Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, таҳлилгари масоили сиёсӣ
Бале, рӯзи нуқта гузоштан ба баҳси тӯлонии базаи ҳарбӣ чандон дур ҳам нест. Агар дар мавриди аксари ҷанбаҳои масъала мувофиқа ҳосил шавад, аввалҳои моҳи октябр президенти Русия маҳз ба ҳамин хотир ба Душанбе меояд. Эҳтимоли сурат гирифтани чунин як ташрифи Путин ба Душанбе ҳанӯз моҳи май дар суҳбат миёни Раҳмон ва Путин дар Маскав матраҳ шуда буд.
Интихоби марҳалаи ташрифи ҷаноби Путин ҳам аз нигоҳи дипломатӣ хеле хуб фикр карда шудааст. Таври маълум, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 октябр шастсола мешавад ва табрики президенти кишвари қудратманд ва шарики стротежиро дар ин рӯз мустақим дарёфт кардан барои сарвари Тоҷикистон ифтихор ҳам ҳаст, бахусус барои доираҳои манфиъатхоҳи кишвар, ки баъдан, дар ин маврид ҳарфҳои болохонадоре битарошанд. Эҳтимол аз тариқи ТВТ қадаҳбардориҳо ба хотири шастсолагии ҷаноби Раҳмонро такрор ба такрор ба намоиш бигузоранд, агар ҳалли масъала тибқи хостаҳои ду ҷониб сурат бигирад.
Оре, Русия қасд дорад, тамдиди тӯлонии давраи ҳузури пойгоҳи хешро дар Тоҷикистон ба даст биёрад, ҳадди ақал то 30 сол. Ва таври маълум, баҳси ин масъала миёни ҳайатҳои ду ҷониб дар Душанбе ду рӯз идома кард. Ҳайати русиро муъовини аввали вазири дифоъ Анатолий Антонов, нафари аввали низомии музокиротии Русия роҳбарӣ кард, ки моҳе қабл баъди анҷоми дидору мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон, бахусус бо Эмомалӣ Раҳмон эълон дошт, масъалаи мӯҳлат ва пардохти маблағ барои ҳузури пойгоҳи низомӣ зимни мулоқот дар миён набуд. Вале мулоқоти августии хешро созанда ва муваффақ арзёбӣ кард.
Ҳайрату таваҷҷӯҳи доираҳои таҳлилӣ ва коршиносии кишвар ба чизи дигар равона аст, ки чаро ҳайати музокиротии ҷониби Тоҷикистонро вазири адлия Менглиев раҳбарӣ кард. Дар мо ин гуна таҷрибаро касе ёд надорад, зеро ҳайатҳои музокиротии Тоҷикистонро намояндаи Вазорати хориҷии кишвар сарварӣ мекард. Ба ҳар ҳол, дар ҳайати музокиротии ҷониби Тоҷикистон намояндагони вазорати дифоъ, хориҷа, КДАМ ва Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ ҳам шомил буданд. Ҳузур надоштани ҷаноби Хайруллоев, вазири дифоъ саволҳоеро дар худ дошт, ки чаро дар чунин марҳалаи ҳассос ӯро канор бурдаанд? Ҳузур надоштани вазирро ба «сафари тулонӣ»-аш ба Хоруғ, сафаре ки рӯзи 24.07.12 оғоз ёфта, анҷомашро касе гуфта наметавонад, рабт додаанд.
Бисёре аз таҳлилгарон ба ин боваранд, ки ҷониби Тоҷикистон ва Русия тамоми ҷанбаъҳои масъалаи будубоши пойгоҳи низомиро тӯли чанд давраи сӯҳбату мулоқотҳо баҳс карда, ба мувофиқа расидаанд ва масъулияти ҷаноби Менглиев танҳо «таҳрири ҳуқуқӣ»-и санад мебошад, агарчи аз изҳороти ҷониби Тоҷикистон ва Русия дар мавриди музокироти анҷомёфта ҳарфи эътимодбахше шунида нашуд. Ҳатто генерал Антонов дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар моҳи август бо мулоҳиза ҳарф зада гуфтааст, «мехостем барои расидан ба рӯзи имзои созишномае наздик шавем, ки он ба манфиъати Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ бошад». Аҷиб ин буд, ки конфронси матбуъотии генерал дар сафорати Русия доир гардид. Дар ҳоле ки тамоми масъулини хориҷӣ баъди мулоқот бо ҷаноби Раҳмон конфронси матбуъотии хешро ҳатман дар долонҳои Ҳукумати ҶТ доир менамоянд, аммо сӯҳбати Антонов дар он ҷо доир нагардид.
