Ҳафтаи сипаригардида даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва захмӣ шудани марзбонҳои ду тараф аз ҷумлаи асоситарин матлабҳои матбуоти кишвар буд.
Нигоҳ дар мақолае таҳти унвони «Баҳси сархӯр» аз иштибоҳоти мақомоти тоҷик дар масъалаи баҳсҳои марзии ду кишвар гуфтааст. Муаллифи матлаб аз қавли Неъматуллоҳи Мирсаид коршиноси масоили марзӣ меоварад, ки зимни баррасии масъалаи мазкур чунин гуфтааст: «Шахсоне ҳастанд, ки вазъияти наздисарҳадии Тоҷикистонро пурра наомӯхтаанд, намедонанд ва кӯр-кӯрона дар гуфтушунидҳо қарор қабул кардаву имзо мегузоранд». Ӯ илова мекунад, ки тибқи созишномаи байниҳукуматии соли 2002 тавофуқ шуда буд, ки дар ҳудудҳои наздисарҳадӣ ягон иншооте бунёд кардан мумкин нест, аммо мутаассифона ҷониби Тоҷикистон ҳамин розигиро дод ва хати сарҳад дар онҷо бунёд шуд.
Миллат ҳафтаномаи дигари кишвар дар мавриди масъалаи мазкур мақолаи муфассалеро бо номи «Исфара: кӣ гунаҳкор ва кӣ манфиатдори низоъ аст?» ба нашр расонда, ки дар он аз ҷумла оғози ташаннуҷи авзоъ, муттаҳамкунии ду тараф, вокуниши аҳзоби сиёсӣ ва бозхонии сафири Қирғизистон аз сӯи кишварашро мавриди баррасӣ карор додааст. Аз ҷумла дар вокуниши ҲНИТ танҳо ҳизбе, ки то рӯзи нашри ин ҳафтанома нисбати масъалаи мазкур вокуниш нишон дода буд, омадааст, ки: «Баррасии аввалия ошкор кард, ки ҳодиса дар хоки Тоҷикистон рух дода, таҷовузи мусаллаҳона ба сарзамини мо сурат гирифтааст. Бо истифода аз хомӯшӣ ва ё камфаъолиятии масъулину ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон, мақомоти кишвари ҳамсоя фазои иттилоотиро бо маълумотҳо ва тафсирҳои яктарафа пур кардаанд, ки ин боиси натиҷагириҳои ғалат аз моҳияти масъала хоҳад гашт». Ҳамчунин дар матлаби Миллат омадааст, ки ҲНИТ муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро таҳдид ба амнияти ҳар ду кишвар хонда ва аз ҳукумату парлумон даъват кардааст, ки масъаларо ҳал кунанд.
Фараж дар баробари матлабҳои зиёде ҳам, ки дар робита ба низоъи марзии ду кишвари ҳамсоя ба нашр расондааст, аз коршиносони дохили кишвар ин саволро пурсидааст, ки аз моҷарои тоҷику қирғиз кӣ бурд мекунад? Аз ҷумла посухи коршиносон ба саволи матраҳшуда чунин аст:
-Абдумудассир Аҳмадзода, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон”: «Ӯзбекистон ва Русия. Чун дар масъалаи об Қирғизистону Тоҷикистон ҳамфикранд, моҷарои онҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои муштарак мамониат мекунад»;
–Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ: «Ду гурӯҳ: гурӯҳи «тиҷорат» ё мафиозӣ ва дуввум гурӯҳи одамоне, ки аз нигоҳи сиёсӣ мехоҳанд дар асоси ҳамин ҳодиса як спекулятсия ташкил кунанд»;
–Иброҳим Усмонов, профессор: «Он нафароне, ки ҳавасманди ба ҳам наовардани тоҷикону қирғизҳо ҳастанд, бурд хоҳанд кард»;
–Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақил: «Аслан аз ягон моҷаро касе бурд намекунад, бохт насиби ҳар ду ҷониб аст»;
–Сайфулло Сафаров, директори МТС: «Ин моҷаро ба манфиати ҳарду халқ нест»;
Аммо ҳафтаномаи наве бо номи «Ҳафта», ки аввалин шумораи он ба дасти хонандагон расид, матлаберо дар мавзӯъи боло ба чоп расондааст, ки муаллифи матлаб Мирзои Салимпур бар ин назар аст, ки ин қазия ба ҳодисаи солҳои 1992-и Тоҷикистон шабоҳат дорад: «Ман байни ончӣ, ки имрӯз дар марзи Исфараву Бодканд мегузарад ва 22 сол пеш дар ҷануби Тоҷикистон мегузашт, шабоҳатҳои зиёдеро мебинам». Ба ақидаи нависанда агарчӣ аз нигоҳи табиати низоъ қувваҳои бозигар ва ҳадафҳо байни нооромиҳои водии Вахши соли 1992 ва ончӣ, ки имрӯз атрофи Воруху Чоркӯҳ мегузарад фарқи хеле бузург аст, аммо аз нигоҳи шева ва маҷрои талотуми ҳодисот, талошҳои пайдарпай, вале ноком дар ҳалли қазия ва музокирот амалан ба сенарияи дуюми тобистони соли 1992 монанд аст.
