Дирӯз ҳайате аз шуъбаи ҳизб дар минтақаи Қӯрғонтеппа таҳти роҳбарии Асомиддин Абдураҳмонов, узви раёсти шуъбаи ҲНИТ дар минтақа ба муносибати Иди модарон якчанд зани солхӯрдаро зиёрат намуда, аз ҷониби роҳбарияти ҳизб туҳфаҳои хотирмон тақдим намуданд.
Дар ин бора Муҳаммадшариф Суфиев, муовин бахши ҳизб дар ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ хабар дод.
Ба гуфтаи муовини бахш, дар ин рӯз дар ҳафт ҷамоати ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳайат модаронро зиёрат намуда, эшонро ба муносибати Иди модарон табрик намуда, ба онҳо гулдаста, сару либос, чойнику пиёла ва дигар асбоби васоили рӯзгор тақдим намуданд.
– Дар ин рӯз бештар ба модароне ҳамсуҳбат шудем, ки аслан солхӯрда буданд. Барои мисол, модар Бадон Султонвазирова 115 сол дорад. Гулистон Ҷалилова, Маҳтобӣ Суфиева, Абдурраҳмонова Азизмоҳ, ва дигар модарон ҳам аз зумраи занони умрдида ба шумор мераванд. Ҳар як модаре, ки мо ба хонаашон мерафтем, аз омадани мо хушнуд гардида, дуъою салом барои тамоми наҳзатиҳо ва ба роҳбарияти ҳизб миннатдории худро баён менамуданд, – гуфт ӯ.
Categories
Ахбори рӯз