Categories Uncategorized

Баргузории ҳамоиши байналмилалии закот дар Индонезия

Дар як нишасти 5 рӯза донишмандон аз кишварҳои Малайзия, Қатар, Кувайт, Туркия, Англя, Баҳрайн, Урдун, Судон ва Арабистони Саудӣ ба баррасии масъалаи закот ва таъсири он дар коҳиши камбизоатӣ дар ҷавомеи исломӣ мепардозанд. Инчунин дар ин нишаст қарор аст барномае барои решакан кардани фақр таҳия шавад ва пеши роҳи ҳадар рафтани сармояҳои мусалмонон махсусан закот гирифта шавад.
Қобили зикр аст, ки чанде пеш дар як таҳқиқоти илмӣ донишмандон таъкид карда буданд, ки агар закоти мусулмонон дуруст ва бо барнома дар ҷаҳони ислом пардохт ва масраф шавад дар муддати 25 сол фақр аз кишварҳои исломӣ аз байн бурда мешавад.

More From Author

You May Also Like