Президенти Бразилиё хунхории режими таҷовузгари Исроилро чанде қабл ба шиддат маҳкум кард, вале боз ҳам қалби модарӣ ӯро маҷбур сохт, ки дар баробари бераҳмиҳои яҳудиҳои фашистмаоб, ки бо хуни тифлони Ғазза замин лолагун месозанд, гиря намояд.
Исфандиёри Назар ин драмаи оғуштаи хун ва гиряи мақоми аршад дар низоми давлатдории Бразилияро ба мушоҳида гирифта, ҳамчун як зиёии сиёсӣ ба рамзи эътироз дар муқобили хамӯшии сарварони кишварҳои мусалмонӣ чунин мегӯяд:
Атфоли Ғаззаро
Заҳҳок мекушад.
Заҳҳоки саҳюнист,
Дилмо,
Барои Ғазза фақат чашми ту гирист.
Дар сарзамини ман,
Як қатра ашк аз нигаҳи раҳбаре нарехт,
Дар сарзамини ман,
Бар ашки мазлумони Худо ханда мекунанд…
Ҳатто чанорро,
Аз реша мекананд,
То шохашон таронаи паррандае мабод.
Дар сарзамини ман,
Ҳатто ниёишу дуо манъ аст,
Ҳатто… парастиши Худо манъ аст.
Ҳатто агар тамоми парандаҳо миранд,
Ҳатто агар тамоми чашмаҳо хушканд,
Дар сарзамини ман,
Арзи тасаллият нахоҳад буд.
Қурбони ашки дидаат, Дилмо!
Ёрат Худой бод!
Ашки ту ояти утуфат буд,
Ашки ту ашки ҳазрати Ҳавво,
Бал ашки офаридгори Ҳавво буд.
Исфандиёри Назар
Categories
ТАҲЛИЛ