Categories Uncategorized

Б. Ёров: 14 рӯзи талош барои мулоқоти Ш. Карамхудоев натиҷае надод

nahzat.tj

Шерик Карамхудоев, раиси бахши шаҳрии ҲНИТ дар Хоруғ аз тарафи Прокуратураи генералӣ муттаҳам дониста шуда, айни замон дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) нигоҳ дошта мешавад.

Ба гуфтаи як пойгоҳи хабарии дохилӣ, вакили Шерик Карамхудоев, раиси бахши шаҳрии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хоруғ, дар суҳбати хабарӣ иброз доштааст, ки тӯли 14 рӯз аст, ки талош дорад, то зерҳимояаашро бубинад, вале то имрӯз дар талошҳои худ муваффақ нагардидааст.

Ҷаноби Ёров баён медорад, ки эҳтимол зерҳимояаш мавриди шиканҷа ва зарбу лат қарор гирифта, аз ин сабаб мақомот ба онҳо имкон ва шароит намедиҳанд, ки вохӯрӣ ва ё мулоқот сурат гирад.

Ҳамзамон ӯ иброз медорад: “Мо расман бо ирсоли як нома ба Баҳриддин Бозоров, ҷонишини сардори Раёсати тафтишоти парвандаҳои махсусан вазнини Прокуратураи генералӣ оид ба парвандаи Шерик Карамхудоев дар Прокуратураи генералӣ ва 2 номаи расмӣ ба гурӯҳи муфаттишон муроҷиат кардем, то иҷозат диҳанд, ё мусоидат кунанд, ки зерҳимояаамонро бубинем. Вале ин имконият, ки тибқи қонун бояд ба мо иҷозаи дидор бо зерҳимоя дода шавад, то ҳанӯз надорем.”

Вай афзуд, ки роҳбари боздоштгоҳи КДАМ ба ҳар баҳона монеъи дидори ӯ бо зерҳимояаш шуданд.

Ӯ мегӯяд: “Тамоми имкониятҳои ҳуқуқӣ барои дидори зерҳимояамонро истифода мекунем ва аз қонунҳои байналмилалӣ низ истифода хоҳем бурд.”

Лозим ба ёдоварист, ки Шерик Карамхудоев дар пайи амалиётҳои ахири Хоруғ ғайб зада буд. Ҳамзамон пас аз чанд рӯзи ғайб задани мазкур, ҲНИТ баён дошт, ки Шерик Карамхудоев ба Душанбе интиқол дода шудааст.

Дар баробари ин, Созмони амрикоии “Хонаи озод” “Freedom House”, аз таъқиб ва таҳти фишор қарор гирифтани аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз ҷумла Шерик Карамхудоев изҳори нигаронӣ карда буд.

Ғайр аз ин бояд гуфт, ки тайи чанд соли ахир шикоят аз зарбу шиканҷаи мақомоти низомӣ нисбати боздоштшудагон бештар гардидааст.

More From Author

You May Also Like