Тоҷикистон барои такмили сохти неругоҳи барқии обии Роғун дар соли 2015 маблағи 308 млн доллар ихтисос хоҳад дод.
Ба гузориши Радиои тоҷикӣ, ба нақл аз як сайти хабарӣ, Абдуссалом Қурбонов гуфтааст, ки ҳангоми ироаи тарҳи будҷаи соли ояндаи кишвар дар парлумони гуфт, ки барои идомаи сохти неругоҳи барқии обии Роғун дар соли 2015 маблағи 308 млн доллар дар назар гирифта шудааст.
Ин дар ҳолест, ки намояндаи Сандуқи байналмилали пул дар Тоҷикистон аз давлати Душанбе хостааст, ки ҳангоми ихтисоси маблағҳои калон барои тарҳи неругоҳи барқии обии Роғун мизони ҳазинаи бахшҳои иҷтимоии будҷаро низ мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Зеро аз дидгоҳи намояндаи мазкур, афзоиши ҳазинаи сохти ин неругоҳ тавозун миёни сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро аз байн мебарад, ки ин мавзуъ ба зиёни барномаҳои иҷтимоӣ хоҳад буд.
Вай муътақид аст, ки ҳазинаи калони молӣ барои такмили сохти неругоҳ метавонад сабаби коҳиши будҷаи бахшҳои дигар ва фишор ба бахши хусусӣ шавад. Чунки барои такмили сохти ин неругоҳ аз 5 то 6 млрд доллар лозим аст, ки чунин маблағ то кунун пайдо нашудааст.
Бонки Ҷаҳонӣ тобистони соли ҷорӣ, пас аз 3 соли таҳқиқи мушаххасоти фаннӣ ва паёмадҳои муҳити зистии неругоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон, ки ба дархости давлати Ӯзбакистон анҷом гирифта буд, бо шартҳое барои такмили ин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистон мувофиқат кард.