Матне ки дар поин бояд зикр гардад, номаи Муҳаммад Балтоҷӣ аз раҳбарони “Ихвонулмуслимин” хитоб ба духтари 18-солааш аст. Муҳаммад Балтоҷӣ беш аз як моҳ ба ҳамроҳи ҳазорон тани дигар дар майдони Робиаи Адавия дар эътироз ба кудатои низомӣ ва барканории Муҳаммад Мурсӣ тазоҳуроти бардавом карда буд.
Вай дар ин майдон аз раҳбарони аслии эътисобкунандагон буд, то ин ки чоршанбеи хунин фаро расиду нерӯҳои артишу амнияти Миср бо пӯшидани либоси оддӣ мисли шаҳрвандон аз замину ҳаво тазоҳуркунандагонро ба хоку хун кашониданд ва чандин ҳазор нафарро куштанду ҳазорон тани дигар захмӣ шуданд. Ин фоҷеа ба ҳадде шадид буд, ки бархе онро дар таърихи Миср бесобиқа донистаанд.
Асмоа духтари Муҳаммад Балтоҷӣ низ зуҳри он рӯз дар майдони Робиаи Адавия пас аз расидани тир бар бадани муборакааш шаҳид шуду падари муборизаш натавонист дар кафану дафни духтари муборизаш мушорикат кунад.
Бо ин тартиб Муҳаммад Балтоҷӣ пас аз ин ҳодисаи нохуш гуфтааст, ки дидори мо бо ҷигарбандам дар қиёмат хоҳад буд.
Дилнавиштаи Балтоҷӣ бисёреро зери таъсир қарор дод, ба сурате ки вақте Урдуғон, нахуствазири Туркия дар барномае зинда, дар яке аз шабакаҳои моҳвораии Туркия ба ин дилнавиштаи гуш дод, ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуду гиря кард.
Матни дилнавишати Балтоҷӣ хитоб ба духтараш
“Асмоа, духтари дилбандам ва сарвари гаронқадрам, бо ту видоъ намекунам, чун ба зудӣ рӯзи васл фаро мерасаду ҳамдигарро мулоқот хоҳем кард. Сарбаланду сарфароз зистӣ, бо бузургону хушахлоқон будӣ. Мухолифи тамоми маҳдудиятҳову қайдҳо ва бандҳо будиву дилдодаи озодӣ ва озодагии бидуни марзро орзу мекардӣ.
Дар хомӯшӣ ва сукут ҷӯёи каронаҳои нав барои ҳаёти дубораи уммат будӣ, то аз нав барангехта шавад ва бар ҷойгоҳи мутамаддинонаи худ такия занад. Худро даргири чизҳое накардӣ, ки ҳамсинну солонат ба онҳо машғуланд ва бо вуҷуде ки дар таҳсилот ҳамеша саромаду нафари аввал будӣ, аммо ин таҳсилоти суннатӣ ҳеҷ вақт ташнагии хостаҳоятро сероб накард.
Аз ҳамнишинӣ бо ту дар ин умри кӯтоҳат сер нагаштам ва коми вофир нагирифтам, шуғли бисёри корӣ иҷоза надод аз ҳамнишинӣ ва суҳбат бо ту баҳра бибарам.
Дар вопасин дидорамон дар майдони Робиаи Адавия гилламандона гуфтӣ: “Падарҷон, ҳатто вақте ки бо мо ҳам ҳастӣ, фикрат бо мо нест”. Ба ту гуфтам: “Азизам, ингор ин дунё зарфияту гунҷоиши онро надорад, ки аз ҳамнишинии ҳам комёб шавем, аз Аллоҳи пок масъалат дорам, то моро ба суҳбати якдигар дар Фирдавси аъло шодмон гардонад ва аз ҳамнишинии ҳам ком бигирему лаззат бибарем”.
Ду рӯз пеш аз шаҳодатат дар хоб дидам, ки либоси арусӣ бар тан карда ва дар бошукуҳтарин зебоии бемонанд дар ин дунё зоҳир гаштаӣ, он гоҳ дар канорам орамидӣ, ба оромӣ аз ту пурсидам: “Духтаракам, магар имшаб арусият аст, ки дар посух гуфтӣ, арусиям дар зуҳр аст, на шаб”. Вақте хабар шаҳодатат дар зуҳри чоршанберо дарёфт кардам, дарёфтам ончиро дар хоб гуфтӣ ва аз ин ки Худованди маннон шаҳодати туро пазируфтаааст, шодмон гаштам.
Ҳамзамон духтари ширинам, ту яқинамро бештар кардӣ, ки мо бар ҳақ ва душманамон бар ботил аст. Аз ин ки натавонистам дар вопасин вақти видоъ дар канорат бошам, то дидагонам бо нагиристан ба чеҳраат рӯшан гардад ва бар пешоният буса кунаму ифтихор пешнамозӣ бар пайкари покат насибам гардад, бисёр андуҳгин ва нороҳат шудам.
Дилбандам, ба Аллоҳ савганд, ки тарс аз маргу тарс аз ҳабс монеъи ҳузурам нашуд, балки танҳо чизе ки маро аз ширкат дар маросими дафни ту боздошт, рағбатам ба идомаи роҳу рисолате аст, ки ҷони азизатро ба хотири он фидо кардӣ, яъне роҳи “тадовуми инқилоб то расидан ба аҳдофи он ва ба пирӯзӣ”.
Рӯҳат сарфарозона ва хурсандона дар ҳоле ба малакути аъло баркашид, ки далерона алайҳи тоғутиёни ҷинояткор истод. Тирҳои ҳуқду найранги ноҷавонмардона синаатро шикофт. Чи ҳимматбаланду рӯҳи поке доштӣ, яқин дорам, ки Худои хешро бовар кардӣ ва Худованд ҳам туро бовар кард ва туро аз миёни мо ба ифтихори шаҳодат ноил гардонид ва баргузид.
Духтари азизам ва сурури гаронқадрам, сухани охирин ин ки бо ту худоҳофизӣ намекунам, балки мегӯям, “ба умеди дидор”. Дидоре наздик дар канори Ҳавзи Кавсар дар ҳамроҳии Паёмбари азиз (с) ва ёронаш. Дидоре наздик дар ҷойгоҳе ростин назди фармонравои тавоно, дидоре ки дар он орзуи мо таҳаққуқ ёбад ва битавонем аз суҳбат ҳам ва азизонамон комёб шавему пас аз он фироқе ва ҷудоие пайдо нагардад.”
Манбаъ: Сомонаи Наҳзат