Дар иҷлоси ҳафтуми Муколамаи ҳуқуқи башари ИА ва Тоҷикистон, ки дар таърихи 11 июн дар Брюссел баргузор гардид, мақомоти Аврупо аз чигуна баргузор шудани интихоботи парлумонии 1 – уми март дар Тоҷикистон, маҳдудиятҳо, бастани сомонаҳои интернетӣ ва набудани озодии дин дар кишвар нагаронӣ кардаанд.
Ба гузориши “Озодӣ”, ба нақл аз гузориши дафтари ҳамкориҳои берунаи ИА, ҳайати Аврупоро дар ин иҷлос Элизабет Тисон, раҳбари бахши ҳуқуқи инсони дафтари ҳамкориҳои беруна ва ҷониби Тоҷикистонро Музаффар Ашӯриён, раҳбари раёсати кафолатҳои конститусионӣ ва ҳуқуқи инсони дастгоҳи раёсатиҷумҳурии кишвар раҳбарӣ мекарданд.
Тисон дар робита ба вазъи кунунии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт: “таъбири вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон хеле мушкил аст. Дар баъзе соҳаҳо пешравӣ дида мешавад ва як муколамаи созанда ҳам байни мо сурат гирифт. Онҳо бояд пешрафт кунанд ва гуфтанд, ки барои пешрафт дар масоили ҳуқуқи башар омодаанд. Мо ба ҷониби Душанбе як силсила тавсияҳо додем ва бештар аз ҳама рӯи масоили озодии баён ва ҳамчунин озодии Интернет”.
Тибқи навиштаи хабаргузорӣ, ИА пиромуни гузоришҳо дар бораи фишор ба хабарнигорони мустақил ибрози нигаронӣ намуда, аз мақомоти Тоҷикистон талаб карда, то масдуд шудани сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро қатъ кунад.
Дар баробари ин, ИА аз гузоришҳои расида дар бораи норасоиҳо дар интихоботи парлумонии рӯзи 1 – уми март дар Тоҷикистон изҳори таассуф кард, вале гуфтааст, ки барои кӯмак ба мутобиқ кардани раванди интихоботҳои Тоҷикистон ба меъёрҳои САҲА ва дигар меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ омода ҳаст.
Нигаронии Иттиҳоди Аврупо дар робита ба озодии ҳуқуқи инсон дар ҳоле аст, ки дар интихоботи 1 – уми март Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки яке аз ҳизбҳои пурнуфуз ва фаъоли кишвар нисбат ба дигар аҳзоби Тоҷикистон ба шумор меравад, гӯё раъйи мардумро ба даст оварда натавонистааст.
Ин дар ҳолест, ки даврони таблиғоти пешазинтихоботӣ гувоҳ аз он буд, ки ҲНИТ дар интихоботи рӯзи 1 – ми март метавонад мақоми худро дар парлумон ҳифз намояд. Аммо тақаллубкориҳо ва беадолатиҳо дар интихоботи мазкур, сабаб гардид, ки ҲНИТ аз парлумон берун карда шавад.
Ғайр аз фишору таъқиби аъзои ҲНИТ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар идома дорад, ки ба таври зурӣ мехоҳанд шумори аъзои Ҳизби наҳзати исломиро кам намоянд. Дар робита ба ин мавзуъ Файзинисо Воҳидова, коршиноси маъруф ва ҳуқуқдони тоҷик дар сафҳаи фесбукии худ низ навишта буд, ки рӯзона ба ӯ аз тарафи шаҳрвандон шикоятҳо бурда мешавад.
Воҳидова менависад, ки аксар шикояткунандагон шаҳрвандоне ҳастанд, ки бегуноҳ аз тарафи мақомот даъват шуда, мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтаанд. Тибқи навиштаи ӯ, сабаби даъват ва пурсуҷӯи ин шаҳрвандон он аст, ки онҳо аъзои ҲНИТ мебошанд. Пас нигаронии ИА дар робита ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бисёр ба маврид аст.