Categories Uncategorized

Баррасии рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон

Азиза Саидова

Масъалаи сатҳи рушди муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид. Ин масъала зимни вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Раиси Кумитаи доимии Сенати Покистон оид ба тиҷорат, сенатор Ҳоҷӣ Ғулом Алӣ баррасӣ гардидааст.

Тавре аз ВКХ хабар доданд, инчунин Зубайдулло Зубайдов бо Вазири давлатии Покистон оид ба тиҷорат, сенатор Аббос Афридӣ мулоқот намудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҳоҷӣ Ғулом Алӣ бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки ҳамкориҳои тиҷоратии миёни ду кишвар тадриҷан меафзоянд.

Ӯ пешниҳод намуд, ки бо мақсади густариши минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратӣ аз ҳар ду ҷониб созмон додани гурӯҳҳои соҳибкорон ва мунтазам ташкил кардани сафарҳои кории онҳо ба кишварҳои ҳамдигар мувофиқи мақсад мебошад.

Ҳангоми сӯҳбат инчунин масъалаҳои роҷеъ ба рушди муносибатҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Покистон мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

More From Author

You May Also Like