Низомиёни Толибон аз бештар кардани ҳамлаҳои худ алайҳи неруҳои хориҷӣ таҳти фармони Амрико дар Афғонистон ва давлати афғон хабар додаанд.
Яке аз сухангӯёни Толибон 28 апрел, аз оғози ҳамлаҳои нави худ иттилоъ дода гуфтааст, ки низомиён дар ҳамлаҳои худ аз тактикаҳои нави низомӣ истифода хоҳанд кард.
Дар пайи ин ҳушдор, мақомоти Афғонистон ба ташдиди тадобири амниятӣ дар шаҳрҳои аслии ин кишвар аз ҷумла Кобул, пойтахти Афғонистон пардохтанд.
Генерал Қадамшоҳ Шаҳим, фармондеҳи аршади низомӣ дар Афғонистон эълом кард, ки низомиёни Толибон қасд доранд дар соли 2013 м бар ҳамлаҳои худ биафзоянд ва сохтумонҳои давлатии ин кишвар, дафтарҳову марказҳои СММ, қароргоҳҳои НАТО, сафоратхонаҳоро дар Кобул ҳадаф қарор диҳанд.
Ҳамзамон ӯ таъкид кард, ки Толибон дар соли 2013 75 дарсад аз ҳамлаҳои худ Кобулро ҳадаф қарор додаанд.