Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили МН, зимни сафари хеш ба ҳамсоякишвар, Афғонистон, аз Маркази мутолиоти стратегӣ ва минтақавии Афғонистон, ки дафтари марказиаш дар шаҳри Кобул аст, дидан карда, он ҷо дар ҳузури садҳо донишмандон, рӯзноманигорон ва донишҷуён саханронӣ намуд. Инак, мусоҳибаи намояндаи ин маркази мутолиотӣ бо Муҳиддин Кабириро, ки дар он масоили мухталиф матраҳ шудааст, пешкаши Шумо, хонандагони гиромӣ, менамоем.
– Ҳадаф аз ин сафар ва дидори Шумо аз Афғонистон чи буда ва аҳволи кишвари Афғонистонро чӣ гуна дарёфтед?
– Мутаассифона, ки то ҳанӯз Афғонистон наомада будам ва ин аввалин сафари ман дар ин кишвар мебошад ва шояд теъдоди каме аз роҳбарони Наҳзат ба Афғонистон наомада бошанд. Ба ҳукми тақдир, дар замони муқовимат ва ҳиҷрат 5 сол роҳбарияти Наҳзат дар Афғонистон буд ва ҷойи зикр аст, ки ман аз бародарон ва хоҳарони афғонамон ташаккурӣ ва сипосгузорӣ намоям, ки дар солҳои душвор моро кумак карданд ва тамоми ихтиёрот ва имконотро барои бародарони тоҷики хеш гузоштанд.
Мо тоҷикистониҳо ҳам тули ин солҳо талош кардем, ки ҷуброн кунем ва мардуми тоҷик ҳам тайи солҳои муқовимат бо он имконотеро, ки доштанд ба афғонҳо то ҳадде кумак мекарданд.
Ҳадаф аз ин сафари мо ба Афғонистон шинохт ва таҳкими равобит миёни ин ду кишвар буда, ман ин сафарро муфид ва самаранок медонам. Агарчи сафар кутоҳ буд, вале тавонистем бо аҳзоб ва ҳаракатҳо ва бо соири ниҳодҳо мулоқотҳое дошта бошем, то битавонем як шиносоии беҳтаре аз Афғонистон бо худ бигирем.
Умедвор ҳастам, мардуми Афғонистон ҳам сафарҳое ба Тоҷикистон намоянд, то равобит бо дид ва боздидҳо ҳарчи мустаҳкамтар гардад.
– Тафовути дидгоҳи Шумо қабл аз дидор аз Афғонистон ва баъд аз он чӣ гуна аст? Бо он чи дар расонаҳо медидед ва он чи дар тӯли ин сафар аз наздик мушоҳида кардед, чӣ тафовуте дида мешавад?
– Ман замоне, ки тасмими сафар ба Афғонистонро гирифтам, ба далоили гуногун нахостам ин тасмими худро эълон намоям, агарчи қаблан барномарезӣ шуда буд. Чун дустон аз ин сафари ман ҳарос доштанд ва мегуфтанд, ки шароит хуб нест. Ҳатто баъзе дустон аз будани ман дар Кобул хело нороҳат шуданд ва мегуфтанд, ҳарчи зудтар баргардам, чун хабарҳое аз интиҳор ва инфиҷор ба гӯшҳо мерасид.
Табъан, дидор аз дур бо дидор аз наздик мутафовит мебошад. Вақте ман ба Кобул омадам ва дидам, ки ҳар кас мутаваҷҷеҳи кори рузмарраи худ аст, барои ман ҷолиб буд, ё шояд мардум тӯли ин солҳои зиёд одат карда бошанд. Ҳатто вақте, ки дирӯз дар вилояти Панҷшер будем ва дар ҳамон ҷое, ки мо будем, тирандозиҳо шуруъ шуд. Як ҳолате аст, ки аз як сӯй вазъияти амниятӣ хароб аст ва аз сӯи дигар мардум дунболи зиндагии рӯзмарраашон ҳастанд. Ин ҳолат ба ғайр аз Афғонистон дар ҳеч ҷои дигар надидам.
Бардошти ман ин аст, ки Афғонистон ба маротиб оромтар аз он аст, ки дар расонаҳо пахш мешавад.
– Дар мавриди ҷойгоҳи Ҳизби наҳзат дар байни мардум ва маҳбубияти он бифармоед. Мардуми Тоҷикистон то чӣ ҳад ҳомии Наҳзат ҳастанд?
– Воқеъият ин аст, ки мо то ҳол кадом интихоботи шаффоф надоштем, ки тавассути он мизони ҳимояти мардумро нисбат ба Наҳзат таъйин намоем, ки имрӯз бо сароҳат ва дақиқ эълон намоем, ки чанд дар сади мардум аз мо пуштибонӣ мекунанд. Вале он чизе, ки гузоришҳо нишон медиҳад ва мо аз берун мешунавем, ин аст, ки Наҳзат ҷойгоҳи байни аввал ва дуввумро дорад ва ҳадди ақал сеюм нест. Дуруст аст, ки мо дар Маҷлиси намояндагон ду нафар дорем ва ҲКТ ва дигарон бештар доранд, аммо натиҷаи интихобот воқеъӣ нест.
