Categories СИЁСАТ

Нозир: Шармам омад аз қонуншиканиҳо дар интихоботи Восеъ

Мижгона Ҳалимова

nahzat.tj


Дирӯз, 5 майи 2013, интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Восеъ-39, ки бо номзадии 3 нафар барои курсии парлумон ва бидуни номзадии Раҷаби Мирзо ба охир расид ва номзади Ҳизби кишоварзӣ ҳамчун ғолиб расман эълон карда шуд.

Раҷаби Мирзо пас аз соати 15:15 дақиқаи дирӯз, 5 майи 2013, нозирони худро аз қитъаҳои интихоботӣ фаро хонд. Сабаби ин тасмим вуҷуд доштани тақаллубкорӣ ва қонуншиканиҳои фаровон дар ҳама қитъаҳо (участкаҳо) будааст. Яъне ҳукумат боз аз имтиҳон нагузашт.

Банда ҳамчун нозир аз тарафи Раҷаби Мирзо дар қитъаи 41-и мактаби рақами 2-и ҳавзаи интихоботии ноҳияи Темурмалик иштирок доштам, дар он ҷо чунон тақаллубкорӣ ва қонуншиканиҳо ба назар мерасид, ки аз гуфтанаш шарм медорам. Наход мардуми мо то ҳамин дараҷа фурӯхташуда бошанд-а!

Ростӣ аз баргузории чунин интихобот, яъне дар рафти интихобот чунон асабонӣ шудам, бо тамоми ҳамон нафароне, ки худро масъул ба ин кору он кор мегуфтанд, ҷанг кардам. Ҷанг карданам барои он буд, ки дар пеши чашмам корро мекарданду қасам бо номи Худо мехӯрданд, ки коре накардаанд.

Хуллас, соати 06:02 дақиқа дар қитъаи мазкур шудам, дар он ҷо танҳо ҳайати комиссия ҳузур доштанду, раиси комиссия ва 1 нафар аз Хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ ва 2 нафаре, ки қаблан онҳоро барои гузаронидани интихобот гӯё омодаашон карда бошанд ва чунон моҳирона қонуншиканӣ мекарданд….

Аммо касе аз нозирони дигар номзадҳо то соати мазкур наомад. Пас суоле пеш меояд, ки чаро ягон нафар аз нозирони дигар номзадҳо ширкат наварзид, шояд чизеро медонистанд?

Аввалин нафароне, ки барои овоздиҳӣ омада буданд, ду мард буданд ва дар назди қуттии баргаи овоздиҳӣ як писаре менишаст, ки 22 сол дошт. Дар ҳамин вақт як муйсафед омаду ду дона варақаи райъдиҳиро партофт. Чун ман ин ҳолатро дидам ва гуфтам, ки барои чӣ ду дона? Дар назди қуттӣ он ҷавони нишаста гуфт, ки ҳа 2 дона партофт. Баъдан эътироз кардам, ки ин нафар аз ин ҷо хезад ҷояш ин ҷо нест. Кош он ҷавон намехесту намерафт, чунки дидагиҳояшро дар асл тасдиқ кард, ки ҳа ду дона партофт. Пас аз ин нафари дигар, ки худро Ғайбулло Толибов, ба ҳайси котиб муаррифӣ кард, он ҷо нишаст. Нишасту-кош наменишаст, зеро аз аввали интихобот то вақти рафтанам аз ин қитъа бо ӯ ҷанг кардаам, барои корҳои “ШАФФОФАШ”!

Дар назди чашмам 2-3 қоғазро қад карда, ба даруни қуттӣ якто гуфта мепартояд, вақте гуфтам чаро чунин мекунед? Гуфт, ту чоя бисёр хурдай дар назарат ҳарчи метова. Чихел чой? Ва чихел назар?

Ҳамаи ин варақаҳоро ба онҳо ҳайати комиссия медод, ин ҷо мардум гуноҳ надоранд. Ҳар вақте ин корҳояшонро медидам, аз раиси қитъа хоҳиш мекардам, ки ба онҳо фаҳмонад, ки ин амалашон ғайриқонунист. Раис ба онҳо мефаҳмонд, вале онҳо корашонро давом медоданд.

Ҳамин Толибов, ки худро котиб мегуфт, аз аввал то вақти он ҷо будаам қариби 20 ё 30 нафарро аз дасташон чанд варақаҳоро мегирифту як то гуфта мепартофт. Чун ман ба масофаи 6-7 метр аз қуттӣ дур будам, ҳар вақте медидам, ки 2-3 варақаро Толибов якҷо мекунад, дарҳол давида мерафтам ва то ин масофае, ки ман мерафтам зуд-зуд варақаҳоро вориди қуттӣ мепартофт.

Агар онҳо бо ин корашон хоҳанд моро фиреб кунанд, вале фаҳманд, ки натавонистанд. Хонандаи азиз худат тасаввур кун, ки вақте як варақро мепартоӣ чигуна шамолхӯрда ба замин меафтад ва вақте 4-5 варақро якҷо карда мепартоӣ ба таври вазнин ба қуттӣ меафтад?

Дар рафти интихобот аз аввал то охир танҳо қонуншиканиҳо буду халос.

Аммо ҳис мешуд, ки мардуми зиёд барои вакил шудани Раҷаби Мирзо розӣ буданд. Дар вақти пурсиш он нафароне, ки каме дар бораи сиёсат маълумот доштанд, мегуфтанд, ки аз суҳбатҳое, ки Раҷаби Мирзо бо мардум гузаронидааст писанди ҳамагон аст.

“Ман ба Раҷаби Мирзо барои навиштаҳои ҳақиқатҷӯяш овоз додам”-гуфт яке аз омузгорони мактаби мазкур.

Ҳар нафаре, ки ба қитъа меомад ба ӯ мегуфтанд, ки “ДУ НАФАРША ХАТ ЗАНУ ЯКТАША МОН” гӯё бори аввал аст, ки мардум дар интихобот ширкат меварзида бошанд.

Хулас то соати 15:15 овозҳо наздикӣ 50 фисад буданд, вале вақте мо онҷоро тарк кардем, баъди якчанд соат ба мо занг заданд, ки аллайкай овозҳо 81 фисад шудаанд. Шояд мардум интизор буданд, ки кай мо мебароему онҳо овоз диҳанд!

Давом дорад…

More From Author

You May Also Like