Кишваре, ки аз кишварҳои исломӣ бештар мусалмон дорад

Кишваре, ки аз кишварҳои исломӣ бештар мусалмон дорад

Ин кишвари ғайримусалмон дар муқоиса бо кишварҳои исломӣмусалмони бештар дорад. Ба гузориши пойгоҳи хабарии “арабнюз”, Ҳиндустон танҳо кишвари ғайриисломие аст, ки теъдоди мусалмонони он дар муқоиса бо кишварҳои исломӣ, аз ҳамаи бештар аст.

Бинобар ин гузориш, Ҳиндустон беш аз 200 миллион мусалмон дорад дар ҳоле, ки ҳеҷ кишвари исломие дар ҷаҳон 200 миллион аҳолӣ надорад.

Бо вуҷуди густардагии Ислом дар Ҳиндустон, мусалмонони ин кишвар бо мушкилоти зиёде аз набудани дарки ҳақоиқи исломӣ тавассути ҳиндуҳо ва хушунатҳои мазҳабӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Таблиғи исломҳаросӣ дар расонаҳои ҳиндӣ низ далели муҳимм барои дарки нодуруст аз ҳақоиқи ислом ба шумор меравад, ба тавре ки як иштибоҳи хурди мусалмононро бузург нишон медиҳанд ва бархе ҷиноёти бузурги ҳиндуҳои тундравро дар расонаҳои худ мунташир намекунанд.

Ҳамчунин, бархе аз расонаҳои ҳиндӣ низ талош мекунанд, то Паёмбари исломро Худои мусалмонон нишон диҳанд, ба ҷойи инки расули охирзамонро ба унвони инсони комиле муаррифӣ намоянд, ки аз сӯи Худо ба мақоми паёмбарӣ мабъус шуда аст.

Ин дарҳоле аст, ки мусалмонони Ҳиндустон талош мекунанд бо чопи даҳҳо номгӯи китобу дигар нашрияҳо ҳар сол воқеиятҳои аслии Исломро дар хидмати мардум қарор диҳанд ва талош меварзанд, то ширкати фаъол дар интихоботи маҳаллӣ ва порлумонии ин кишвар дошта бошанд. Ҳамзамон кӯшиш мекунанд, ки барои барқарории робитаи мантиқӣ ва муносиб бо равшанфикрон, сиёсатмадорон ва фаъолони мадании ғайримусалмон ҳамкории зич дошта бошанд.

Мусалмонони Ҳинд ҳамчунин талош мекунанд бо рафтори худ, ба таври амалӣ таъолими исломиро ба пайравони дигар динҳо дар ин кишвар омӯзиш диҳанд. Ва дар ҳамин росто барои ҳифзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди миёни ақвоми гуногуне, ки дар Ҳиндустон зиндагӣ мекунанд фаъолият дошта бошанд. Иддаи зиёде аз мусалмонон дар маросимҳои мазҳабии ғайримусалмонон ширкат мекунанд ва ба онҳо низ иҷоза медиҳанд, ки дар маросимҳои исломӣ ширкат намоянд.

Аз сӯйи дигар мусалмонони Ҳиндустон барои тавонманду огоҳсозии занони ҳиндӣ ва афзоиши огоҳии онон бо кӯмаки таъолими исломӣ, талош мекунанд.

Пас аз ҷудо шудани Покистон аз Ҳинд байни мусалмонон ва ҳиндуҳо як кашмакаши ҷиддӣ ба вуҷуд омад. Ҳоло ҳам Ҳинд ва Покистон бар сари минтақаи Кашмир даргир ҳастанд ва гоҳ гоҳе даргириҳое низ дар ин минтақа сурат гирифтааст. Аммо мактаб ва тамаддуни таърихии мусалмонон дар Ҳинд тавони онро доштааст, ки худро аз ин кашмакаш ҳифз кунад. Девбанд яке аз марказҳои динии машҳур на танҳо дар Ҳинд балки дар тамоми ҷаҳон аст. Ин маркази исломӣ бо дидгоҳ ва мавқеъи муътадилаш дар ҷаҳони ислом шуҳрат дорад. Бештари донишмандон чунин мавқеъи ва дидгоҳи муътадил доштани ин марказро ба пайравии он аз мазҳаби Имом Абуҳанифа (рҳ) марбут медонанд. Ба ибораи дигар мазҳаби Ҳанафӣ ба унвони яке аз мазоҳиби муътадил барои пайравонаш имкони рушду пешрафтро ба таври васеъ фароҳам овардааст.

Ба ҳамин хотир мусалмонони Ҳинд ҳам дар ҷаҳони ислом аз ҷйгоҳи хоссе бархурдоранд. Ба хусус Абулҳасани Надавӣ, Сулаймони Надавӣ Муҳаддиси Деҳлавӣ ва дигар олимони машҳур дар ҳамин мактаб парвариш ёфтаанд.

More From Author

You May Also Like