Categories ТАҲЛИЛ

Нақши масҷид дар ҳамбастагии мусалмонон ва толори бетаъмири Турсунзода

Тибқи барномаи корӣ, дар таърихи 26.01.2014 ҳайате аз шуъбаи навоҳии тобеъи марказ дар ҷаласаи фаъолони бахши ҳизб дар ноҳияи Турсунзода, инчунин семинаре таҳти унвони «Нақши Паёмбар (с) дар густариши Ислом» ширкат намуданд.
Ҷаласа бо тиловати чанд ояе аз Каломуллоҳи маҷид ифтитоҳ гардида, раиси бахш дар ноҳия Раҳматулло Баротов аз бурду бохти ҳизбиён гузориш дод. Номбурда қайд намуд, ки шуруъ аз соли 2014 фаъолияти масъулини бахш зери назорат ва дар асоси барномаи кории солона бояд роҳандозӣ шавад. Ҳол он ки ба қавли ӯ, фаъолияти иддаи каме аз ташкилотҳои ибтидоӣ ба талабот ҷавобгӯ будааст. Зимнан мавсуф фаъолияти масъулинро дар ноҳия қаноъатбахш арзёбӣ намуда, аз касоне, ки масъулияти ҳизбиро дар асоси барномаи корӣ анҷом додаанд, изҳори сипос ва қадрдонӣ намуд.
Дар робита ба баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ раиси бахш изҳор дошт, ки барои баргузории семинари илмӣ оиди ҳаёти босаъодати Паёмбари акрам (с) аз мақомот дархости толор намуданд, вале мутаассифона, дар посух масъулини зирабт изҳор доштаанд, ки толор дар ҳолати таъмир қарор дорад, бинобар ин имконияти дар ихтиёри эшон гузоштани толорро надоранд.
Пас аз ироа шудани гузориши масъули бахш масъули интихоботи шуъбаи ҲНИТ дар НТМ Умаршо Давлатов оиди ташкил намудани ситоди омодагӣ ба интихоботи парлумонии соли 2015, инчунин тақвият бахшидани ташкилотҳои ибтидоӣ фикру андешаҳои судмандеро ироа намуд. Мавсуф қайд намуд, ки «ҳар як аъзо бояд ин масъулиятро эҳсос кунад, ки ҳадди ақал давоми сол як нафар барои аъзо шудан пешниҳод намояд».
Ҳамин тариқ, ҳайат дар ин сафар ҳуҷҷатҳои дохилии бахшро мавриди санҷиш қарор дода, фаъолияти бахшро қаноъатбахш натиҷагирӣ карданд. Зимнан бо истифода аз моҳи мубораки валодати босаъодати Расули акрам (с) семинаре таҳти унвони «Нақши Паёмбар (с) дар густариши Ислом» баргузор гардид. Дар ин маҳфил зикр гашт, ки Расули гиромӣ рӯзи душанбе, 12 рабе-ул-аввал ҳамроҳ бо Абубакри Сиддиқ ба маҳали Қубо расиданд ва дар он ҷо аввалин масҷидро дар Ислом ба номи масҷиди Қубо бино намуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бунёди масҷид дар густариши дини мубини Ислом ва ваҳдату ҳамбастагии мусалмонон нақши калидиро мебозад.

More From Author

You May Also Like