Душанбе бо баргузор намудани нишасти солонаи сарои СҲШ, дар рӯзҳои 11-12-уми сентябр, раёсати хешро дар ин созмон анҷом бахшида, онро ба Маскав месупорад.
Аммо масъала ин аст, оё Душанбе тавониманди онро дошта бошад, ки роҳи ҳалли яке аз масъалаҳои муҳимтарини матраҳ дар рӯзномаи ин нишаст, баррасии тартиби қабули аъзои навро анҷом дода, дарро барои ворид шудан ба СҲШ боз бигузорад? Ба ҳар ҳол, Ирон омодааст, ки дар сурати мушаххас шудани чунин як тартибот узви СҲШ бишавад. Вале ҷаноби Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфтааст, баъд аз ба дасти Маскав гузаштани раёсати СҲШ, масъалаи қабъули аъзои нави он баррасӣ мешавад.
Фикр мекунам, ин ишораи ин нукта аз забони мақоми аршади дипломатияи Маскав паёмест ба Душанбе, ки барои ҷалби узви нав зери раёсати худ дар нишасти мазкур талош наварзад.
Душанбе дар тӯли солҳо хеле зиёд талош кард, то ба пазируфтани кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг: Ирону Афғонистон ба СҲШ мусоидат кунад, вале ин талошҳо то ҳол бенатиҷа будаанд.
Рӯзи асосии нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ, фардо, 12-уми сентябр дар назар гирифта шудааст, ки бо аксбардории онҳо оғоз ёфта, баъдан ҷаласаи маҳдуд, ки дар он танҳо сарони кишварҳои узв ва кишварҳои нозиру меҳмон ширкат мекунанд, сурат мегирад. Танҳо баъд аз анҷоми ин корҳои реза ва ҷаласаҳои маҳдуд, СҲШ дар ҳайати васеъ ҷаласаи худро оғоз мебахшад. Ва маълум нест, ки чӣ санадҳое низ ба имзо мерасанду зимни пахши изҳороти муштарак кадом ҷанабаҳои баҳсии масоил мавриди қабули ҷонибҳо ва чӣ ишораҳое барои дурнамои фаъолияти СҲШ-у барномаҳои он мешавад.
Дар ҳошияи нишасти сарони СҲШ баргузории силсиламулоқотҳои дуҷонибаву чандҷонибаи сарони кишварҳо дар назар аст. Алакай чунин як мулоқотро раисиҷумҳури Ирон, ҷаноби оқои Ҳасани Рӯҳонӣ дар чаҳорчубаи сафари расмӣ бо ҳамтои хеш дар Тоҷикистон, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон анҷом дод.
Баъд аз анҷоми нишасти СҲШ сафари давлатии Чин Си Чин Пин, раиси давлати Чин доир мегардад. Ҷаноби Ҷин пин ҳам дар чорчӯби ин сафар дар расмиёти хатми сохтмони Маркази гармидиҳии Душанбе ва маросими оғози сохтмони хатти чоруми лӯлаи гази “Осиёи Марказӣ –Чин” дар рустои Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ иштирок мекунад, масрафи сохтмони ин лӯларо бо дарозии 400 км тақрибан 3 миллиард доллар мегуянд.
Имрӯз, 11-уми сентябр нишасти сарони кишварҳои форсизабон: Тоҷикистону Ирону Афғонистон ҳам дар назар аст.
Аммо дар мавриди баргузор шудани мулоқоте миёни Э.Раҳмон ва И.Каримов чизе гуфта намешавад. Ба ҳар ҳол, ин нахустин сафари И.Каримов ба Тоҷикистон баъд аз 6 соли охир аст.
Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 8 сентябр зимни тавзеҳи ширкати меҳмонон дар нишасти Душанбе ишора ба ҳузури 10 президент карда гуфтааст: Имсол пойтахти Тоҷикистон ба маркази геополитикии ҷаҳон мубаддал мегардад.
Яке аз масъалаҳои дигари калидии баҳс миёни сарони кишварҳои узви СҲШ ин пушти дарҳои баста баҳс шудани қазияи Укроин аст. Ба ҳар ҳол, тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин Белорусу Молдова ҳам аз идомаи музокироти сулҳ ба хотири ҳалли бӯҳрони Укроин пушутибонӣ мекунанд.
СҲШ маҳдудаи 30 миллион км/мураббаъ ё 60%-и қаламрави АвруОсиёро дар бар мегирад, ки дар ин маҳдуда 1 миллиарду 455 миллион нафар ё тақрибан 4/1 аҳолии дунё ба сар мебаранд. Агар ҳамаи кишварҳои мақоми нозир дошта, узви комили он қарор бигиранд, аҳолии маҳдудаи СҲШ аз 3 миллиард нафар боло меравад.
Агарчи Душанбе раёсати хешро дар СҲШ имсол анҷом медиҳад, вале сифати чунин як раҳбариро дар чунин як созмони бузург танҳо вақт бозгу хоҳад кард.
Categories
ҶОМЕА