
Дар қатори хусусиятҳои хоси ҷомеаи тунисӣ наметавон аз табиати “салафиён”-и он низ сарфи назар намуд. Чун пайравони ҷараёни салафияти ин кишвар аз бародарони мисрии худ, ба кулли фарқ доранд. Зеро ҷараёни салафият дар Миср ҳамакнун дар майдони сиёсат бо якчанд ҳизби сиёсии худ, фаъолият доранду дар баробари ҳизбҳои либероливу дунявигарои дигар рақобат мебаранд. Вале салафиёни тунисӣ то ҳанӯз чун “дарди сар”-и Ҳизби наҳзати исломӣ боқӣ мондаанд. Зеро онҳо аз ақидаҳои “ифротӣ”-и худ даст накашида, ба фаъолияти сиёсӣ ворид нашудаанд. Бархе аз раҳбарони онҳо мухолифати сахти худро ба сиёсатҳои ҳукумати наҳзатӣ эълон доштаанд. Ҳамин аст, ки нирӯҳои мухолифи ҳукумат масъулонро ба “саҳлангорӣ нисбат ба салафиёни ифротӣ” айбдор мекунанд.
Ҳамин тавр, нирӯҳои исломӣ дар мисоли Ҳизби наҳзати Тунис, ки чун ҳизби ҳоким фаъолият мебарад, мавриди санҷиш ва имтиҳони сахте қарор дорад ва миёни зарбаи мухолифони чапгарову дунявӣ ва латмаи муъоризони салафиву ҷиҳодӣ пеш рафтан дорад.