Қобили тазаккур аст, ки баъди чанд рӯзи бозгашти ҷаноби Антонов аз Душанбе гумагӯҳое низ пайдо шуданд, ки роҳбарияти Тоҷикистон якҷониба ҳузур доштани пойгоҳи Русияро дар Тоҷикистон қабул дорад, агарчи ин иттилоъро Душанбе тайид ё рад накард ва сафири Русия дар Точикистон ҳам дар ин маврид беиттилоъӣ зоҳир кард.
Аз сӯҳбат бо доираи коршиносон бармеояд, ки усул ва иқдоми берунрафт аз бунбаст дар ин масъала феълан бад нест, бахусус вақте соли 2016 марҳалаи муваққатии будубоши пойгоҳи низомии Русия аз ҷониби роҳбарияти Тоҷикистон матраҳ мегардад. Дар ин давра интихоботҳои президентӣ ва парлумонӣ дар кишвар баргузор мегарданд ва дар он ҷаноби Раҳмон ки дар ғалабаи ӯ шубҳае нест, бо таваҷҷӯҳ ба воқеъиятҳои рӯз, бахусус баъди берун рафтани НАТО аз Афғонистон, дар мавриди дурнамои пойгоҳи низомии Русия метавонад тасмими ниҳоии хешро бигирад. Бубинед, моҳе қабл ҳам иддае аз соҳибмансабони тоҷик ошкоро мегуфтанд, ки будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон барои 49 сол мӯҳлати хеле калон аст ва бояд онро то 10 сол поин бурд. Дар баробари ин чунин ба назар мерасад, ки Душанбеи расмӣ феълан шак надорад, ки барои дурнамои наздик ҷаноби Раҳмон ба ҳузури нерӯҳои низомии Русия дар кишвари хеш тан медиҳад. Чун маълум аст, ки соли 1992 бо кӯмаки онҳо ба курсии раҳбарии кишвар нишаст ва имкони тӯлонӣ нигоҳ доштани қудрати сиёсӣ ҳам тавассути ҳимояи Маскав ба даст омад. Ҳамин аст, ки ҳузури ин пойгоҳ танҳо ба тӯлонӣ будани ӯ дар қудрат хидмат кардааст, на беш аз ин. Аммо сиёсатҳои чандсамта барои Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорон ва шарикони нави стротегиро пайдо кард, ки онҳо чандон ба ҳузури нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон хуш нестанд.
Дар мавриди ҳаводиси Хоруғ ҳам сарусадоҳое ҷой доранд, ки гӯё доираҳое дар ин корҳо даст доранд ва роҳандозии ин гуна ҳодисаҳо ишораест аз ҳоким будани ҷонибе дар минтақа. Ҳатто табдили Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро бо пойгоҳи «Окно» миёни Душанбе ва Маскав дар 8 соли қабл ҳам дар ҳамин замина арзёбӣ мешавад. Ба ҳар ҳол, дар Душанбе омодагиҳо барои ташрифи Путин чандон ошкор нестанд, вале тавре дар боло ишора рафт, марҳала ва фурсати ташрифи президенти Русия дар даҳаи аввали октябр бесабаб ҳам нест. Сурат гирифтани ин гуна мулоқоти рӯ ба рӯ барои ҳар ду лидер муносиб аст: ҳам Раҳмон ва ҳам Путин дар даҳаи аввали моҳи октябр таваллуд ёфтаанд ва ҳар кадоме дар ин рӯзҳо хостаҳои хешро интизоранд. Мо таҷрибаи мулоқотҳои ҷаноби Раҳмон ва марҳум устод Нуриро хуб дар ёд дорем, ки президенти Тоҷикистон аз онҳо чӣ мехост, таҳмил кардани манофеъи хеш дар заминаи авлавият нишон додани манофеъи миллӣ. Вале устод Нурӣ ба хотири расидан ба сулҳ ва оромии саросарӣ азхудгузариҳои муъассир нишон медод ва ҳалли бисёре аз ҷузъиёти масоилро бо боварии том дар дохили кишвар медонист. Аммо раванди сулҳофаринӣ ва баҳсҳои алоҳида дар дохили кишвар нишон доданд, ки дар сиёсат аҳди ҷавонмардӣ чандон муъассир ва коршоям набудааст. Ҳоло интизори он мешавем, ки дар мулоқоти рӯ ба рӯ миёни ҷанобон Раҳмон ва Путин, ки ҳар кадоме дар зимн ҳам манофеъи шахсӣ доранд ва ҳам манофеъи миллӣ, кадоме аз худ гузаштҳои муъассир нишон медиҳанд: ҷаноби Раҳмон ба умеди пуштибонии қавӣ боқӣ мондани Русия ё Путин барои муҳим донистани 10 сол боқӣ мондани пойгоҳ аз нигоҳи стротежӣ ва поин шудан аз аспи фишор.
