Categories Uncategorized

Чархи фалак: Муборак дар озодӣ, ихвониҳо зиндонӣ

Маҳмудҷон Файзраҳмонов

Гузоришҳои ахир аз Миср ҳокист, ки баъди зуҳри имрӯз, 21 –уми августи 2013 маҳкамаи кайфарии Қоҳира қарори озодии Ҳуснӣ Муборак, диктатори пешини Мисрро содир кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки баъди табаддулоти низомӣ ва барканории Муҳаммад Мурсӣ, нахустин раисҷумҳури мунтахаби мардуми Миср аз тарафи артиш ва тарафдорони он, садҳо тан аз аъзо ва роҳбарияти аршади созмони “Ихвонулмуслимин”, ниҳоде ки дар барканории Муборак нақши арзанда дошт, кушта ва боздошт шудаанд.

Интизор меравад, ки Муборак аз зиндони “Туро” дар ҷануби Қоҳира, ки то ба имрӯз дар онҷо нигоҳ дошта мешуд, озод хоҳад. Аммо бисёре аз утоқҳои ин зиндон дар ҳафтаҳои ахир аз ихвониҳо пур шудааст.

Аз бидояти табаддулоти низомӣ алайҳи Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури пешини Миср дар таърихи 3-юми июли соли ҷорӣ нирӯҳои амниятии Миср садҳо тан аз аъзо ва роҳбарияти “Ихвонулмуслимин”-ро дастгир ва дар ин зиндон, ки ба шиддат таҳти назар аст, зиндонӣ кардаанд.

Ду рӯз пештар, хабаргузории “Рейтерз” бо нақли қавл аз Фарид Диб, вакили Муборак, гуфта буд: “Дар муддати 48 соат, раисҷумҳури собиқ озод хоҳад шуд.”, ки ҳамин хел ҳам шуд.

Ҳуснӣ Муборак дар июли 2012 ба далели мушорикат дар саркуби тазоҳуротҳои мардумӣ ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Аммо Додгоҳи таҷдиди назар (касатсионӣ) ҳукмро ба далели эродҳои шаклӣ рад кард. Расидагӣ ба парвандаи ӯ ҳамчунон идома дорад.

Муборак дар 11 феврали 2011 ва пас аз ҳафтаҳо тазоҳуротҳои хиёбонии мухолифонаш аз раёсати ҷумҳурии Миср канора гирифт. Дар он тазоҳуротҳо 850 тан ҷони худро аз даст доданд. Аз Ҳуснӣ Муборак, Ҳабиб Одилӣ – вазири ҳукумати ӯ ва 6 масъули давлатии дигар ба далели вокуниши дурушт ба тазоҳуротҳо шикоят шудааст.

Боздошти роҳбар (муршид)- и “Ихвонулмуслимин”

Инчунин, бомдоди дирӯз (20-уми августи 2013), нирӯҳои амниятии Миср роҳбари “Ихвонулмуслимин” Муҳаммад Бадиъро дар як опортмони маскунӣ дар шаҳри Наср, шарқи Қоҳира боздошт намуданд.

Ҳукми боздошти Муҳаммад Бадиъ рӯзи 10-уми июл ва дар нахустин ҷумъа пас аз сарнагунии ҳукумати Муҳаммад Мурсӣ дар Миср содир шуд. Оқои Бадиъ дар ин рӯз бо ҳузур дар миёни тарафдорони “Ихвонулмуслимин”, онҳоро ба идомаи тазоҳурот ва муқовимат то замони озодии Муҳаммад Мурсӣ ва бозгашти ӯ ба мақоми раёсати ҷумҳурии Миср фаро хонд. Артиш Бадиъ ва соири роҳбарони “Ихвонулмуслимин”-ро ба далели ин суханронӣ ба “таҳрик ба ошуб ва хушунат” муттаҳам карда, таҳти таъқиб қарор дод.

“Роҳи муршид идома дорад”

Дар 50 рӯзе, ки аз барканории Мурсӣ мегузарад, шумори зиёде аз аъзои аршади “Ихвонулмуслимин” боздошт шудаанд. Аммо Муҳаммад Бадиъ ҳамчунон пинҳон буд ва фақат гаҳгоҳ дар ҷамъи ҳаводоронаш зоҳир мешуд.

Муҳаммад Бадиъ дар ҳоле дастгир шудааст, ки чанд рӯз пеш писари 38-солаи ӯ дар даргириҳои тарафдорони “Ихвонулмуслимин” бо нирӯҳои амниятӣ кушта шуд.

Қарор аст, ки ӯ ҳамроҳ бо соири роҳбарони дастгиршудаи “Ихвонулмуслимин” рӯзи августи 2013 муҳокима шавад.

Билофосила, пас аз дастгирии Муҳаммад Бадиъ дар шомгоҳи душанбе, твиттер ва паёмаке дар миёни тарафдорони “Ихвонулмуслимин” мечархад, ки дар он навишта шуда “ман як муршид ҳастам”.

Манбаъ: Хабаргузориҳо

More From Author

You May Also Like