Categories Uncategorized

Нос таҳоратро мешиканад?

Зиёда аз 1 000 ҷавоби Академияи ҲНИТ

Donishju

489) Суол: Салом Бародарони гиромӣ!

Мехоҳам пурсам:

1. Мегӯянд, ки нос таҳоратро намешиканад. Таҳорат дошта бошӣ, агар носкашидӣ фақат даҳонатро об гардону намоз хон, оё ин дуруст аст?

2. Иқоматро пурра карда фаҳмонед, илтимос, чӣ хел ва кай хондан лозим,? Бисёр кофтам, вале нофаҳмо барои ман буд.

3. Агар сояи одам (аз фонарик ё лампочка) дар намоз дар болои ҷойнамоз биёяд, оё дуруст аст намоз гузоштан?

Барои саволҳо пурраву фаҳмо пешакӣ сипосгӯзорам, дар паноҳи Худованд бошед!

Академияи исломии ҲНИТ
Ҷавоб: Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ!

Вобаста ба шикастани таҳорат бо истифодаи нос, сомонаи Маркази фатвои Қатар оварда аст, ки бо истеъмоли танбоку (нос) таҳорат ботил намешавад, магар вақте, ки ақлро бипӯшонад (яъне маст кунад). Рақами фатво:125965, www.islamweb.net

Ҷавоби дуввум: Гуфтани иқомат барои мардон, дар намозҳои панҷгона (яъне намозҳои фарзӣ) хоҳ дар вақт адо карда шаванд ва ё қазоӣ хонда шаванд, дар сафар бошад ва ё дар ҳазар, бо ҷамоат хонда шаванд ва ё ба танҳоӣ, суннат аст.

Иқомат дар мазҳаби аҳноф ба монанди азон аст, яъне калимаҳое, ки дар азон гуфта мешавад, айнан дар иқомат гуфта мешавад ва баъд аз ҳайя ъалал-фалаҳ, ду маротиба, қад қомат-с-салоту изофа карда мешавад. Ниг: Ал-фиқҳу-л-ҳанафӣ фи савбиҳи-л-ҷадид,1/194

Зиёда аз 1 000 ҷавоби Академияи ҲНИТ

More From Author

You May Also Like