Замоне буд, ки мо 70 сол зери таъсири Шуравӣ қарор доштем ва баъди ҷанги хонумонсӯзе, ки дар кишвари мо рух дод, баъзеҳо талош карданд, ки аз Наҳзат як нирӯи иртиҷоӣ ва ақибмонда бисозанд ва мардумро метарсонданд, ки агар инҳо нуфуз пайдо кунанд, Тоҷикистон ба Афғонистони дуввум мубаддал хоҳад шуд ва Покистон тавре хоҳад кард, ки низоъи мазҳабӣ барпо шуда, террорҳои ом оғоз мегардад.
Вале Наҳзат дар ин даҳ соли охир бо сабру таҳаммул, бо биниши воқеъбинона ва бо фаҳму равшангарӣ тавонист, назари бисёре аз мардум ва ҳатто хориҷро ҳам тағйир бидиҳад.
Ман хуб ба ёд дорам, ки ахиран дар донишгоҳи “Оксфорд” як маҳфиле буд ва навбати суханронии ман фардояш буд. Ман хостам вориди маҳфил шавам ва бубинам, ки он чи гуна аст ва чи хел ҷараён дорад ва бо либосҳои ғайри расмӣ дохили маҳфил шудам. Дидам ,ки яке аз коршиносон аз Осиёи Марказӣ суханронӣ дорад ва мегӯяд, мо наметавонем дар Осиёи Марказӣ демократия биоварем, чун натиҷааш пирӯзии аҳзоби ифротгароҳо хоҳад буд, ки Ҳизби наҳзат боризтарин намунааш аст.
Чун мардум намедонистанд, ки ман дар толор ҳузур дорам, зеро дар ақиб нишаста будам. Дар он ҷо аксарияти коршиносони аврупоӣ, амрикоӣ ва ҳатто аз минтақаи мо, ки дар он конфронс ширкат мекарданд, бо як мухолифати шадид бо он шахс рӯбарӯ шуданд. Онҳо ӯро мегуфтанд, ки он шинохте, ки мо аз Наҳзат дорем, чунин нирӯ нест ва ҳар каси дигаре ба ҷои Ҳизби наҳзат мебуд, ин сабру таҳаммулро надошт ва даст ба эътирозоти шадид ва корҳои дигаре мезад ва шумо доред як тасвири дуруғ аз Наҳзат ба мо баён медоред, то моро битарсонед. Воқеан, он коршиносон хело эътироз карданд ва бо далоил рад мекарданд ва билохира касе манро шинохт ва гуфт, ки аз худи Наҳзат ин ҷо вуҷуд дорад.
Мардум аз Наҳзат шинохти хубе доранд ва шояд як гурӯҳи хурде бошанд, ки нисбат ба Наҳзат кина доранд, ки ҳамеша ин масоилро доман мезананд.
Бузургтарин дастоварди Наҳзат ҳам ҳамин буд, ки як бадили хубтар ба мардум ироа кард, дар баробари он шинохти нодурусте, ки мардум аз Ислом дар минтақа доштанд.
– Ҳизби наҳзат рӯи кадом аҳдоф бино ёфтааст? То кунун, то чӣ ҳад ба аҳдофи хеш расидааст?
– Наҳзат аз замоне, ки таъсис шуд, як гурӯҳи кучаке буд, ки мехост равшангарии фарҳангӣ ва мубориза бо хурофоту бидъатҳо карда бошад ва ҳечгоҳ барномаи сиёсӣ надошт, зеро он аслан дар ҳокимияти Шуравӣ имкон надошт. Бо гузашти замон ва таҳаввулот, Наҳзат ба як нирӯи ҷамъиятӣ табдил шуд ва барномаҳо ҳам тағйир ёфтанд. Мо дидем, ки имконият пайдо шуд, то дар масоили сиёсӣ ҳам дахолат намуда, ба қудрат ҳам бирасад ва метавон аз ин васила барои ислоҳи ҷомеа истифода кард.
Стратегияи аслии Наҳзат ислоҳи ҷомеа аст. Агар сиёсат василаи муассиртар аст, аз сиёсат истифода мешавад ва агар сиёсат баръакс ба зарар тамом шавад, мо бештар дунболи корҳои фарҳангӣ ва таълиму тарбия меравем.
Мо дар ҳақиқат як ҳаракате ҳастем, ки худро дар қолаби як ҳизб андохтем ва ин чандон мантиқӣ ҳам нест, чун ҳизбҳо маъмулан шохаҳое аз ҳаракатҳо ҳастанд, вале қонунгузории кишвари мо тавре тақозо мекунад, ки дар қолаби ҳизбӣ бояд амал кард.
