Categories Ахбори рӯз

Низоми таълимоти 12 – сола дар Тоҷикистон

Мактабҳои Тоҷикистон то соли 2018 ба низоми таълимии 12 – сола тағйир мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории “tajik.irib.ir”, Э. Раҳмон 23 январ дар паёми солонааш гуфт, ки то соли 2018 тамоми мактабҳо бояд ба низоми таҳсилии 12 – сола тағйир кунанд.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон аз соли 2010 барои тағйири низоми омӯзишии 12 – сола омодагӣ вуҷуд дошт, аммо парлумони кишвар дар ҳамон сол ба қонуни маъориф банди тозаеро изофа кард.

Дар он замон Абдулҷаббор Раҳмонов, вазири собиқи маъориф гуфта буд, ки кишвар аз соли 2016 ба низоми омӯзишии 12 – сола тағйир мекунад.

Пеш аз ин ҳам раисҷумҳур дар паёмҳояш дар бораи зарурати тағйири низоми 12 – солаи омӯзишӣ сухан гуфта ва тағйир ба низоми навини омӯзиширо барои мутобиқ кардани сатҳи омӯзиш бо меъёрҳои ҷаҳонӣ зарурат хонда буд.

Аммо дар соли 2013 Вазорати маъорифи Тоҷикистон барномаи тағйири низоми омӯзишии 12 – соларо то соли 2020 ба таъхир андохт, чаро ки бар асоси нақшаи вазорати мазкур тағйир ба ин низоми омӯзишӣ харҷҳои ҳангуфтеро талаб мекунад.

Ин дар ҳолест, ки кишварҳои ҳамсоя Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Туркманистон ба низоми омӯзишии 12 – сола тағйир кардаанд.

Тибқи ин низоми нави таълимӣ, кӯдакон дар синни 6 – солагӣ ба мактаб мераванд. Ин тағйир кӯмак мекунад, то низоми таълимии Тоҷикистон бо меъёрҳои ҷаҳонӣ баробар шавад. Дар ҳоли ҳозир донишҷӯёни тоҷик барои ворид шудан ба мадрасаҳои аврупоӣ ва хориҷӣ як сол давраи “омодагӣ” мегузаранд.

More From Author

You May Also Like