вакилони Маҷлиси намояндагони МО ҶТ дар шаҳри Душанбе бо дархости нозирони
Иттиҳоди узви кишварҳои муштаракулманофеъ дар қароргоҳи марказии ҳизб мулоқоте
баргузор намуданд, ки аксари нозирони давлатҳои муштаракулманофеъ, ки ҳудудан
20 нафарро ташкил мекарданд, сурат гирифт.
Аз ҷумла, дар ин вохурӣ нозирон аз кишварҳои Молдова,
Озарбойҷон, Қазоқистон, Белорусия, Русия ва соири давлатҳои муштаракулманофеъ
ҳузур доштанд.
Таваҷҷуҳи онҳо бештар рӯи он сурат гирифт, ки ҲНИТ дар
интихоботи феълӣ бо чӣ гуна имконот ва барнома вориди интихобот шудааст.
Роҳбарияти ҳизб гузориши муфассалеро аз раванди омодагӣ ба интихобот, ширкат
дар интихобот ва таблиғот ироа намуданд. Инчунин ба
саволҳои нозирон раиси ҳизб М. Кабирӣ ва масъулини ситод чавоб доданд. Нозирон
дар охир иброз доштанд, ки барои мо ворид шудан ба ситоди интихоботии ҲНИТ,
хеле ҷолиб буд. Зеро, мо тавонистем аз воқеъияти як гуна интихоботи тоҷикӣ,
огоҳӣ пайдо кунем. Ба нозирон аз
чониби ситоди интихоботии ҲНИТ маҷаллаи махсуси
тахияшуда дар бораи фаъолияти ситод такдим гардид.