Ҷомеаи туркиро куштори Нихат Кантемир – актёри машҳури туркӣ, ки дар филми бисёрсериягии «Водии гургон» байни аксари тамошобинони ҷаҳон шӯҳрат пайдо намуда буд, субҳи 2 апрел ба таҳлука овард.
Ҳолати қатли актёрро дурбинҳои назоратии дар наздикии хонаи истиқоматии ӯ насбшуда сабт намудаанд. Чунончӣ, манобеи ахбор хабар медиҳанд, маҳбуби тамошобинон дар Анқара аз хонаи худ бадар рафта ба автомобил нишаст, ки қотил аз таппонча бо расонидани 10 тир ӯро ба шаҳодат расонид. Кантемир ҳангоми интиқол ба бемористон фавтидааст.
Нихат Кантемир мусалмони намозгузор буда, тамоми аҳкоми исломиро риоя мекард. Аксарияти мухлисон бар ин ақидаанд, ки сабаби шаҳодати ин нақшбози ҷасур, метавонад нақшҳои ӯ дар филми «Водии гургон: Фаластин» бошад.
«Водии гургон: Фаластин» – силсилафилмест, ки доир ба хуруҷи гурӯҳи ҳарбии махсуси туркӣ ба хоки Фаластин ва сарнагун кардани раҳбари низомии исроилӣ, ки ҳангоми низоъ дар соҳилҳои Ғазза куштори чандин нафарҳоро бар дӯш дошт, нақл мекард.
Намоиши ҷаҳонии ин синамо 27-уми январи соли 2011, Рӯзи байналмилалии ёдоварии шуҳадои Холокост баргузор гашта буд. Филм баҳсҳои туфониеро эҷод намуда, бисёре Аз муна қ қ идон мегӯянд, ки ин он тобиши зидди яҳудият дорад.