Манёврҳои дипломатии Душанберо аллакай раҳбарияти Вазорати дифоъи Русия эҳсос карданд ва Николай Макаров, сардори ситоди генералии Русия зимни шарҳи мавзӯъ гуфтааст «раванди музокирот дар мавриди пойгоҳи низомӣ хеле ба мушкил пеш меравад, аммо умед аст, ки ақли солим ғалаба мекунад». Он чизеро, ки ҷонибҳо аз ҳамдигар талаб мекунанд ва чӣ гуна мавқеъи хешро тағйир медиҳанд, аз гуфтаҳои фармондеҳи нерӯҳои хушкигард генерал Чиркин баҳо додан мумкин аст. «Ҷониби Тоҷикистон аллакай беш аз 20 пешниҳодеро ироъа доштааст, ки аксари онҳо қобили қабул нестанд», гуфтааст генерал. Барои мисол, 49 соли шартиро ҳайати тоҷикистонӣ ба 10, 20 ва 29 сол тағйир дода, зимни ин гуна тағйирот талабҳои дигареро низ пеш гузоштаанд, аз ҷумла таслими ройгони техника ва силоҳу муҳимоти низомии русӣ. Ахиран, хабаре низ паҳн гардид, ки Тоҷикистон бар ивази кафолати муҳофизати ҳарбӣ пойгоҳро ҳамчун иҷора ба Русия тӯҳфа мекунад. Яъне розист, ки иҷораи пойгоҳро дар заминаи ваъдаҳои устувори Кремл ҷиҳати ҷонибдорӣ дар интихоботи соли 2013 аз Эмомалӣ Раҳмон тамдид намояд, инчунин дар ин маврид ишорае низ будааст аз ҳаводиси Хоруғ. Манбаъи наздик ба ҷонибҳои музокиротӣ ба «Рейтер» гуфтааст, ки имзои созишнома дар мавриди иҷораи пойгоҳи низомӣ барои имзо дар аввали моҳи октябр омода мешавад ва Душанбе ташрифи Путинро дар ҳамин марҳала интизор аст. «Матни лоиҳа омода аст ва барои 20-29 сол имзо мешавад», гуфтааст манбаъ дар Ҳукумати Тоҷикистон ва «ягон масъалаи молӣ матраҳ нест, яъне ҳеҷ ҷониб маблағеро аз дигар ҷониб намегирад». Ҷониби Русия дар ин маврид аз додани шарҳ сарпечӣ кардаанд. Фақат манбаъи наздике ба ҳайати музокиротии Русия гуфтааст, ки Маскав, ки дар замони хунрезиҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз Раҳмон ҷонибдорӣ кард, ҳоло ҳам омодааст, иттифоқчии хешро кӯмак расонад ва «ҳарф сари будубоши 29-солаи ройгони нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон аст». Ба гуфти вай, барои гузашт кардани Душанбеи расмӣ дар талабҳои хеш ҳаводиси Хоруғ таъсир доштааст. Вақте ҷаноби Раҳмон дар интихоботи президентии соли 2013 ширкат кардан мехоҳад, «ҳаводиси ахирро ба инобат гирифта, ҳузури пойгоҳ ҳамчун фактори муҳофизатӣ хеле муҳим аст», гуфтааст ҳамин манбаъ ва илова карда, ки «исломиҳоро мебинанд, ки ба қудрат мерасанд ва ҳамаи ин эҳтимолиятҳо бо рафтани амрикоиҳо аз Афғонистон баъди 2 сол печидатар мешаванд».
Чунин ба назар мерасад, ки Путин ё зимни сафар ба Исломобод, ки дар он ҷо мулоқоти чаҳоргонаи Зардорӣ, Карзай, Раҳмон ва Путин баргузор мегардад ё дар бозгашт дар Душанбе таваққуф мекунад. Дар ҳар сурат, ӯ бо Раҳмон мулоқот карданист. Пойгоҳи Русия сипари дигаре хоҳад буд, аз эҳтимолияти таҷовуз аз сӯйи дигар кишварҳо. Русия ҳам ташвиш аз он дорад, ки таъсири Толибон ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ метавонад ба сарҳадоти ҷанубии ИДМ наздик шаванд, ба ин хотир пойгоҳи хешро омили пешгирӣ аз ҳар гуна таҳаввулот медонад.
“Наҷот”