Вазорати корҳои
дохилии Тоҷикистон дар робита ба ҳамлаи мусаллаҳона ба шуъбаи ВКД дар шаҳри
Ваҳдат хабари таъҷилӣ интишор намуд. Бар асоси ин хабар субҳи 4 сентябри соли
2015, соатҳои 04.28 дақиқа аз ҷониби гурӯҳи ҷинояткорон таҳти роҳбарии
Абдуллоев Зиёвиддин ба шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми
ногаҳонии яроқнок ба вуқӯъ пайвастааст, ки аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои
дохилӣ зада гардонида шуд. Дар натиҷа, Абдуллоев Зиёвиддин ва як ҳаммаслакаш
нобуд карда шуда, се нафари дигари ин гурӯҳи ҷиноятпеша ярадор гардидаанд. Дар хабари
сомонаи расмии ВКД таъкид мешавад, ки ҳодисаи мазкур нисбати Умар Бобоҷонов
ягон дахолат надорад.
«Азия-Плюс» бо такя
ба манбаъе худ аз сохторҳои қудратӣ қаблан дар мавриди ин ҳодиса хабар дода
буд, ки пеш аз ҳамла ҷинояткорон пинҳонӣ ба қаламрави яке аз қисмҳои ҳарбии
воқеъ дар гардиши фурӯдгоҳ ворид шуда, миқдори зиёди силоҳи оташфишон ва
тирҳоро бо худ бурдаанд ва маҳз бо ҳамин силоҳ ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат
ҳамла сурат гирифта, чор корманди милиса кушта шудаанд. Ҳамазамон ин
хабаргузорӣ мегӯяд, айни замон тамоми кормандони сохторҳои қудратии кишвар дар
ҳолати омодабош қарор дошта, дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои пурзӯри
амниятӣ андешида шудаанд. Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи «Азия-Плюс» шоми дирӯз
сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат, донишҷӯи Донишгоҳи Санкт-Петербург Умар Бобоҷонов,
ки рӯзи 28 август барои риш ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат оварда шуда
буд, дар бемористон даргузаштааст. Аммо Маҳмадсаид Бобоҷонов, падари Умар ҳам
рӯзи чоруми сентябр ба “Озодагон” гуфтааст, наздикони онҳо ба ин ҳамла ҳеҷ
рабте надоранд:”Ҳамаи хешу таборон дар назди ман дар беморхона қарор
доранд. Писарам ҳоло ҳам дар ҳолати беҳушӣ аст”.
Лозим ба ёдоварист,
ки рӯзи 29 август Умар Бобоҷонов бо ҷароҳатҳои сершумор аз шуъбаи милиса ба
шуъбаи эҳёгарии бемористони маҳаллӣ мунтақил гардид. Наздикони Бобоҷонов изҳор
доштанд, ки барои ришмониаш кормандони милиса ӯро бераҳмона латукӯб кардаанд.
Аз рӯи далели латукӯби Умар Бобоҷонов дар прокуратураи шаҳр парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Бо супориши вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода
дар робита ба ин ҳодиса тафтиши хизматӣ оғоз гардида, таҳти раҳбарии яке аз
муовинони вазир гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил гардид. Вазири корҳои дохилӣ ба
ин гурӯҳ супориш дод, ки дар доираи тафтиши хизматӣ гунаҳкоронро муайян намуда,
онҳоро ба ҷавобгарӣ кашанд ва ҳамчунин ваъда дод, ки дар бораи натиҷаҳои ин
тафтиш ба ВАО маълумот хоҳад дод.
Бино ба иттилои хабарнигорони радиои “Озодӣ” ин субҳ дар гардиши фурӯдгоҳи
байналмилалии Душанбе низ як задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, дар пайи он се афсари пулис ҷон бохта, як нозири роҳ ба
бемористон интиқол ёфтааст. Ҳанӯз мақомот шарҳи расмии онро ироа накардаанд.
Манобеи мустақил мегӯянд, барои ташкили ин ҳамла Ҷунайдулло ном узви собиқи
Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик муттаҳам мешавад, ки баъди имзои Созишномаи
сулҳ барои кор ба Вазорати дифоъ омада, аммо аз санҷиши охир нагузашта будааст.