Масъалаи дигаре, ки дар мақолаи зикршуда оиди қазияи таниши марзии ду кишвар ба он таъкид шудааст, ин аст, ки ба эътиқоди муаллиф калиди ҳалли қазияи ба вуҷуд омада дар дасти онҳое нест, ки то ҳол барои ҳалли он пушти миз нишастаанд ва ҳатто дар дасти руасои ду ҷумҳурӣ ҳам нест. Ӯ мегӯяд: «Нӯги ришта дар дасти на мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон аст ва на дар дасти мардуми ду тарафи марз. Бозигарони асосӣ, ки аз паси парда бозӣ мекунанд ва ҳанӯз ниқоби худро аз сар нагирифтаанд, ки бубинем киянд».
Дар ҳафтаномаи Ҳафта ҳамчунин мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Мӯъмин Қаноат рӯи чоп омадааст, ки дар он оиди паҳлӯҳои мухталифи мушкилоти ҷомеа ва кишвар сӯҳбат сурат гирифтааст. Мӯъмин Қаноат аз ҷумла дар посух ба ин савол, ки: “Чаро дар мо як нафар, ки ба курсӣ соҳиб шуд, дигар раҳо кардан намехоҳад? Чаро дар Арманистон ин тавр нест, чаро дар Гурҷистон ин тавр нест? аммо дар мо…”, чунин мегӯяд: «Ин нишонаи шуури пасти омиёна аст. Як навъ хурофот. Гумон мекунанд, ки президентӣ як мақоми аз ҳад баланд аст. Аслан ҳеч чиз нест. Ҳукумат аст, ки бояд кор кунад. Президент барномаи корро таҳия ва назорат мекунад. Дар кишварҳои дигар ҳукумат кор ва президент назорату ислоҳ мекунад…».
Ва ниҳоятан инки Озодагон дар мақолае таҳти унвони «Тоҷикистон дар гирдоби фақр», сабади истеъмолии ҳар як фарди кишварро бо меъёри муайнкардаи СММ муқоиса кардааст. Муаллифи матлаб аз ҷумла қайд мекунад, ки дар Тоҷикистон соли 2012 маоши ҳадди ақал аз 90 сомонӣ ба 200 сомонӣ боло бурда шуд, ки бо меъёри муайянкардаи СММ, ки 510 доллар мебошад, хеле ночиз аст ва мувофики нишондоди СММ аҳолии Тоҷикистон бо чунин ҳадди ақал зери хати фақри шадид қарор доранд, зеро барои зиндагии арзанда доштан ҳар нафар бояд 2448 сомонӣ маоши ҳадди ақал дошта бошад. Муаллиф мақолаашро бо ин нукта ба поён расондааст, ки маълумотеро дар бораи асирони ҳарбии Олмон пайдо карда, ки сабади истеъмолияшон дар як моҳ, аз меъёри сабади истеъмолии аҳолии Тоҷикистон ба маротиб бештар будааст.