Ба назари ман, Наҳзат ба аҳдофи марҳилаи худ расидааст. Мо тавонистем як шинохти ҷадид аз Исломро ба вуҷуд биоварем ва тавонистем, ки Исломро аз таҳхона ва кунҷҳои масҷидҳову манзилҳо ба бахшҳои зиндагӣ бикашонем. Акнун, мардуми мо Исломро ҷавҳари худшиносии худ мешиносанд ва ин талошҳои Наҳзат ва заҳамоти бузургони дигаре, ки берун аз Наҳзат буданд, мебошад.
Муҳим барои мо ин аст, ки миллат худро бишиносад, ки як миллати мусалмон асту ҳуввияти исломӣ дорад ва таърихе дошт, ки моломол аз ифтихороти исломӣ аст ва то баргардад ба он бистаре, ки дар гузаштаи исломӣ дошт.
– Вокуниш ё аксуламали Ҳизби наҳзат дар муқобили қонунҳои зидди исломӣ, ки аз сӯи ҳукумат вазъ гардид ва ё баъдҳо вазъ хоҳад шуд, чӣ буда ва чӣ хоҳад шуд?
– Ин яке аз суолоте аст, ки ҳамеша аз дохил ва хориҷ матраҳ мегардад ва моро мавриди интиқоди шадид қарор медиҳанд, ки Наҳзат набояд дар мавриди аслҳо сукут кунад ё гузашт намояд.
Наҳзат ба ин натиҷа расид, ки яке аз аслҳо барои мо, ки ҳам таклифи шаръӣ аст ва ҳам ватандорист, ҳифзи амну субот аст. Мо масъули амали худ дар чорчуби имконот ва иститоати худ ҳастем ва агар мо коре анҷом диҳем, ки амну субот дар кишварро аз байн бубарад, ҳатто ба хотири дифоъ аз усул бошад ҳам, таъсири он зери суол бурдани аслҳои дигар шавад. Масалан, ҳиҷоб ва рафтани ҷавонон ба масҷидро мамнуъ қарор доданд, ки Наҳзат бояд аз худ як вокуниш нишон медод. Агар ин вокуниши мо боиси аз байн рафтани субот ва ҳаракатҳои мардумӣ шавад, чанд асли дигарро аз даст хоҳем дод.
Наҳзат аз ин лиҳоз оромиши худро ҳифз мекунад ва оромиши мо ба маънои сукут нест. Мо ҳарфи худро мезанем ва хело қавӣ ҳам ҳарф мезанем ва мо сахттарин интиқодотро аз тарафи давлатҳо ва низомҳо мешунавем, ки мегӯянд, инҳо ҳамон ифротгароҳo ҳастанд, ки боз ҷавононро тарафи масҷид мекашонанд ва инҳо мехоҳанд ҳама занҳоро зери чодар ва ҳиҷобу ниқоб биоранд.
Наҳзат ин ҳамаро аз чапу рост мешунавад, вале таҳаммул мекунад ва ҳамон тактикаи васатиро аз даст намедиҳад, ҳамзамон фаъолиятҳои равшангароӣ дорем.
Ҳам дустонамонро ба сабр даъват мекунем ва ҳам ба ҳукумат мегӯем, ки сабри мардум бе интиҳо нест. Рӯзҳое ҳам омад, ки ба ҷонибдорон гуфтем, ки ин ба души мо, Шумо сабр кунед, билохира онҳо қабул ва итоат карданд.
– Шумо ба ҳайси роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба миллати худ ва ба уммати исломӣ чӣ паёме доред?
– Паёми ман ба мусалмонон ин аст, ки авлавиятҳои Олами исломиро хуб бишиносанд. Мутаассифона, ки Олами исломӣ вориди як марҳилае шудааст, ки чолишҳо ва таҳдидҳои зиёде мутаваҷҷеҳи мост; баҳсҳои ҷадиде дар миён омада ва баҳсҳои ҷадиду қадимӣ, ки бузургони мо тавонистанд, то ҳадде ҳал намоянд, назири масоили шиаву суннӣ ва амсоли инҳо.
Хоҳиши ман аз уммати исломӣ ин аст, ки ихтилофотро канор бигузорем ва дар масоили ихтилофӣ аз ҳамдигар гузашт намоему ба ҷадал напардозем.
Ба миллати тоҷик низ ин паёми ман аст, ки ин рисолати таърихие, ки дар тӯли таърих доштем ва парчамдори Ислом дар минтақа будем, бори дигар онро ба даст бигирем ва дигаронро ҳам бигузорем, ки дар бар афроштани ин парчам саҳм бигиранд.
Сойти расмии Маркази мутолиот и стратегӣ ва минтақавӣ