Абдусамади Раҳмон
nahzat.tj
Саймиддин Дӯстов, роҳбари Созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ”, эълони “100 рӯз барои озодии Тоҷнет”-ро изҳор кард.
Номбурда дар робита ба маҳдуд шудани TojNews ба “nahzat.tj” гуфт: “Раёсати Созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ” бо камоли таассуф изҳор медорад, ки шурӯъ аз 8-уми сентябр бо супориши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дастрасӣ ба пойгоҳи интернетии Оҷонсии иттилоотии TojNews маҳдуд гардид. Бинобар иттилои ба мо расида, ин супориш, аввал, аз тариқи паёмак ва сипас, бо мактуби расмии роҳбари Хадамоти алоқа ва тадриҷан ба ширкатҳои дастраскунандаи Интернет ва алоқаи мобилӣ расонида шудааст.”
Манбаъ меафзояд: “Мутаассифона, Интернет-провайдерҳо ва ширкатҳои алоқаи мобилӣ бар хилофи талаботи қонунгузории ҷории миллию байналмилалӣ ва инчунин фарҳанги муомилоти корӣ, ки хоси ширкатҳои баобрӯ ва оммавӣ мебошад, аз ин амали ғайриқонунӣ дастгирӣ намуда, домени “tojnews.org”-ро бастанд. Талошҳои даҳрӯзаи мо барои дастрас кардани шарҳи расмии ин амал натиҷа надоданд.»
Масъулин ин созмони ҷамъиятӣ иқдоми мазкурро хилофи талаботи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои соҳавӣ дониста, онро поймол намудани ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон барои дастрасӣ ба иттилооти мустақил, озодии баён ва гуногунандешӣ, эҷоди монеа барои амалӣ намудани фаъолиятҳои касбии журналистӣ ва дар кул хатар ба амнияти иттилоотии кишвар арзёбӣ менамоянд.
Дар ҳоле ки, масъулини ин созмон изҳор медоранд: «Ба эътирофи умум, TojNews дар фаъолиятҳои худ меъёрҳои мустақиллият аз ҳукумат, аҳзобу шахсиятҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои моливу саноатӣ, рекломдиҳандагони бузург ва донорҳои хориҷиву байналмилалиро риоя намуда, дар Тоҷнет ё бахши тоҷикии Интернет бо расонаҳои қавии хориҷӣ ва ғайримиллӣ рақобат мекунад, мо ин амали ҳадафмандонаро кӯшиши тела додани расонаҳои мо ба оғӯши мухолифони ҳукумати феълӣ дар арафаи интихоботи президенти Тоҷикистон медонем.»
Ҳамчунин, ҷаноби Дӯстов таъкид мекунад: «Мо мутмаинем, ки чизе болотар аз волоияти қонун буда наметавонад. Мо интизор дорем, ки роҳбарияти Хадомати алоқа, интернет-провайдерҳо ва ширкатҳои мобилӣ ин амали бешарафонаашонро барои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон расман шарҳ хоҳанд дод. Ҳамчунин, мо изҳор медорем, ки ба дастгирии маънавӣ ва ҳуқуқии ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ниёз дорем.”