Илҳом Беков, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Мастчоҳ
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим, алҳамдулиллоҳирраббил ъоламин вассалоту вассалому ъало набийино Муҳаммад(с). Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Манзури банда масъалабардорӣ кардани ин мавзӯъ, ба хотири водор сохтани давлатмардон ҷиҳати муносибати дилсӯзона доштани онҳо дар нисбати ҳуқуқи занони ҷавон аст. Занро гуфтори мардумӣ ҷинси латиф мегӯянд, вале дар ботини он тазодҳое нуҳуфтаанд, ки ҷанбаи парварандагӣ доранд. Дар Қуръон сурае ҳаст зери номи «Нисо» (занҳо), аз ин бармеояд, ки таваҷҷуҳи Парвардигор ба зан хос ва Паёмбари мо, Муҳаммад (с) ҳам биҳиштро зери қудуми модар қарор додааст.
Дар Тоҷикистон, ки ба қавли раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон 99% мусалмонанд, зан дар ин кишвари 8 милионнафара чӣ ҷойгоҳе дошта бошад? Оё ин ҷойгоҳ ба зани мусалмон мувофиқ аст ва дар ин ҷойгоҳ насли ояндаро ба чӣ тарзе метавон дид? Умед аст, ин суолот силаи раҳми давлатмардонро бедор намуда, дар халли ин буҳрон чораҳои заруриро меандешанд.
Заминасози буҳрони издивоҷ: Ҳассостарин бемории ҷомеъа, ки кадоме онро дар ҷомеъа роз нигоҳ дошта наметавонад ва ҳеҷ табибе роҳи табобати онро пайдо намекунад, ин болоравии рӯзафзуни занону духтарони бешавҳар дар ҷомиъаи мусалмонист. Ин ҷо шояд суоле ба миён ояд, ки ин буҳрон аз куҷо сар задаву бо кадом усул онро бояд ҷилавгирӣ кард? Банда асли падидоварандагони ин буҳронро дар парлумони кишвар мебинам. Масалан, ҷойӣ доштани қабули қонунҳое, ки дар мавриди хос маънии зиддидинӣ доранд ва омили дигар номувофиқ будани мақомоти марбута дар қиболи Ислом дар ҳукумати ҶТ аст.
Ҳеҷ давлате аз ин мушкилот раҳо намеёбад, агар неруи роҳбарии ҷомеъа бо неруи динии он эҳтиром қоил нашавад. Масалан, давлатҳое, мисли Америка, Русия, Ҷопон ва даҳҳо кишварҳои мутарраққие ҳам ҳастанд, ки давлатмардони онҳо ба қишри рӯҳоният эҳтироми хос қоиланд ва дар тамоми масоил ба раъйи онҳо эҳтиром мегузоранд.
Вале бармегардем ба давлатмардони худ, онҳо дар зоҳир ба диндорон эҳтиром доранд, дар асл дину мазҳабро ба буғӣ шудан тела медиҳанд. Барои мисол, аз як ҷониб бисёрзаниро манъ дошта, аз дигар ҷониб бордоркунии сунъиро иҷоза медиҳанд. Агар ба рафтани занон ба масҷид садгузорӣ мекунанд, аммо дари казиноҳоеро боз мегузоранд. Динро аз давлат ҷудо гуфта, хатибони масоҷидро ҳамчун олоти сиёсӣ истифода мебаранд, никоҳи исломиро бе эътибор дониста, зиноро шакли расмӣ мебахшанд. Ёдбуди Имоми Аъзамро таҷлил мекунанд, аммо садди роҳи бунёди мадрасаҳои мазҳабӣ мешаванд, амр ба маъруфро иллат дониста, рақсу бозиро ҳикмати хеш қарор медиҳанд. Инҳоянд заминасози омилҳои буҳронҳо дар издивоҷ.
Пешгирии ҳама амрози ҷомеъа дар каломи Худовандист. Агар бисёрзаниро мушкили ҷомеъа медонед рӯ биёред ба сураи «Нисо»: 3, ки дар он Худованд мефармояд: «Ва агар тарсед, ки адл натавонед (кард) дар ҳаққи духтарони падармурда, пас никоҳ кунед касеро, ки хуш ояд барои шумо аз занон ду-ду, се- се ва чор-чор».
Ин аст барномаи муҳиме, ки ба фитрати мардуми мо мувофиқ аст. Агар давлатмардони мо ба Аврупо тақлид мекунанд, дар он ҷо фоҳишахонаҳо расмиянд, ҳатто никоҳи ҳамҷинс ҳам иҷоза аст. Манзур аз масал задани Аврупо ин аст, ки зан он ҷо ҳар вақте шаҳваташ боло гирифт, меравад ба фоҳишахона ё аз дигар васоили ғайришаръӣ истифода мебарад. Оё давлатмардони кишвар фикр мекарда бошанд, ки зану духтари тоҷик дар ҳар хонадони деҳот болотар аз синни 25, ҳатто 35-сола монда чӣ кор кунанд? Чӣ, мо низ хоҳарони хешро ба фоҳишагӣ майл доданием? Барои чӣ ин масъала дар андешаи давлатмардони мо истисно шудааст?
Бародарон ва хоҳарони гиромӣ! Ин буҳронҳо ба ҳайсияти миллат зарбаҳои шадид расонида метавонанд, ба вижа дар тақвову худопарастӣ. Биёед таваҷҷуҳ намоем ба раванди зиндагӣ, ки чӣ душворие бар дӯши мард уфтодааст, маҳбасҳо аз мард пур, аксари мутлақи муҳоҷирон мард, дар тамоми тасодуфу хушунатҳои иҷтимоъӣ бештар мардҳо талаф меёбанд. Дар ҳоле ки ҷинси латиф наздик ба ду баробари мардҳо афзоиш ёфтаанд. Аслан нуктаеро бояд қайд намоям, ки давлатмардони мо корхонаҳоеро бояд дар тамоми қаламрави кишвар ба таври лозим афзоиш бахшанд ва занону духтаронро ба кор ҷалб созанд, инчунин мардони соҳибкори асилро имкон ва шароитро барои рушди корхонаву истеҳсолот муҳайё созанд, то нафақаи иҷтимоъии хосе барои таъмини занон пайдо шавад ва синни нафақа аз 60-солагӣ ҳадди ақал ба 45 коҳиш пайдо намояд.
(Наҷот)