Раёсати Форуми Байналмиллалии Вакилони Исломӣ дар нишасти худ рӯзҳои 5-6-уми феврал дар шаҳри Истанбул вазъи Тунис ва Мисрро баррасӣ хоҳанд кард. Муҳиддин Кабирӣ- Раиси ҲНИТ , ки соли 2007 узви Раёсати ин созмони байналмилалӣ интихоб шуда буд, дар нишаст иштирок хоҳад кард. Форум бештар аз 500 вакилони исломиро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон муттаҳид месозад ва қароргоҳи доимиаш дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия мебошад. Дар нишаст инчунин вақт ва ҷойи баргузории конфронси навбатии Форум мушаххас хоҳад гашт. Эҳтимол меравад, ки ширкаткунандагон бо баёнияе мавқеъи худро нисбати ҳодисаҳои ахир дар кишварҳои гуногун изҳор намоянд.
Қобили зикр аст, ки ҳаводиси рӯзҳои охир дар кишварҳои арабӣ ҷаҳони исломро низ бетараф монда наметавонад. Аз онҷое, ки дар аксари кишварҳои шарқӣ ва махсусан ҷаҳони севвум навъ ва сохти ҳукумат шабеҳи ҳам аст, ин ҳаводис метавонад ба таври мустақим ва ё ғайри мустақим дар кишварҳои минтақа таъсири худро бирасонад. Ҳатто дар кишварҳои Аврупои шарқӣ ҳам таъсири ин ҳаводис мушоҳида мешавад. Махсусан дар кишварҳое чун Босния ва Сербия, аллакай мардум ба хиёбонҳо рехтаанд. Барои рӯзи 12-ум аст, ки мардуми Миср дар хиёбонҳои ин кишвар ҳастанд ва талаб доранд, ки президент Муборак аз қудрат биравад.