Сомонаи «Мусульмане России» хабар медиҳад, ки имсол шумораи ҳоҷиҳо аз Русия ба 20500 нафар баробар будааст.
Ҳарчанд ҷониби Русия аз вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ талаб кардааст, ки квота ё ҳиссаи мусалмонони Русияро барои ҳаҷ зиёд кунанд, онҳо сабаб пеш оварданд, ки дар шаҳрҳои муқаддаси Маккаву Мадина сохтумон ва таъмир дар як вақт рафат истодааст, бинобарин шумораи ҳоҷиҳои русро наметавонанд зиёд кунанд.
Тахмин 12 ҳазори ҳоҷиҳо тавассути тайёра рост ба Саъудӣ парвоз мекунанд ва боқӣ то шаҳри Урдун Акаба бо ҳавопаймо ва аз он ҷо бо автобус ба ҳаҷ мераванд.
Ёдовар мешавем, ки шумораи мусалмонони Русия тахмин 20 миллион буда, квота мувофиқи шумораи мусалмонон аст.